https://sputnik.tj/20210319/uzbekiston-parvozho-Tojikistonro-ziyod-1033032186.html
Ӯзбекистон шумораи парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистонро зиёд кард
Ӯзбекистон шумораи парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистонро зиёд кард
Sputnik Тоҷикистон
Ӯзбекистон теъдоди парвозҳои мунтазамро дар масири Тошканд-Душанбе афзоиш дод, акнун ҳавопаймоҳои ширкати ӯзбекӣ ҳафтае ду маротиба ба Тоҷикистон парвоз хоҳанд... 19.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-19T15:00+0500
2021-03-19T15:00+0500
2021-04-22T16:51+0500
ҳамаи хабарҳо
нақлиёт
ӯзбекистон
парвоз
дар тоҷикистон
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102496/69/1024966901_0:266:4580:2842_1920x0_80_0_0_070897717184cf902d13c58f8e953037.jpg
ДУШАНБЕ, 19 март - Sputnik. Ширкати миллии ҳавопаймоии Узбекистон шумораи парвозҳои мунтазамро аз Тошканд ба Душанбе афзоиш медиҳад, гуфта мешавад дар торномаи ин ширкат.Парвоз дар масири Тошканд - Душанбе аз пойтахти Ӯзбекистон соати 8-и субҳ (бо вақти маҳаллӣ) сурат мегирад, вақти парвоз як соатро ташкил хоҳад дод.Парвози Душанбе - Тошканд, тибқи ҷадвал, соати 11 сурат мегирад.Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки чиптаро дар масири Тошканд-Душанбе бо нархи 1 миллиону 629 миллион сӯм (тақрибан 155 доллар) дар қисмати эконом ва 2,256 миллион сӯм (215 доллар) дар синфи бизнес харидан мумкин аст.Нархи билети ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе-Тошканд аз класси эконом 1 миллиарду 622 миллион сӯм ва класси тиҷорӣ 3,039 миллион сӯм оғоз мешавад.Дар Ӯзбекистон парвозҳоро ба муносибати Наврӯз то 50% арзон мекунандХотиррасон мекунем, ки парвозҳои мунтазам аз Душанбе ба Тошканд 16 марти соли 2020 бо сабаби пандемияи коронавирус қатъ карда шуда буданд.Барои шаҳрвандон ва ҳамватанони хориҷӣ парвози махсуси чартерӣ ташкил карда шуд. Охирин парвози махсус байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рӯзи 5 январ анҷом шуд.Аз 20 январи соли равон ҳаракати ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барқарор карда шуд, парвозҳоро ширкати "Сомон Эйр" ва "Узбекские авиалинии" анҷом медиҳанд.Инчунин, гузариши шаҳрвандон тавассути гузаргоҳҳои заминӣ ҳоло қисман аз сар гирифта шудааст. Ҳамин тариқ, шаҳрвандоне, ки наздиконашон дар қаламрави ҳамсоя бемор шудаанд ё фавтидаанд, метавонанд аз сарҳад гузаранд.Умеди Ӯзбекистон барои роҳандозии парвозҳои мунтазам ба Русия дар моҳҳои март-апрелИнчунин, донишҷӯёни донишгоҳ ё онҳое, ки ҳамсар ё шавҳарашон дар он сӯ аст, метавонанд аз сарҳад гузаранд.
https://sputnik.tj/20210319/Rospotrebnadzor-Toikiston-tarif-kard-raft-1033030875.html
ӯзбекистон
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102496/69/1024966901_251:0:4315:3048_1920x0_80_0_0_7b71b60323f4c61669a3dc484449d184.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, нақлиёт, ӯзбекистон, парвоз, дар тоҷикистон, душанбе
ҳамаи хабарҳо, нақлиёт, ӯзбекистон, парвоз, дар тоҷикистон, душанбе
Ӯзбекистон шумораи парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистонро зиёд кард
15:00 19.03.2021 (Навсозишуда: 16:51 22.04.2021) Ӯзбекистон теъдоди парвозҳои мунтазамро дар масири Тошканд-Душанбе афзоиш дод, акнун ҳавопаймоҳои ширкати ӯзбекӣ ҳафтае ду маротиба ба Тоҷикистон парвоз хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 19 март - Sputnik. Ширкати миллии ҳавопаймоии Узбекистон шумораи парвозҳои мунтазамро аз Тошканд ба Душанбе афзоиш медиҳад, гуфта мешавад дар торномаи ин ширкат.
Ҳамин тариқ, аз 3 апрел парвозҳо ҳафтае ду маротиба рӯзҳои чоршанбе ва шанбе анҷом дода мешаванд, ҳол он ки ҳавопаймоҳои қаблӣ байни кишварҳо як маротиба парвоз мекарданд.
Парвоз дар масири Тошканд - Душанбе аз пойтахти Ӯзбекистон соати 8-и субҳ (бо вақти маҳаллӣ) сурат мегирад, вақти парвоз як соатро ташкил хоҳад дод.
Парвози Душанбе - Тошканд, тибқи ҷадвал, соати 11 сурат мегирад.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки чиптаро дар масири Тошканд-Душанбе бо нархи 1 миллиону 629 миллион сӯм (тақрибан 155 доллар) дар қисмати эконом ва 2,256 миллион сӯм (215 доллар) дар синфи бизнес харидан мумкин аст.
Нархи билети ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе-Тошканд аз класси эконом 1 миллиарду 622 миллион сӯм ва класси тиҷорӣ 3,039 миллион сӯм оғоз мешавад.
Хотиррасон мекунем, ки парвозҳои мунтазам аз Душанбе ба Тошканд 16 марти соли 2020 бо сабаби пандемияи коронавирус қатъ карда шуда буданд.
Барои шаҳрвандон ва ҳамватанони хориҷӣ парвози махсуси чартерӣ ташкил карда шуд. Охирин парвози махсус байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рӯзи 5 январ анҷом шуд.
Аз 20 январи соли равон ҳаракати ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барқарор карда шуд, парвозҳоро ширкати "Сомон Эйр" ва "Узбекские авиалинии" анҷом медиҳанд.
Инчунин, гузариши шаҳрвандон тавассути гузаргоҳҳои заминӣ ҳоло қисман аз сар гирифта шудааст. Ҳамин тариқ, шаҳрвандоне, ки наздиконашон дар қаламрави ҳамсоя бемор шудаанд ё фавтидаанд, метавонанд аз сарҳад гузаранд.
Инчунин, донишҷӯёни донишгоҳ ё онҳое, ки ҳамсар ё шавҳарашон дар он сӯ аст, метавонанд аз сарҳад гузаранд.