https://sputnik.tj/20210315/Tarma-roh-Dushanbe-Khoruq-1033006063.html
Тарма, ки роҳи "Душанбе - Хоруғ" - ро баст, тоза шуд
Тарма, ки роҳи "Душанбе - Хоруғ" - ро баст, тоза шуд
Sputnik Тоҷикистон
Тармаи азим, ки дар роҳи деҳаи Пастхуфи ВМКБ бегоҳи рӯзи гузашта фаромад ва ҳаракати нақлиётро баст, имрӯз тоза карда шуд 15.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-15T19:10+0500
2021-03-15T19:10+0500
2021-03-15T19:52+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102126/20/1021262062_22:0:979:541_1920x0_80_0_0_857638b271987e95f3d81c3b27d5aa5d.jpg
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар километри 550 - уми роҳи Душанбе - Кӯлоб- Хоруғ бегоҳи рӯзи 14 март тарма фаромада, ҳаракати нақлиётро дар ин масир маҳдуд кард, хабар медиҳад Раёсати КҲФ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.Ба иттилои манбаъ, тарма дар деҳаи Пастхуф тақрибан соати 17:50 дақиқа фаромад ва субҳи имрӯз ин роҳи мошингарди байналмилалӣ аз барф тоза шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин гардид.Илова бар ин, РКҲФ аз фаромадани ду тармаи дигар дар вилояти мазкур хабар медиҳад. Яке, соати 11:20 дақиқа дар километри 36 - уми мавзеи Хамвои деҳаи Хиҷиз фаромад, ки дар натиҷа роҳи самти Рӯшон - Бартанг муваққатан маҳкам гардид.Ин масир бегоҳи ҳамон рӯз аз барф тоза ва роҳ дигарбора барои ҳаракати нақлиёт кушода шуд.Ҳамчунин аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар доданд, ки дар километри 46-уми мавзеи Систи ҷамоати деҳоти А.Замирови ноҳияи Ишкошим дар натиҷаи лағзиши тарма роҳи мошингарди байналмиллалии самти Хоруғ-Ишкошим муваққатан маҳкам гардид.Барои тоза намудани роҳи мазкур 1 адад техника сафарбар карда шуд ва бегоҳи рӯзи 14 март роҳ комилан аз тарма пок шуд.
https://sputnik.tj/20210224/badakhshon-tarma-masir-masdud-1032877340.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102126/20/1021262062_70:0:931:541_1920x0_80_0_0_e7468f650f44663b7c2d4523f1c08001.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, нақлиёт
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, нақлиёт
Тарма, ки роҳи "Душанбе - Хоруғ" - ро баст, тоза шуд
19:10 15.03.2021 (Навсозишуда: 19:52 15.03.2021) Тармаи азим, ки дар роҳи деҳаи Пастхуфи ВМКБ бегоҳи рӯзи гузашта фаромад ва ҳаракати нақлиётро баст, имрӯз тоза карда шуд
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар километри 550 - уми роҳи Душанбе - Кӯлоб- Хоруғ бегоҳи рӯзи 14 март тарма фаромада, ҳаракати нақлиётро дар ин масир маҳдуд кард, хабар медиҳад Раёсати КҲФ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Ба иттилои манбаъ, тарма дар деҳаи Пастхуф тақрибан соати 17:50 дақиқа фаромад ва субҳи имрӯз ин роҳи мошингарди байналмилалӣ аз барф тоза шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин гардид.
Илова бар ин, РКҲФ аз фаромадани ду тармаи дигар дар вилояти мазкур хабар медиҳад. Яке, соати 11:20 дақиқа дар километри 36 - уми мавзеи Хамвои деҳаи Хиҷиз фаромад, ки дар натиҷа роҳи самти Рӯшон - Бартанг муваққатан маҳкам гардид.
Ин масир бегоҳи ҳамон рӯз аз барф тоза ва роҳ дигарбора барои ҳаракати нақлиёт кушода шуд.
Ҳамчунин аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар доданд, ки дар километри 46-уми мавзеи Систи ҷамоати деҳоти А.Замирови ноҳияи Ишкошим дар натиҷаи лағзиши тарма роҳи мошингарди байналмиллалии самти Хоруғ-Ишкошим муваққатан маҳкам гардид.
Барои тоза намудани роҳи мазкур 1 адад техника сафарбар карда шуд ва бегоҳи рӯзи 14 март роҳ комилан аз тарма пок шуд.