https://sputnik.tj/20210319/Namohang-Manizha-nomdortarin-Evrovidenie-1033033792.html
Намоҳанги Манижа дуюмин номдортарин аз миёни иштирокдорони Евровидение шуд
Намоҳанги Манижа дуюмин номдортарин аз миёни иштирокдорони Евровидение шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳоло намоҳанги Манижа Сангин, ки Русияро дар Евровидение дар Ротердам намояндагӣ мекунад, 4,5 миллион бор тамошо кардаанд 19.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-19T18:00+0500
2021-03-19T18:00+0500
2021-03-19T19:58+0500
евровидение - 2021: зодаи тоҷикистон, намояндаи русия
ҳамаи хабарҳо
дар русия
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0a/1032978398_0:0:1001:563_1920x0_80_0_0_f3304a6396a39fa1c77651fe2ab00323.jpg
ДУШАНБЕ, 19 мар – Sputnik. Намоҳанги Russian woman, ки бо он Манижа Сангин, тоҷикдухтари муқими Русия дар озмуни Евровидение баромад мекунад, аз миёни иштирокдорони ин мусобиқа дуюмин машҳуртарин арзёбӣ мешавад.Ҳоло намоҳанги ӯ дар шабакаи YouTube беш аз 4,5 миллион тамошобин пайдо намудааст. Дар ҳоле, ки таронаи ӯ ба ин шабака рӯзи 10 март роҳ ёфт ва аз ин миён танҳо 9 рӯз сипарӣ шудааст.Ҳоло дар радабандии машҳуртарин намоҳанг, ки бояд дар Ротердам садо диҳад, гуруҳи Hurricane - и Сербия бо суруди Loco Loco мебошад. Аммо намоҳанги ин гурӯҳ рӯзи 5 март ба шабакаи YouTube роҳ ёфт ва то ин муддат онро 4,7 миллион бор тамошо кардаанд. Зимнан, номояндаи кишвари Молдов бо касби 1 миллион бинанда дар мақоми сеюм ҷой гирифт.Манижа Сангин, овозхони зодаи Тоҷикистон аст, ки пас аз нашри клипҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шӯҳрат пайдо намуд. Моҳи декабри соли 2020 Манижа аввалин сафири хайрхоҳи СММ оид ба гурезагон аз Русия интихоб шуд.Озмуни Евровидение - 2021, ки соли гузашта бинобар пандемия лағв шуда буд, имсол 18-22 май дар Роттердам бо иштироки ҳунармандони 41 кишвар баргузор мешавад.Невзоров: cуруди Манижа барои Евровидение як санҷише шуд, ки Русия аз он нагузаштИштироки Манижа Сагин дар озмуни мазкур чӣ дар Русия ва чӣ дар Тоҷикистон баҳси гармеро ба бор овард. Бисёриҳо ҳунари Манижаро воло арзёбӣ карда ба ҷонибдорӣ аз ӯ садо баланд мекунанд. Вале иддае ба бурди ӯ хушбин нестанд ва шадидан аз иштироки ӯ дар ин мусобиқа изҳори нигаронӣ мекунанд.Дар Тоҷикистон аксар ҳунармандон ҷонибдори Манижа буда, бар ин боваранд, ки ӯ дар ин озмуни ҷаҳонӣ ҳатман соҳиби ҷойи намоён мешавад.
https://sputnik.tj/20210318/Kumita-taftishot-Rusiya-surud-Manizha-sanjid-1033027070.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0a/1032978398_124:0:875:563_1920x0_80_0_0_53eb7b9c3e19eeb824f7a23ce57dcfc4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар русия, фарҳанг
ҳамаи хабарҳо, дар русия, фарҳанг
Намоҳанги Манижа дуюмин номдортарин аз миёни иштирокдорони Евровидение шуд
18:00 19.03.2021 (Навсозишуда: 19:58 19.03.2021) Ҳоло намоҳанги Манижа Сангин, ки Русияро дар Евровидение дар Ротердам намояндагӣ мекунад, 4,5 миллион бор тамошо кардаанд
ДУШАНБЕ, 19 мар – Sputnik. Намоҳанги Russian woman, ки бо он Манижа Сангин, тоҷикдухтари муқими Русия дар озмуни Евровидение баромад мекунад, аз миёни иштирокдорони ин мусобиқа дуюмин машҳуртарин арзёбӣ мешавад.
Ҳоло намоҳанги ӯ дар шабакаи YouTube беш аз 4,5 миллион тамошобин пайдо намудааст. Дар ҳоле, ки таронаи ӯ ба ин шабака рӯзи 10 март роҳ ёфт ва аз ин миён танҳо 9 рӯз сипарӣ шудааст.
Ҳоло дар радабандии машҳуртарин намоҳанг, ки бояд дар Ротердам садо диҳад, гуруҳи Hurricane - и Сербия бо суруди Loco Loco мебошад. Аммо намоҳанги ин гурӯҳ рӯзи 5 март ба шабакаи YouTube роҳ ёфт ва то ин муддат онро 4,7 миллион бор тамошо кардаанд.
Зимнан, номояндаи кишвари Молдов бо касби 1 миллион бинанда дар мақоми сеюм ҷой гирифт.
Манижа Сангин, овозхони зодаи Тоҷикистон аст, ки пас аз нашри клипҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шӯҳрат пайдо намуд.
Моҳи декабри соли 2020 Манижа аввалин сафири хайрхоҳи СММ оид ба гурезагон аз Русия интихоб шуд.
Озмуни Евровидение - 2021, ки соли гузашта бинобар пандемия лағв шуда буд, имсол 18-22 май дар Роттердам бо иштироки ҳунармандони 41 кишвар баргузор мешавад.
Иштироки Манижа Сагин дар озмуни мазкур чӣ дар Русия ва чӣ дар Тоҷикистон баҳси гармеро ба бор овард. Бисёриҳо ҳунари Манижаро воло арзёбӣ карда ба ҷонибдорӣ аз ӯ садо баланд мекунанд. Вале иддае ба бурди ӯ хушбин нестанд ва шадидан аз иштироки ӯ дар ин мусобиқа изҳори нигаронӣ мекунанд.
Дар Тоҷикистон аксар ҳунармандон ҷонибдори Манижа буда, бар ин боваранд, ки ӯ дар ин озмуни ҷаҳонӣ ҳатман соҳиби ҷойи намоён мешавад.