Рӯзи байналмилалии Наврӯз: имрӯзи таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 21 марта
День 21 марта  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2021
Обуна шудан
Рӯзи бисту якуми март дар Тоҷикистон яке аз беҳтарин ҷашнҳои сол - Соли нав иди Наврӯз таҷлил мешавад

Рӯзи 21 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1857 дар натиҷаи заминларза ва сӯхтор дар Токио зиёда аз 100 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
Соли 1919 Ҷумҳурии Советии Венгрия соҳибистиқлол гардид.
Соли 1990 Намибия истиқлолият ба даст овард.
Соли 1993 дар раъйпурсӣ дар Тотористон 61%-и аҳолӣ барои соҳибистиқлолии мамлакат овоз доданд.
Соли 2009 дар шаҳри Душанбе аввалин меҳмонхонаи панҷситорадор дар Тоҷикистон -"Hyatt Regency" ба истифода дода шуд.

Рӯзи 21 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи XIII Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ баргузор гардид.
День 20 марта  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2021
Рӯзи фарҳанг ва зиёиёни эҷодкор дар Тоҷикистон: имрӯзи таърих
Соли 2013  дар шаҳри Ашқободи Туркманистон ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид. Тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ дар Ашқобод бо ширкати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳои Афғонистон, Эрон, Покистон, намояндагони воломақоми Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистону Қирғизистон, Тотористони Россия, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари шуъбаи ин созмон дар Женева Касимжомарт Токаев ва ҳайатҳои илмию фарҳангӣ аз кишварҳо ва созмонҳои дигар ҷараён гирифт.
Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба 500 нафар ятимон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим намуд.
Соли 2015 дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд маросими пардабардорӣ аз болои пайкараи Исмоили Сомонӣ сурат гирифт.
Соли 2017  лар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк миёни вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш дар робита ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки бо ибтикори мамалакати мо моҳи декабри соли 2016 дар Маҷмаи Умумии СММ қабул гардида буд, мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Ҷашнҳои рӯзи 21 март

  • Рӯзи байналмилалии Наврӯз.
Наврӯз 2020: таърих ва анъанаҳои ҷашни қадимӣ
  • Рӯзи байналмилалии Замин.
  • Рӯзи байналмилалии назм.
  • Рӯзи байналмилалии ҷангал.
  • Дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ- Рӯзи ҳуқуқи инсон.
  • Иди байналмилалии мубориза бар зидди зӯроварии нажодӣ.
  • Рӯзи сарҳадбонон дар Гурҷистон.
  • Рӯзи баҳор дар Ироқ.
  • Рӯзи истиқлолияти Намибия.
  • Рӯзи ҷавонон дар Тунис.
  • Рӯзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ.

Рӯзи 21 март кӣ ба дунё омадааст

Виктор Виткович (1908 – 1983) – кинодраматург.
Назокат Ғафурова (1919 – 1994) – доктори илми таърих, профессор.
Саодат Икромӣ (1914-1966)- Китобдори шоистаи Тоҷикистон.
Каримов Файзулло (1959) – устоди рақс, Ҳунарпешаи мардумииТоҷикистон.
Абдураҳмон Қодиров (1949) – доктори илми химия.
Сармад (Гадо Узбеков) (1947 – 1993) – шоир.
Хусрав (Ҳомидов) (1981)- шоир.
Шарифӣ Саъдулло (1950)- шоир.
Фазлиддин Шаҳобов (1911 – 1974) – Ҳофизи халқии Тоҷикистон. Ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.
Ойчӣ Юсуфова (1931)- Китобдори шоистаи Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0