https://sputnik.tj/20210323/Narkhi-mashrubot-spirt-uzbekiston-baland-shud-1033054467.html
Нархи машруботи спиртӣ дар Ӯзбекистон якбора баланд шуд
Нархи машруботи спиртӣ дар Ӯзбекистон якбора баланд шуд
Sputnik Тоҷикистон
Барои нахустин бор нархҳои ҳадди ақали нӯшокиҳои спиртӣ дар Ӯзбекистон 1 январи соли 2010 ҷорӣ карда шуданд 23.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-23T13:40+0500
2021-03-23T13:40+0500
2021-03-23T14:14+0500
ҳамаи хабарҳо
иҷтимоъ
осиёи марказӣ
ӯзбекистон
нарх
машруботи спирӣ
машруботи спиртӣ
баланд
гарон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/07/1032408673_0:113:3241:1936_1920x0_80_0_0_b72a998951745c40d56a9a6e56cd4cc9.jpg
ДУШАНБЕ, 23 март - Sputnik. Мақомоти Ӯзбекистон нархҳои нави ҳадди ақали яклухт ва чаканаи нӯшокиҳои спиртиро ҷорӣ кард.Ҳамин тариқ, мувофиқи қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, нархи чаканаи арақ 20,7% боло рафт.Ин тағйирот танҳо ба нархи оби ҷав таъсир нарасонид."Нархи ҳадди ақали яклухти арақ аз 20 март аз 24 ҳазор то 28,6 ҳазор сӯм, чакана аз 28,5 ҳазор то 34,4 ҳазор сӯм барои як литр афзоиш ёфт", - омадааст дар матни қарор.Ҳамин тариқ, нархи яклухти арақ аз 2,3 то 2,7 доллари ИМА зиёд шуд, ки он 19,2% -ро ташкил дод, дар бозори чакана болоравии нарх боз ҳам бештар - аз 2,7 то 3,3 $ ё 20,7% -ро ташкил медиҳад.Бори аввал дар Ӯзбекистон 1 январи соли 2010 нархҳои ҳадди аққали нӯшокиҳои спиртӣ, ба истиснои оби ҷав, ҷорӣ карда шуданд.Дар ин муддат арзиши ҳадди ақали алкогол бештар аз дуюним баробар афзоиш ёфт. Бори охир нархи машрубот дар Ӯзбекистон моҳи октябри соли 2020 баланд шуда буд.Коршинос гуфт, нӯшидани машруботи спиртӣ барои то 21-солаҳо чӣ хатар дорадНархҳои яклухт ва чаканаи шароб (коняк) низ мутаносибан 19,1% ва 17,9% афзоиш ёфтанд.Дар ҳамин ҳол, коняк аз 33 ҳазор то 41,2 ҳазор сӯм, чакана аз 39 ҳазор то 49,4 ҳазор сӯм барои як литр гарон шудааст, гуфта мешавад дар қарор.Тибқи ҳисобҳои ҳукумат, татбиқи ин тадбир маҳсулоти машруботи спиртии дар соя бударо берун бароварда, ба даромади буҷа мусоидат хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20210208/shirini-zararovar-mahsuloti-gayristandarti-1032780567.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/07/1032408673_254:0:2985:2048_1920x0_80_0_0_1786d02afcb69329f81900b140813272.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, иҷтимоъ, осиёи марказӣ, ӯзбекистон, нарх, машруботи спирӣ, машруботи спиртӣ, баланд, гарон
ҳамаи хабарҳо, иҷтимоъ, осиёи марказӣ, ӯзбекистон, нарх, машруботи спирӣ, машруботи спиртӣ, баланд, гарон
Нархи машруботи спиртӣ дар Ӯзбекистон якбора баланд шуд
13:40 23.03.2021 (Навсозишуда: 14:14 23.03.2021) Барои нахустин бор нархҳои ҳадди ақали нӯшокиҳои спиртӣ дар Ӯзбекистон 1 январи соли 2010 ҷорӣ карда шуданд
ДУШАНБЕ, 23 март - Sputnik. Мақомоти Ӯзбекистон нархҳои нави ҳадди ақали яклухт ва чаканаи нӯшокиҳои спиртиро ҷорӣ кард.
Ҳамин тариқ, мувофиқи қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, нархи чаканаи арақ 20,7% боло рафт.
Ин тағйирот танҳо ба нархи оби ҷав таъсир нарасонид.
"Нархи ҳадди ақали яклухти арақ аз 20 март аз 24 ҳазор то 28,6 ҳазор сӯм, чакана аз 28,5 ҳазор то 34,4 ҳазор сӯм барои як литр афзоиш ёфт", - омадааст дар матни қарор.
Ҳамин тариқ, нархи яклухти арақ аз 2,3 то 2,7 доллари ИМА зиёд шуд, ки он 19,2% -ро ташкил дод, дар бозори чакана болоравии нарх боз ҳам бештар - аз 2,7 то 3,3 $ ё 20,7% -ро ташкил медиҳад.
Бори аввал дар Ӯзбекистон 1 январи соли 2010 нархҳои ҳадди аққали нӯшокиҳои спиртӣ, ба истиснои оби ҷав, ҷорӣ карда шуданд.
Дар ин муддат арзиши ҳадди ақали алкогол бештар аз дуюним баробар афзоиш ёфт. Бори охир нархи машрубот дар Ӯзбекистон моҳи октябри соли 2020 баланд шуда буд.
Нархҳои яклухт ва чаканаи шароб (коняк) низ мутаносибан 19,1% ва 17,9% афзоиш ёфтанд.
Дар ҳамин ҳол, коняк аз 33 ҳазор то 41,2 ҳазор сӯм, чакана аз 39 ҳазор то 49,4 ҳазор сӯм барои як литр гарон шудааст, гуфта мешавад дар қарор.
Тибқи ҳисобҳои ҳукумат, татбиқи ин тадбир маҳсулоти машруботи спиртии дар соя бударо берун бароварда, ба даромади буҷа мусоидат хоҳад кард.