https://sputnik.tj/20210322/Ittiohd-Avrupo-vaksin-Sputnik-V-rad-1033045804.html
Иттиҳоди Аврупо ваксини "Спутник V" - ро рад кард
Иттиҳоди Аврупо ваксини "Спутник V" - ро рад кард
Sputnik Тоҷикистон
Аврупоро мебоист аз ваксинҳои истеҳсолкардаи худ истифода кард, мегӯяд намояндаи ИА Тиерри Бретон ва илова намуд. Ӯ афзуд, ки ваксини сохти Русия ба онҳо лозим... 22.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-22T11:08+0500
2021-03-22T11:08+0500
2021-08-10T17:01+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
тандурустӣ
иа
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
ваксина
рад
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032836435_0:159:3079:1890_1920x0_80_0_0_bc7c00ac50c145f3e9ffaa3f83803b90.jpg
ДУШАНБЕ, 22 мар - Sputnik. Иттиҳоди Аврупо ба ваксини Русия алайҳи коронавирус ниёз надорад, гуфт Комиссари Аврупо оид ба бозори дохилӣ Тиерри Бретон дар шабакаи телевизионии TF1.Вай гуфт, ки Аврупо ҳамчун қитъаи дорои ваксинаҳои аз ҳама тасдиқшуда бояд иқтидори кофии истеҳсолӣ барои ваксина дошта бошад.Комиссари Аврупо мегӯяд, Русия дар масъалаи истеҳсоли ваксин мушкилӣ дорад ва Иттиҳоди Аврупо омодааст дар ин самт ба Русия кӯмак кунад. Аммо ӯ илова намуд, ки Аврупо метавонад аз нимаи дуюми соли 2021 дар истеҳсоли ваксин ба Русия дасти кумак дароз кунад.Бретон инчунин гуфт, ки масунияти оммавӣ аз COVID-19 дар Аврупо эҳтимол то нимаи моҳи июл пайдо шавад.Ҳиндустон 200 миллион воя ваксини "Спутник V " - ро истеҳсол мекунадЁдовар мешавем, ки аксар кишварҳои ИА аз ваксини AstraZeneca даст кашиданд. Зеро истифодаи ваксини мазкур аксар эмгирифтаҳоро ба тромбоз оварда расонд.Тоҷикистон дар доираи механизми COVAX 192 000 воя ваксини AstraZeneca – ро даст намудааст. Намояндагони Вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло дар мамлакат марҳилаи омодагӣ ба маъракаи эмгузаронӣ идома дорад. Бо ваксини мазкур бояд 20 дарсади аҳолӣ эмгузаронӣ шавад.
https://sputnik.tj/20210318/alizoda-tavsif-AstraZeneca-hinduston-1033022456.html
иа
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032836435_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_7cd0cd686cda006d74e7ff76d5074ba5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, тандурустӣ, иа, ваксина, рад, коронавирус
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, тандурустӣ, иа, ваксина, рад, коронавирус
Иттиҳоди Аврупо ваксини "Спутник V" - ро рад кард
11:08 22.03.2021 (Навсозишуда: 17:01 10.08.2021) Аврупоро мебоист аз ваксинҳои истеҳсолкардаи худ истифода кард, мегӯяд намояндаи ИА Тиерри Бретон ва илова намуд. Ӯ афзуд, ки ваксини сохти Русия ба онҳо лозим нест
ДУШАНБЕ, 22 мар - Sputnik. Иттиҳоди Аврупо ба ваксини Русия алайҳи коронавирус ниёз надорад, гуфт Комиссари Аврупо оид ба бозори дохилӣ Тиерри Бретон дар шабакаи телевизионии TF1.
Вай гуфт, ки Аврупо ҳамчун қитъаи дорои ваксинаҳои аз ҳама тасдиқшуда бояд иқтидори кофии истеҳсолӣ барои ваксина дошта бошад.
"Мо ба “Спутник V” комилан ниёз надорем", - гуфт Бретон.
Комиссари Аврупо мегӯяд, Русия дар масъалаи истеҳсоли ваксин мушкилӣ дорад ва Иттиҳоди Аврупо омодааст дар ин самт ба Русия кӯмак кунад. Аммо ӯ илова намуд, ки Аврупо метавонад аз нимаи дуюми соли 2021 дар истеҳсоли ваксин ба Русия дасти кумак дароз кунад.
Бретон инчунин гуфт, ки масунияти оммавӣ аз COVID-19 дар Аврупо эҳтимол то нимаи моҳи июл пайдо шавад.
Ёдовар мешавем, ки аксар кишварҳои ИА аз ваксини AstraZeneca даст кашиданд. Зеро истифодаи ваксини мазкур аксар эмгирифтаҳоро ба тромбоз оварда расонд.
Тоҷикистон дар доираи механизми COVAX 192 000 воя ваксини AstraZeneca – ро даст намудааст. Намояндагони Вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло дар мамлакат марҳилаи омодагӣ ба маъракаи эмгузаронӣ идома дорад. Бо ваксини мазкур бояд 20 дарсади аҳолӣ эмгузаронӣ шавад.