Китоби собиқ бонкдори асосии Тоҷикистон дарсӣ шуд

© Sputnik / Амир ИсаевШариф Рахимзода. Архивное фото
Шариф Рахимзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
Обуна шудан
Китоби “Муомилоти пулӣ ва қарз” – и Шариф Раҳимзода, собиқ раиси Бонки миллӣ, вазири рушди иқтисоду савдо ва вакили парлумони Тоҷикистон ҳамчун китоби дарсӣ тавсия дода шудааст
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Китоби дарсии Шариф Раҳимзода бо номи “Муомилоти пулӣ ва қарз” ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тақдим карда шуд, хабар додааст “Ховар”.
Школьная ярмарка в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2020
Омӯзгорони вилояти Хатлон аз камбуди китобҳои дарсӣ шикоят карданд
Ба иттилои манбаъ, дар ин китоби дарсӣ ташкили дурусти муомилоти пулӣ, муносибатҳои қарзию бонкдорӣ яке аз шартҳои асосии пешбурди иқтисодиёти бозорӣ буда, донистани масъалаҳои марбут ба пулу қарз, тартиби ташкили гардиши самараноки онҳо, шаклҳои муфиди ҳисоббаробаркунӣ ва масъалаҳои дигар баррасӣ шудаанд.
Таъкид шудааст, ки муаллиф бештар ба тартиби ҳозиразамону пешрафтаи бонкдории ҷаҳонӣ, хусусан аврупоӣ, ки асоси ташкили бонкдорӣ дар кишвари мо мебошад, такя кардааст.
Шӯрои илмию методии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон китоби “Муомилоти пулӣ ва қарз” – ро, ҳамчун дастури таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ, муаллимону аспирантон ва мутахассисони соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ тавсия шудааст.
Муаллифи китоб Шариф Раҳимзодаи 62-сола, собиқ сафири Тоҷикистон дар Аврупо, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, раиси Бонки миллӣ, вазири рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон ва вакили парлумон мебошад, ки феълан даро Академияи улум кор мекунад.
Лентаи хабарҳо
0