https://sputnik.tj/20210322/Sokhtmonchin-Khusnullin-talab-Rusiya-1033047683.html
Сохтмончиёни Урал аз Хуснуллин талаб доранд, ки муҳоҷирини тоҷикро ба Русия роҳ диҳад
Сохтмончиёни Урал аз Хуснуллин талаб доранд, ки муҳоҷирини тоҷикро ба Русия роҳ диҳад
Sputnik Тоҷикистон
"Ассотсиатсияи бинокорони Урал" ба муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин бо дархости содда кардани вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба сохтмонҳо... 22.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-22T14:10+0500
2021-03-22T14:10+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
муҳоҷират
сохтмон
дар русия
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/19/1032521287_0:0:2854:1606_1920x0_80_0_0_d8ba9759eb2cac435c3cfb16484467d7.jpg
ДУШАНБЕ, 22 мар - Sputnik. Бинокорони Свердловск аз ҳукумати Русия хоҳиш доранд, ки коргарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ба кишвар иҷозат диҳанд, то дар сохтмонҳо кор кунанд, менависад МК-Урал.Ҳамин тариқ, СРО "Ассотсиатсияи бинокорони Урал" ба муовини сарвазир Марат Хуснуллин, ки бахши сохтмонро назорат мекунад, муроҷиатнома фиристод, то ӯ вуруди шаҳрвандони хориҷиро ба сохтмонҳо осон кунад.Дар ин нома кумак дар тавсеаи рӯйхати кишварҳои ҷазби нерӯи корӣ ба шумори Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дархост шудааст.Ғайр аз ин, ассотсиатсияи бинокорон хоҳиш кардааст, ки тахассусро барои ташкилотҳои сохтмонӣ аз рӯи даромад ва шумораи миёнаи кормандон бекор кунад.Дар ин санад ворид кардани тағйирот ба фармони ҳукумат дар бораи маҳдуд кардани вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Федератсияи Русия, ки бо сабаби пандемияи коронавирус ҷорӣ карда шудааст, дархост шудааст.Раҳмон гуфт, 1 млн ҷои кор ташкилу муҳоҷират 60% кам шуд: ҳушдорҳои наврӯзии 2021 - видео Гуфта мешавад, ки маҳдудиятҳо дигар ба шаҳрвандони Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Арманистон дахл надоранд. Ғайр аз он, муҳоҷирон аз дигар кишварҳо метавонанд мутобиқи алгоритми амалҳо барои ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба иқтисоди Русия кор кунанд.Аммо, ба гуфтаи директори генералии Ассотсиатсияи бинокорони Урал Сергей Ренжин, мушкил то ҳол идома дорад, зеро пудратчиён одатан бо бинокорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкорӣ мекунанд ва вуруди онҳо барои Федератсияи Русия аз ин шаҳрвандон муҳим аст.Директори генералӣ равшанӣ андохт, ки вуруди коргарон аз кишварҳое, ки бо кушодани марзҳо ба рӯйхат дохил карда нашудаанд, танҳо аз ҷониби ширкатҳои калон, ки шумораи кормандонашон беш аз 250 нафар ва даромадашон 2 миллиард рубл бошад, сурат мегирад.Ба гуфти ӯ, пудратчиён аксар вақт тиҷорати хурд ва миёна доранд ва барои онҳо ин алгоритми амалан ғайривоқеӣ аст.Ренжин шарҳ дод, ки коргарон ба андозаи зиёд на ба тиҷорати калон, балки ба ширкатҳои пудратӣ ниёз доранд ва агар корхонаҳои хурду миёна, созмонҳои пудратӣ наметавонанд коргарони хориҷиро ба қаламрави Федератсияи Русия оварда тавонанд, пас ӯ маҷбур мешавад, ки лоиҳаҳоро боздорад.Дар вилояти Маскав усули нави ба кор ҷалб кардани муҳоҷиронро ташкил мекунанд"Дар навбати худ, тиҷорати калон наметавонад ҳаҷми корҳоро ба анҷом расонад, ки ин ба таъхири сохтмон оварда мерасонад",- мегӯяд ӯ.
https://sputnik.tj/20210309/Vazorati-sokhtmon-ruhso-muhojir-sokhtmon-1032970834.html
https://sputnik.tj/20210310/Poletaev-jalb-muhojir-Rusiya-1032973834.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/19/1032521287_123:0:2854:2048_1920x0_80_0_0_759ab84cd9bf078c6a90828d2faa6213.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, муҳоҷират, сохтмон, дар русия, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, муҳоҷират, сохтмон, дар русия, дар тоҷикистон
Сохтмончиёни Урал аз Хуснуллин талаб доранд, ки муҳоҷирини тоҷикро ба Русия роҳ диҳад
14:10 22.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) "Ассотсиатсияи бинокорони Урал" ба муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин бо дархости содда кардани вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба сохтмонҳо муроҷиатнома фиристод
ДУШАНБЕ, 22 мар - Sputnik. Бинокорони Свердловск аз ҳукумати Русия хоҳиш доранд, ки коргарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ба кишвар иҷозат диҳанд, то дар сохтмонҳо кор кунанд, менависад МК-Урал.
Ҳамин тариқ, СРО "Ассотсиатсияи бинокорони Урал" ба муовини сарвазир Марат Хуснуллин, ки бахши сохтмонро назорат мекунад, муроҷиатнома фиристод, то ӯ вуруди шаҳрвандони хориҷиро ба сохтмонҳо осон кунад.
Дар ин нома кумак дар тавсеаи рӯйхати кишварҳои ҷазби нерӯи корӣ ба шумори Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дархост шудааст.
Ғайр аз ин, ассотсиатсияи бинокорон хоҳиш кардааст, ки тахассусро барои ташкилотҳои сохтмонӣ аз рӯи даромад ва шумораи миёнаи кормандон бекор кунад.
Дар ин санад ворид кардани тағйирот ба фармони ҳукумат дар бораи маҳдуд кардани вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Федератсияи Русия, ки бо сабаби пандемияи коронавирус ҷорӣ карда шудааст, дархост шудааст.
Гуфта мешавад, ки маҳдудиятҳо дигар ба шаҳрвандони Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Арманистон дахл надоранд. Ғайр аз он, муҳоҷирон аз дигар кишварҳо метавонанд мутобиқи алгоритми амалҳо барои ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба иқтисоди Русия кор кунанд.
Аммо, ба гуфтаи директори генералии Ассотсиатсияи бинокорони Урал Сергей Ренжин, мушкил то ҳол идома дорад, зеро пудратчиён одатан бо бинокорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкорӣ мекунанд ва вуруди онҳо барои Федератсияи Русия аз ин шаҳрвандон муҳим аст.
Директори генералӣ равшанӣ андохт, ки вуруди коргарон аз кишварҳое, ки бо кушодани марзҳо ба рӯйхат дохил карда нашудаанд, танҳо аз ҷониби ширкатҳои калон, ки шумораи кормандонашон беш аз 250 нафар ва даромадашон 2 миллиард рубл бошад, сурат мегирад.
Ба гуфти ӯ, пудратчиён аксар вақт тиҷорати хурд ва миёна доранд ва барои онҳо ин алгоритми амалан ғайривоқеӣ аст.
Ренжин шарҳ дод, ки коргарон ба андозаи зиёд на ба тиҷорати калон, балки ба ширкатҳои пудратӣ ниёз доранд ва агар корхонаҳои хурду миёна, созмонҳои пудратӣ наметавонанд коргарони хориҷиро ба қаламрави Федератсияи Русия оварда тавонанд, пас ӯ маҷбур мешавад, ки лоиҳаҳоро боздорад.
"Дар навбати худ, тиҷорати калон наметавонад ҳаҷми корҳоро ба анҷом расонад, ки ин ба таъхири сохтмон оварда мерасонад",- мегӯяд ӯ.