https://sputnik.tj/20210322/qarori-hukumat-zamin-Avesto-guruh-arzon-1033047843.html
Қарори Ҳукумат барои додани замин ба "Авесто гуруҳ" ба ивази 2 млн: гӯшт фаровон мешавад?
Қарори Ҳукумат барои додани замин ба "Авесто гуруҳ" ба ивази 2 млн: гӯшт фаровон мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат ба ширкати "Авесто Гуруҳ" беш аз 23,7 гектар замин додааст, то корхонаи тавлиди гӯшт созад 22.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-22T14:08+0500
2021-03-22T14:08+0500
2021-04-28T13:02+0500
ҳамаи хабарҳо
саноат
ҳукумат
қароргоҳ
мурғоб
гӯшт
дар тоҷикистон
фармон, амр ва қарорҳои тозатарини эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/16/1033047897_0:83:2048:1235_1920x0_80_0_0_aa0364a1f2a5df828f081be3cc4ee134.jpg
ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумат беш аз 23 гектар замин ба "Авесто гуруҳ" барои сохтмони корхонаи мурғпарварии гӯштӣ дода шудааст.Ширкат муваззаф шудааст, ки хисороти истифодабарандагони заминро пурра ҷуброн созаду ба буҷаи давлат барои аз гардиши кишоварзӣ берун мондани ин заминҳо 2 миллиону 152 ҳазор сомонӣ пардохт намояд, таъкид шудааст дар қарор, ки пойгоҳи ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон ахиран онро нашр кард. Қаблан мақомоти Тоҷикистон хабар дода буданд, ки интизор меравад, сохтмони бузургтарин корхонаи тавлиди гӯшти мурғи кишвар, ки дар ноҳияи Данғара феълан идома дорад, то 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба анҷом мерасад.Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон, мегӯяд, дар ду – се соли оянда талаботи ҷумҳурӣ ба гӯшти парранда аз ҳисоби тавлидоти худӣ пурра таъмин хоҳад шуду кишвар ба содиркунанда мубаддал мешавад. Ӯ аввали соли равон изҳор дошт, ки бар асоси меъёрҳои физиологии тасдиқкардаи Ҳукумат талаботи солонаи ҳар сокин ба гӯшти паранда 9 килоро ташкил медиҳад.Ӯ афзуд, ки истеҳсолоти феълии гӯшти паранда дар ҷумҳурӣ ҳудуди 4,5 – 5 кило сари ҳар сокинро ташкил медиҳад ва дар сурати то 60 ҳазор тонна расондани гӯшти мурғ талаботи кишвар пурра таъмин мешавад.Вазир аз рушди соҳаи парандапарварӣ суҳбат карда, афзуд аз соли 2018 то ҳол саршумори мурғ 2,2 баробар афзоиш ёфта, ба 9 миллион сар расид. Ӯ илова намуд, ки феълан теъдоди корхонаҳои парандапарварӣ дар кишвар ба 181 адад расонда шуд, ки бисёрашон дар шимоли ҷумҳурӣ ҷойгиранд. Зиёзода афзуд, ки ният доранд, теъдоди корхонаҳо дар ҷануби Тоҷикистонро низ зиёд намоянд, чун дар ин минтақа низ шароит мусоид буда, талабот зиёд мебошад.
https://sputnik.tj/20210209/paranda-tukhm-danghara-sodirot-1032790077.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/16/1033047897_146:0:1903:1318_1920x0_80_0_0_f5a6bbf7abe5873f265d7001415a01d8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, саноат, ҳукумат, қароргоҳ, мурғоб, гӯшт, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, саноат, ҳукумат, қароргоҳ, мурғоб, гӯшт, дар тоҷикистон
Қарори Ҳукумат барои додани замин ба "Авесто гуруҳ" ба ивази 2 млн: гӯшт фаровон мешавад?
14:08 22.03.2021 (Навсозишуда: 13:02 28.04.2021) Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат ба ширкати "Авесто Гуруҳ" беш аз 23,7 гектар замин додааст, то корхонаи тавлиди гӯшт созад
ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумат беш аз 23 гектар замин ба "Авесто гуруҳ" барои сохтмони корхонаи мурғпарварии гӯштӣ дода шудааст.
Ширкат муваззаф шудааст, ки хисороти истифодабарандагони заминро пурра ҷуброн созаду ба буҷаи давлат барои аз гардиши кишоварзӣ берун мондани ин заминҳо 2 миллиону 152 ҳазор сомонӣ пардохт намояд, таъкид шудааст дар қарор, ки пойгоҳи ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон ахиран онро нашр кард.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон хабар дода буданд, ки интизор меравад, сохтмони бузургтарин корхонаи тавлиди гӯшти мурғи кишвар, ки дар ноҳияи Данғара феълан идома дорад, то 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба анҷом мерасад.
Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон, мегӯяд, дар ду – се соли оянда талаботи ҷумҳурӣ ба гӯшти парранда аз ҳисоби тавлидоти худӣ пурра таъмин хоҳад шуду кишвар ба содиркунанда мубаддал мешавад. Ӯ аввали соли равон изҳор дошт, ки бар асоси меъёрҳои физиологии тасдиқкардаи Ҳукумат талаботи солонаи ҳар сокин ба гӯшти паранда 9 килоро ташкил медиҳад.
Ӯ афзуд, ки истеҳсолоти феълии гӯшти паранда дар ҷумҳурӣ ҳудуди 4,5 – 5 кило сари ҳар сокинро ташкил медиҳад ва дар сурати то 60 ҳазор тонна расондани гӯшти мурғ талаботи кишвар пурра таъмин мешавад.
Вазир аз рушди соҳаи парандапарварӣ суҳбат карда, афзуд аз соли 2018 то ҳол саршумори мурғ 2,2 баробар афзоиш ёфта, ба 9 миллион сар расид. Ӯ илова намуд, ки феълан теъдоди корхонаҳои парандапарварӣ дар кишвар ба 181 адад расонда шуд, ки бисёрашон дар шимоли ҷумҳурӣ ҷойгиранд. Зиёзода афзуд, ки ният доранд, теъдоди корхонаҳо дар ҷануби Тоҷикистонро низ зиёд намоянд, чун дар ин минтақа низ шароит мусоид буда, талабот зиёд мебошад.