https://sputnik.tj/20210323/vazir-tandurusti-muovinon-AstraZeneca-em-1033053493.html
Расман: вазири тандурустӣ ва муовинони ӯ бо AstraZeneca эм шуданд
Расман: вазири тандурустӣ ва муовинони ӯ бо AstraZeneca эм шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Бемористони "Истиқлол"- и шаҳри Душанбе сар аз имрӯз маъракаи эмгузаронӣ алайҳи маризии коронавирус оғоз ёфт 23.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-23T11:16+0500
2021-03-23T11:16+0500
2021-03-23T12:47+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/17/1033053575_44:0:1000:541_1920x0_80_0_0_4631d3bba26259af81344045e29dd22e.png
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон имрӯз бо оғоз шудани маъракаи эмгузаронӣ дар Тоҷикистон, нахуст худ ваксин гирифт.Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, вазир дар Маҷмааи тандурустии "Истиқлол" бо ваксини AstraZeneca эм карда шуд.Гуфта мешавад, дар баробари Абдуллозода, ҳамчунин муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Самариддин Ализода низ эмгузаронӣ шуданд.Манбаъ меафзояд, ба ҷузъ аз вазиру муовинони ӯ, роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Виктор Олшавский, Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат, роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе дар ҳузури хабарнигорон эм карда шуданд.Ваксини AstraZeneca, дар ҳаҷми 192 000 воя аз ҷониби ташкилоти COVAX ба ҷумҳурӣ ворид гардид. Бо ваксини мазкур ҳудуди 20 дарсади аҳолиии Тоҷикистон бояд ваксин карда шаванд.Путин гуфт, кай алайҳи коронавирус эм мегирадҚаблан гуфта мешуд, ки дар марҳилаи аввал кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60-сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм эмгузаронӣ мешаванд.Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 22 март Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.Тибқи қарори мазкур ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки баъд аз анҷоми ҳар як марҳилаи баргузории иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар ҷумҳурӣ дар давоми 15 рӯз оид ба натиҷаи онҳо ба Ҳукумат маълумот пешниҳод намояд.
https://sputnik.tj/20210322/qarori-hukumat-ogozi-emguzaroni-COVID-19-1033052227.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/17/1033053575_140:0:1000:541_1920x0_80_0_0_cfa01df5c58f9b306ba2bb1f84b4cf51.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тандурустӣ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тандурустӣ
Расман: вазири тандурустӣ ва муовинони ӯ бо AstraZeneca эм шуданд
11:16 23.03.2021 (Навсозишуда: 12:47 23.03.2021) Дар Бемористони "Истиқлол"- и шаҳри Душанбе сар аз имрӯз маъракаи эмгузаронӣ алайҳи маризии коронавирус оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон имрӯз бо оғоз шудани маъракаи эмгузаронӣ дар Тоҷикистон, нахуст худ ваксин гирифт.
Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, вазир дар Маҷмааи тандурустии "Истиқлол" бо ваксини AstraZeneca эм карда шуд.
Гуфта мешавад, дар баробари Абдуллозода, ҳамчунин муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Самариддин Ализода низ эмгузаронӣ шуданд.
Манбаъ меафзояд, ба ҷузъ аз вазиру муовинони ӯ, роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Виктор Олшавский, Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат, роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе дар ҳузури хабарнигорон эм карда шуданд.
Ваксини AstraZeneca, дар ҳаҷми 192 000 воя аз ҷониби ташкилоти COVAX ба ҷумҳурӣ ворид гардид. Бо ваксини мазкур ҳудуди 20 дарсади аҳолиии Тоҷикистон бояд ваксин карда шаванд.
Қаблан гуфта мешуд, ки дар марҳилаи аввал кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60-сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм эмгузаронӣ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 22 март Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.
Тибқи қарори мазкур ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки баъд аз анҷоми ҳар як марҳилаи баргузории иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар ҷумҳурӣ дар давоми 15 рӯз оид ба натиҷаи онҳо ба Ҳукумат маълумот пешниҳод намояд.