Соҳибони 4 мошини сабукрав ва Ҷоми "Пойтахт - 2021" имрӯз маълум мешаванд

© SputnikКубок столицы по борьбе гуштингири
Кубок столицы по борьбе гуштингири - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2021
Обуна шудан
Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини милли бо қарори Рустами Эмомалӣ аз 11 март дар қаламрави ҷумҳурӣ баргузор мешуд ва имрӯз бояд ниҳоӣ шавад
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ ҷамъбаст мегардад, хабар медиҳад агентии Ховар.
Ғолибони мусобиқаи мазкур  аз  ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо шоҳҷоизаҳо - 4 автомашинаи сабукрав, Ҷоми "Пойтахт-2021" ва туҳфаву ифтихорномаҳо мукофотонида мешаванд.
Греко-римская борьба - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2020
Чор медали паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Ҳиндустон
Бояд гуфт, ки мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ "Гӯштингирӣ" бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 11 марти соли 2021 баргузор гардида истодааст.
Дар мусобиқаи мазкур қариб 130 варзишгар аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ба ҳам омада, дар вазнҳои гуногун қувваозмоӣ намуданд.
Зикр мегардад, ки ҳадафи асосӣ аз роҳандозӣ намудани ин мусобиқаҳои варзишӣ ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонии сокинони  пойтахт  ва дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни миллӣ - Наврӯзи Аҷам мебошад.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба Иди Наврӯз баргузор намудани мусобиқаҳои гӯштингирӣ ва пойгаи аспдавонӣ дар пойтахт ба ҳукми анъана даромадааст.
Лентаи хабарҳо
0