https://sputnik.tj/20210319/Rospotrebnadzor-Toikiston-tarif-kard-raft-1033030875.html
“Роспотребнадзор” Тоҷикистонро таъриф карду рафт: роҳҳои Русия боз мешаванд?
“Роспотребнадзор” Тоҷикистонро таъриф карду рафт: роҳҳои Русия боз мешаванд?
Sputnik Тоҷикистон
Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳайати “Роспотребнадзор” – и Русия аз кори Тоҷикистон дар мубориза бо “вируси корона” тавсиф карда, субҳи имрӯз ба Русия баргашт 19.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-19T13:00+0500
2021-03-19T13:00+0500
2021-03-19T14:39+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/06/1032033835_0:157:3000:1845_1920x0_80_0_0_3c15f2e87e4377612fe449dbdaf28992.jpg
ДУШАНБЕ, 19 мар – Sputnik. Як манбаъи ҳозир дар ҷаласа бо ширкати ҳайати “Роспотребнадзор”, Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва вазорати тандурустии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳайати русӣ дар чаласаи хатмӣ аз зарфиятҳо ва омодагиҳои пизишкони тоҷик тавсиф кард.Онҳо дар ҳузури намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба фаъолиятҳои пизишкони тоҷик баҳои баланд доданд, бахусус ба корҳои ташхисӣ-лабораторӣ, афзуд манбаъ.Ҳайате аз Институти таҳқиқотии зидди вабои Русия "Микроб" -и Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (Роспотребнадзор) рӯзи 16 март ба Душанбе омада буд.Ҳадафи ин сафар тақвияти ҳамкориҳо байни Роспотребнадзор ва вазорати тандурустии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими некӯаҳволии санитарию эпидемиявии аҳолии ду кишвар арзёбӣ шуд.Ин сафари ҳайати Русия имкони татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи ҳифзи санитарии қаламравҳо ва муқовимат ба таҳдидҳои сироятиро, аз ҷумла тавассути таҳқиқоти муштарак, эҷоди нерӯи инсонӣ ва лабораторӣ, ҳамоҳангсозии равишҳои ду кишвар дар соҳаи таъмини некӯаҳволии санитарию эпидемии аҳолӣ, аз ҷумла пешгирӣ ва назорати бемориҳои сироятӣ фароҳам меорад.Дар гузашта Ширин Амонзода, вазири меҳнати Тоҷикистон гуфта буд, ки аз Русия барои арзёбии вазъи эпидемиологии Тоҷикистон як комиссияи босалоҳият меояд ва дар сурати тасдиқи набуди СОVID-19 дар ҷумҳурӣ масъалаи вуруди шаҳрвандони кишвар ба Русия баррасӣ хоҳад шуд.“Бо фиристодани як комиссияи босалоҳият ва аз назар гузарондани вазъият, масъалаи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро бознигарӣ мекунанд”, - гуфт вазири меҳнати Тоҷикистон.Қаблан мақомоти Русия эълон карда буданд, ки мутахассисони “Роспотребнадзор”-и Русия барои арзёбии вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард ва хулосаи онҳо дар Ситоди пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Русия баррасӣ мешавад.Оё дар баҳор парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад: посухи мутахассисМанбаъи Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, баҳои баланди ҳайати “Роспотребнадзор” ба вазъи эпидемиологӣ дар Тоҷикистон ин умедвориро ба вуҷуд меорад, ки масъалаи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ҳалли мусбат хоҳад ёфт.
https://sputnik.tj/20210317/Rospotrebnadzor-Ozmoishgoh-bozdid-1033015175.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/06/1032033835_166:0:2835:2002_1920x0_80_0_0_e24a219695c426fccc495f60c2935570.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тандурустӣ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тандурустӣ
“Роспотребнадзор” Тоҷикистонро таъриф карду рафт: роҳҳои Русия боз мешаванд?
13:00 19.03.2021 (Навсозишуда: 14:39 19.03.2021) Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳайати “Роспотребнадзор” – и Русия аз кори Тоҷикистон дар мубориза бо “вируси корона” тавсиф карда, субҳи имрӯз ба Русия баргашт
ДУШАНБЕ, 19 мар – Sputnik. Як манбаъи ҳозир дар ҷаласа бо ширкати ҳайати “Роспотребнадзор”, Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва вазорати тандурустии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳайати русӣ дар чаласаи хатмӣ аз зарфиятҳо ва омодагиҳои пизишкони тоҷик тавсиф кард.
Онҳо дар ҳузури намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба фаъолиятҳои пизишкони тоҷик баҳои баланд доданд, бахусус ба корҳои ташхисӣ-лабораторӣ, афзуд манбаъ.
"Аз нигоҳи онҳо, чораҳои зиддиэпидемикие, ки Тоҷикистон дар замони пандемия гирифтааст, меъёрӣ буда, дар сатҳи баланд роҳандозӣ шудаанд. Аз ин хотир, ин кишвар дар мубориза бо COVID-19 муваффақ будааст”, - гуфт ин манбаъ.
Ҳайате аз Институти таҳқиқотии зидди вабои Русия "Микроб" -и Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (Роспотребнадзор) рӯзи 16 март ба Душанбе омада буд.
Ҳадафи ин сафар тақвияти ҳамкориҳо байни Роспотребнадзор ва вазорати тандурустии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими некӯаҳволии санитарию эпидемиявии аҳолии ду кишвар арзёбӣ шуд.
Ин сафари ҳайати Русия имкони татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи ҳифзи санитарии қаламравҳо ва муқовимат ба таҳдидҳои сироятиро, аз ҷумла тавассути таҳқиқоти муштарак, эҷоди нерӯи инсонӣ ва лабораторӣ, ҳамоҳангсозии равишҳои ду кишвар дар соҳаи таъмини некӯаҳволии санитарию эпидемии аҳолӣ, аз ҷумла пешгирӣ ва назорати бемориҳои сироятӣ фароҳам меорад.
Дар гузашта Ширин Амонзода, вазири меҳнати Тоҷикистон гуфта буд, ки аз Русия барои арзёбии вазъи эпидемиологии Тоҷикистон як комиссияи босалоҳият меояд ва дар сурати тасдиқи набуди СОVID-19 дар ҷумҳурӣ масъалаи вуруди шаҳрвандони кишвар ба Русия баррасӣ хоҳад шуд.
“Бо фиристодани як комиссияи босалоҳият ва аз назар гузарондани вазъият, масъалаи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро бознигарӣ мекунанд”, - гуфт вазири меҳнати Тоҷикистон.
Қаблан мақомоти Русия эълон карда буданд, ки мутахассисони “Роспотребнадзор”-и Русия барои арзёбии вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард ва хулосаи онҳо дар Ситоди пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Русия баррасӣ мешавад.
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, баҳои баланди ҳайати “Роспотребнадзор” ба вазъи эпидемиологӣ дар Тоҷикистон ин умедвориро ба вуҷуд меорад, ки масъалаи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ҳалли мусбат хоҳад ёфт.