Мирзоҷамил рақибашро мағлуб карду соҳиби "Карола" шуд: навори рақобат

Обуна шудан
Мирзоҷамол Рамазонов гуштингири вилояти Хатлон дар вазни 75 кило мубориза бурд ва пирӯзӣ ба даст овард
Ҳарифи Мирзоҷамил Рамазонов, Амонулло Азимов буд. Ҳар ду варзишгар дар вазни 75 кило ба майдони рақобат ворид шуданд.
Расул Боқиев ба ҳамватанон ва тоҷикони Русияро Наврӯзро муборакбод гуфт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2021
Пирӯзии додарзодаи Расул Боқиев дар мусобиқаи гуштин: соҳиби автомашина шуд
Муҳорибаи онҳо бисёр фаъолу диданӣ буд ва аз аввали набард, бартарии Мирзоҷамил ҳувайдо буд.
Дар баробари гуштингирон, тамошобинон низ ниҳоят фаъол буданд ва ҳар як кӯшиши варзишгаронро бо қарсаку офаринхонӣ қабул мекарданд.
Дар охири рақобат Мирзоҷамил тавонист ҳарифи худ Амонуло Азимовро шикаст диҳад ва ҳамин тавр дар вазни 75 -кило қаҳрамон шавад.
Тавре маълум буд, қаҳрамонон соҳиби мошин ва ҳамчунин беҳтарин варзишгар ба гирифтани ҷоми "Пойтахт - 2021" даст меёбад.
Мирзоҷамил низ бинобар шикаст додани ҳарифи худ ва ғолиб эълон шудан, соҳиби автомашинаи "Карола" гардид.
Лентаи хабарҳо
0