https://sputnik.tj/20210321/Amrikoiho-saforat-Rusiya-izhorot-Bayden-uzr-1033041287.html
Амрикоиҳо аз сафорати Русия барои изҳороти Байден узр пурсиданд
Амрикоиҳо аз сафорати Русия барои изҳороти Байден узр пурсиданд
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан, сарвари Иёлоти Муттаҳида ҳангоми посух ба суоле, ки оё президенти Русияро "қотил" мешуморад, посухи мусбат дод. Путин дар посух, баҳамтои амрикоии худ... 21.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-21T09:00+0500
2021-03-21T09:00+0500
2021-04-12T14:33+0500
сиёсат
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
амрико
ҷо байден
узрхоҳӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/15/1033041224_0:0:3072:1738_1920x0_80_0_0_0ada8fa7608dea0e5fda38c63d8618e0.jpg
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Амрикоиҳо ба сафорати Русия дар Вашингтон мактубҳо ирсол намуда, аз ҳукумати Русия барои изҳороти ахири Байден пӯзиш хостанд, гуфт роҳбари намояндагии дипломатӣ Анатолий Антонов.Антонов дар робита ба қабули мактубҳо аз ҷониби амрикоҳо дар сафҳаи Facebook- и худ чунин навишт:Антонов қайд кард, ки "мавқеи амрикоиҳо ба ӯ таъсир кард ва онҳо мефаҳманд, ки муколамаи байни давлатҳо бояд дар асоси эҳтиром ва баробарии тарафайн асос ёбад." Ин равиш нишон медиҳад, ки потенсиали ба эътидол овардани робитаҳои байни халқҳои Русия ва Амрико боқӣ мондааст, гуфт ӯ.Ёдовар мешавем, ки қаблан Ҷо Байден дар мусоҳиба бо ABC News гуфта буд, ки Владимир Путин барои дахолати эҳтимолӣ ба интихоботи Амрико бояд “ҷавоб” диҳад."Ҷаҳон ба ҳоли ИМА механдад" : ғазаби амрикоиҳо аз таҳқири Байден нисбати ПутинИлова бар ин ӯ ошкоро аз кишвардори Русия “қотил”" ном бурд.Зимнан, дар посух ба иттиҳомоти Байден, Владимир Путин танҳо ба ӯ саломатӣ таманно кард ва пешниҳоди тамоси видеоӣ намуд.
https://sputnik.tj/20210320/bauden-havopaumo-aftid-navor-1033038402.html
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/15/1033041224_0:0:3072:1930_1920x0_80_0_0_f78ecbe6837ee04a1e0dc81175bc496a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сиёсат , ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, амрико, ҷо байден, узрхоҳӣ, дар русия
сиёсат , ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, амрико, ҷо байден, узрхоҳӣ, дар русия
Амрикоиҳо аз сафорати Русия барои изҳороти Байден узр пурсиданд
09:00 21.03.2021 (Навсозишуда: 14:33 12.04.2021) Қаблан, сарвари Иёлоти Муттаҳида ҳангоми посух ба суоле, ки оё президенти Русияро "қотил" мешуморад, посухи мусбат дод. Путин дар посух, баҳамтои амрикоии худ саломатӣ таманно кард ва пешниҳоди тамос видеоӣ намуд
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Амрикоиҳо ба сафорати Русия дар Вашингтон мактубҳо ирсол намуда, аз ҳукумати Русия барои изҳороти ахири Байден пӯзиш хостанд, гуфт роҳбари намояндагии дипломатӣ Анатолий Антонов.
Антонов дар робита ба қабули мактубҳо аз ҷониби амрикоҳо дар сафҳаи Facebook- и худ чунин навишт:
"Ман мехоҳам ба шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида, ки ба сафорат барои дастгирии рушди муносибатҳои дӯстонаи байни Русия ва ИМА нома фиристодаанд, миннатдории амиқ баён кунам. Бисёриҳо ихтилофи худро изҳор карданд ва барои изҳороти бемавқеъи ахир узр пурсиданд”.
Антонов қайд кард, ки "мавқеи амрикоиҳо ба ӯ таъсир кард ва онҳо мефаҳманд, ки муколамаи байни давлатҳо бояд дар асоси эҳтиром ва баробарии тарафайн асос ёбад." Ин равиш нишон медиҳад, ки потенсиали ба эътидол овардани робитаҳои байни халқҳои Русия ва Амрико боқӣ мондааст, гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Ҷо Байден дар мусоҳиба бо ABC News гуфта буд, ки Владимир Путин барои дахолати эҳтимолӣ ба интихоботи Амрико бояд “ҷавоб” диҳад.
Илова бар ин ӯ ошкоро аз кишвардори Русия “қотил”" ном бурд.
Зимнан, дар посух ба иттиҳомоти Байден, Владимир Путин танҳо ба ӯ саломатӣ таманно кард ва пешниҳоди тамоси видеоӣ намуд.