https://sputnik.tj/20210323/Korenev-muhojiron-Rusiya-kor-1033053860.html
Коренев пешгӯӣ кард, ки кай барои муҳоҷирон дар Русия ҷойҳои корӣ зиёд мешавад
Коренев пешгӯӣ кард, ки кай барои муҳоҷирон дар Русия ҷойҳои корӣ зиёд мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Барои бозгашти муҳоҷирони корӣ ба Русия чӣ лозим аст, шарҳ дод таҳлилгари гурӯҳи "ФИНАМ" Алексей Коренев 23.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-23T12:04+0500
2021-03-23T12:04+0500
2021-03-23T13:01+0500
муҳоҷират
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103124/59/1031245983_10:-1:966:541_1920x0_80_0_0_4c97a37ed44b537a356ab35ddd714edb.jpg
ДУШАНБЕ, 23 мар - Sputnik. Масъалаи афзоиши интиқоли маблағҳои муҳоҷирон на аз вазъи марзҳо, балки аз талабот ба нерӯи корӣ дар бозори меҳнат вобаста аст, гуфт Алексей Коренев, таҳлилгари ширкати "ФИНАМ" дар муколама бо Sputnik Тоҷикистон."Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон таъминкунандагони қувваи кории хеле мушаххас мебошанд. Бинокорон ва кормандони хадамоти манзилию коммуналӣ ба Русия меоянд. Ва ҳоло, бинобар бӯҳрони иқтисодӣ, бекорӣ ба таври назаррас афзудааст, талабот ба ин намудҳои кор коҳиш ёфтааст", - тавзеҳ дод Коренев.Барқарорсозии интиқоли фаромарзӣ аз Русия ба ИДМ мустақиман ба шумораи муҳоҷирони меҳнатии корӣ ва шумораи онҳо ба вазъи бозори меҳнат ва он дар навбати худ аз иқтисодиёт вобаста аст, қайд кард коршинос."Ҳамин ки иқтисоди Русия ба барқароршавӣ оғоз кард, талабот ба нерӯи корӣ зиёд мешавад, ҳаҷми интиқоли пул низ меафзояд", - шарҳ дод таҳлилгар.Коренев пешбинӣ кард, ки бояд тағйироти ҷиддӣ дар иқтисоди Русия ва бозори меҳнатро дар солҳои 2022-2023, бо дарназардошти шароити мусоиди беруна, интизор шуд.
https://sputnik.tj/20210322/Sokhtmonchin-Khusnullin-talab-Rusiya-1033047683.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103124/59/1031245983_58:-1:918:541_1920x0_80_0_0_a2f45823cc2b5ff03ffa4faf95f6648a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷират, ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон
муҳоҷират, ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон
Коренев пешгӯӣ кард, ки кай барои муҳоҷирон дар Русия ҷойҳои корӣ зиёд мешавад
12:04 23.03.2021 (Навсозишуда: 13:01 23.03.2021) Барои бозгашти муҳоҷирони корӣ ба Русия чӣ лозим аст, шарҳ дод таҳлилгари гурӯҳи "ФИНАМ" Алексей Коренев
ДУШАНБЕ, 23 мар - Sputnik. Масъалаи афзоиши интиқоли маблағҳои муҳоҷирон на аз вазъи марзҳо, балки аз талабот ба нерӯи корӣ дар бозори меҳнат вобаста аст, гуфт Алексей Коренев, таҳлилгари ширкати "ФИНАМ" дар муколама бо Sputnik Тоҷикистон.
"Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон таъминкунандагони қувваи кории хеле мушаххас мебошанд. Бинокорон ва кормандони хадамоти манзилию коммуналӣ ба Русия меоянд. Ва ҳоло, бинобар бӯҳрони иқтисодӣ, бекорӣ ба таври назаррас афзудааст, талабот ба ин намудҳои кор коҳиш ёфтааст", - тавзеҳ дод Коренев.
Барқарорсозии интиқоли фаромарзӣ аз Русия ба ИДМ мустақиман ба шумораи муҳоҷирони меҳнатии корӣ ва шумораи онҳо ба вазъи бозори меҳнат ва он дар навбати худ аз иқтисодиёт вобаста аст, қайд кард коршинос.
"Ҳамин ки иқтисоди Русия ба барқароршавӣ оғоз кард, талабот ба нерӯи корӣ зиёд мешавад, ҳаҷми интиқоли пул низ меафзояд", - шарҳ дод таҳлилгар.
Коренев пешбинӣ кард, ки бояд тағйироти ҷиддӣ дар иқтисоди Русия ва бозори меҳнатро дар солҳои 2022-2023, бо дарназардошти шароити мусоиди беруна, интизор шуд.