https://sputnik.tj/20210318/alizoda-tavsif-AstraZeneca-hinduston-1033022456.html
Мардум норизо, аммо Ализода тавсиф кард: АstraZeneca - и Ҳиндустон чигуна ваксин аст?
Мардум норизо, аммо Ализода тавсиф кард: АstraZeneca - и Ҳиндустон чигуна ваксин аст?
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон аксар мардум аз он нигарон аст, ки чаро дар доираи COVAX ваксини АstraZeneca на аз Аврупо, балки аз шаҳри Деҳлии Ҳиндустон ворид шуд 18.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-18T13:00+0500
2021-03-18T13:00+0500
2021-03-18T13:23+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/18/1031632311_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_42896bcfa7889d683d201136121db6b1.jpg
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Самариддин Ализода муовини вазири тандурустии Тоҷикистон ба Институте, ки ваксини АstraZeneca дар он истеҳсол ва вориди Тоҷикистон шуд, тавсиф намуд.Ба муовини вазири тандурустӣ аз нигаронии аксар мардуми Тоҷикистон хабар доданд, ки ба ваксини таҳияшуда дар Ҳиндустон хушбин нестанд ва аз гирифтани эм ҳарос доранд.Аммо Ализода мегӯяд, "ин Институт олиҷаноб аст" ва Тоҷикистон давоми чандин солҳо бо он ҳамкории зич дорад.Ба маълумоти ӯ, аксар ваксинҳоро Тоҷикистон маҳз аз ҳамин институт дастрас мекунад ва сатҳу сифати маводи дорувории он ба дараҷаи олӣ аст.Ӯ мегӯяд, мардум бояд нигарон набошанд, чун маъракаи эмгузаронӣ дар Тоҷикистон танҳо пас аз анҷоми тафтишоти СҶБ бобати муассирияти ваксини АstraZeneca шурӯъ мешавад.Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар доираи механизми COVAX 192 000 воя ваксини мазкурро аз Ҳиндустон ворид кард ва интизор меравад, ки ҳудуди 20 дарсади аҳолии мамлакат маҳз бо ҳамин ваксин эмгузаронӣ шаванд.Аммо вақтҳои охир сару садоҳо дар мавриди таъсири манфии ин ваксин ба организми инсон зиёд шудааст ва дар ин робита аксар кишварҳои ИА аз истифодаи он даст кашиданд.Ализода дар бораи масунияти оммавӣ дар Тоҷикистон: мо бекор нашиштем, таҳқиқот мебаремЧанде пеш, ҷумҳурии Қирғизистон воридоти ин ваксинро боздошт. Ба Ӯзбекистон бошад, аллакай ваксини мазкур ворид шудааст, вале маъракаи эжмгузаронӣ ба мисли Тоҷикистон мавқуф гузошта шудааст.
https://sputnik.tj/20210318/Ogoz-emguzaroni-bo-AstraZeneca-Tojikiston-malum-nest-1033021225.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/18/1031632311_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_0048f6e369299ba63a000649188d3e94.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тандурустӣ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тандурустӣ
Мардум норизо, аммо Ализода тавсиф кард: АstraZeneca - и Ҳиндустон чигуна ваксин аст?
13:00 18.03.2021 (Навсозишуда: 13:23 18.03.2021) Дар Тоҷикистон аксар мардум аз он нигарон аст, ки чаро дар доираи COVAX ваксини АstraZeneca на аз Аврупо, балки аз шаҳри Деҳлии Ҳиндустон ворид шуд
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Самариддин Ализода муовини вазири тандурустии Тоҷикистон ба Институте, ки ваксини АstraZeneca дар он истеҳсол ва вориди Тоҷикистон шуд, тавсиф намуд.
Ба муовини вазири тандурустӣ аз нигаронии аксар мардуми Тоҷикистон хабар доданд, ки ба ваксини таҳияшуда дар Ҳиндустон хушбин нестанд ва аз гирифтани эм ҳарос доранд.
Аммо Ализода мегӯяд, "ин Институт олиҷаноб аст" ва Тоҷикистон давоми чандин солҳо бо он ҳамкории зич дорад.
Ба маълумоти ӯ, аксар ваксинҳоро Тоҷикистон маҳз аз ҳамин институт дастрас мекунад ва сатҳу сифати маводи дорувории он ба дараҷаи олӣ аст.
Ӯ мегӯяд, мардум бояд нигарон набошанд, чун маъракаи эмгузаронӣ дар Тоҷикистон танҳо пас аз анҷоми тафтишоти СҶБ бобати муассирияти ваксини АstraZeneca шурӯъ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар доираи механизми COVAX 192 000 воя ваксини мазкурро аз Ҳиндустон ворид кард ва интизор меравад, ки ҳудуди 20 дарсади аҳолии мамлакат маҳз бо ҳамин ваксин эмгузаронӣ шаванд.
Аммо вақтҳои охир сару садоҳо дар мавриди таъсири манфии ин ваксин ба организми инсон зиёд шудааст ва дар ин робита аксар кишварҳои ИА аз истифодаи он даст кашиданд.
Чанде пеш, ҷумҳурии Қирғизистон воридоти ин ваксинро боздошт. Ба Ӯзбекистон бошад, аллакай ваксини мазкур ворид шудааст, вале маъракаи эжмгузаронӣ ба мисли Тоҷикистон мавқуф гузошта шудааст.