Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Мунаққиди мусиқӣ шарҳ дод, ки чаро Манижа ба Евровидение меравад, на Панайотов

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкПевец Александр Панайотов
Певец Александр Панайотов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2021
Обуна шудан
Бисёриҳо Александр Панайотовро довталаби барҷастаи ширкат аз Русия дар Евровидение меноманд, аммо бори дигар на ӯро, балки шахси дигареро ба озмун мефиристанд
ДУШАНБЕ, 22 март - Sputnik. Чаро Александр Панайотов соли равон аз Русия ба Евровидение рафта натавонист, шарҳ дод мусиқишинос, рӯзноманигор Евгений Бабичев.
Российская певица Манижа Сангин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Намоҳанги Манижа дуюмин номдортарин аз миёни иштирокдорони Евровидение шуд
Мутахассиси мусиқӣ қайд кард, ки ин масъалаи бахт ё барор нест.
"Вақтҳои охир, ӯ ноумед гаштааст ё дигар бовар намекунад, ки орзуи деринаи ӯ ҳамеша амалӣ хоҳад шуд. Дар формати Евровидение ӯ қодир аст, ки ҳунари худро нишон диҳад",- гуфт мунаққид.
Аммо Панайотов як нуқсони азим дорад, илова кард Бабичев. Камбуди ӯ маводи пешниҳодкардааш барои озмун аст. Ҳатто сарфи назар аз репертуари гуногун, Панайотов муваффақ мешавад, ки ҳар дафъа бо суруди "номуваффақ" ояд.
"Вай ҳар сол таронае ба озмун пешниҳод мекунад, аммо ин каме фарқ дорад. Ҳоҷат ба шикоят аз он нест, ки ӯро фишор медиҳанд ва иҷозаи баромад намедиҳанд, зеро ҳамеша ҳунармандони омодатар бо сурудҳои беҳтар бо дастгирии ҷиддитар буданд",- гуфт Бабичев дар муколама бо ФАН.
Сабаби дигари нокомӣ ҳатто дар давраи интихобӣ, набудани таронаи воқеан шинохтаи Панайотов аст, илова кард коршинос.
"Мушкилоти Панайотов на танҳо дар доираи озмуни Евровидение, балки дар маҷмӯъ дар карераи ӯ низ мушоҳида мешавад. Ӯ суруде надорад, ки мо ӯро эътироф кунем",- гуфт Бабичев.
Невзоров: cуруди Манижа барои Евровидение як санҷише шуд, ки Русия аз он нагузашт
Мунаққиди мусиқӣ илова кард, ки дар ин ҳолат як продюсери қавӣ, масалан, Филипп Киркоров метавонад ба сароянда кумак кунад.
Ёдовар мешавем, ки имсол Русияро дар Евровидение тоҷикдухтар, ки бо русӣ тарона месарояд намояндагӣ хоҳад кард.
Кумитаи тафтишотии Русия суруди Манижа барои Евровидениеро санҷид: ягон қонуншиканӣ нест
Пас аз роҳёбияш ба ин озмун вокунишҳои шадиди манфие болояш рехт ва ҳатто аз Кумитаи тафтишотии Русия хоҳиш карданд, ки таронаи ӯро бисанҷанд, аммо дар баробари ин ҳама, буданд афроде, ки Манижаро дастгирӣ ва ба ӯ комёбӣ таманно карданд.
Лентаи хабарҳо
0