Долонҳои зиддитармавӣ ва таъмири роҳи Дарвоз – Рӯшон: ваъдаи Қодири Қосим

© Sputnik / Амир ИсаевКодири Косим на пресс-конференции Государственного Комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом РТ
Кодири Косим на пресс-конференции Государственного Комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2021
Обуна шудан
Қодири Қосим ба сокинони ВМКБ ваъда дод, ки имсол дар деҳаи Барсем долонҳои зиддитармавӣ сохта мешаванд
ДУШАНБЕ, 20 март - Sputnik. Сокинони аксар ноҳияҳои ВМКБ дар фасли зимистон бинобар боришоти зиёди барф ва фармафароию масдуд шудани роҳҳои мошингард ба мушкил рӯбарӯ мешаванд.
Барои бартараф кардани ин мушкилӣ, Қодири Қосим, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ба сокинон ваъда дод, ки долонҳои зиддитармавӣ месозанд.
Расчистка дороги от снежных завалов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Тарма, ки роҳи "Душанбе - Хоруғ" - ро баст, тоза шуд
Қодири Қосим дар ин бора аснои мулоқот бо сокинони ноҳияи Шуғнон  хабар дод.
Бано бар ваъдаи Қодири Қосим, имсол сохтмони долонҳои зиддитармавӣ дар деҳаи Барсеми ноҳияи мазкур шурӯъ мешавад.
 Илова бар ин, Қодири Қосим қавл дод, ки роҳи мошингарди Дарвозу – Рӯшон низ навсозӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2015 дар деҳаи Барсеми ВМКБ бар асари фаромадани сел, кӯли сунъӣ ба вуҷуд омад. Ин кӯл роҳи асосии мошингузарро валангор намуд ва зиёда аз 5 сол, сокинони ноҳияҳои водии Ғунд аз тариқи роҳе убур мекунанд, ки дар зимистон аз фаромадани тарма ва дар тирамоҳу баҳор аз тармаю сангрезӣ эъмин нест.
Тахриби бино: сел дар Барсем як манзили маскуниро ба коми худ кашид
Кӯле, ки дар деҳаи Барсем пайдо шуд, ҳудуди 56 оиларо беманзил гузошт. Сокиноне, ки бар асари ин офати табиӣ бе хонаву дар монданд, аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар як деҳаи нав, ки номашро баъдан ба Раҳмонобод иваз намуданд, соҳиби манзили зист шуданд.
Хисороти умумии сел дар Шуғнонро он замон  тақрибан 3 миллион доллар гуфтанд.
Лентаи хабарҳо
0