Раҳмон гуфт, 1 млн ҷои кор ташкилу муҳоҷират 60% кам шуд: ҳушдорҳои наврӯзии 2021 - видео

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан, Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Республики Таджикистан, Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо нашри як паём мардуми кишвару ҳамватанони бурунмарзиро бо Наврӯзи байналмилалӣ шодбош гуфта, инчунин аз мушкилоти сол ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 19 мар – Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, Наврӯз ҳамчун бузургтарин ойини мардумӣ таърихи беш аз шаш ҳазор солро дар бар мегирад ва ин падидаи асили фарҳангӣ ҳаргиз куҳнашавиро намепазираду дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати мардуми мо боқӣ мемонад.
Автозаправка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2021
“АИ – 92 нест”: бензин даҳҳо вагон ворид шуд, аммо арзон намешавад
“Дар ҷаҳонбинии ниёгони мо Наврӯз таҷассуми пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ бар сардӣ ва хубӣ бар бадӣ мебошад. Ва табиист, ки чунин суннати пурарзиши табиӣ ва инсондӯстонаву хайрхоҳона ба ҳеҷ гуна маҳдудият тобеъ намегардад”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳур зикр намуд, ки ҳавзаи тамаддунии Наврӯз дар тӯли таърихи дуру дарози мавҷудияти он қаламрави минтақаҳои мухталифро фаро гирифта, фарҳанги халқу миллатҳои гуногуни оламро рангорангу ғанӣ гардонидааст. Ва беҳуда нест, ки мардуми дунё ҳамдигарро бо ибораи зебои тоҷикии “Наврӯз муборак” таҳният мегӯянд, изҳор дошт Раҳмон.
Ӯ дар идома аз ободкориҳо суҳбат карда, соҳибкоронро ба ташкили ҷойҳои нави корӣ барои ҳамватанон даъват намуд.
“Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ва бо дастгирии соҳибкорони бонангу номуси мо танҳо дар ҳафт соли охир дар кишвар беш аз як миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуда, шумораи шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 60 фоиз коҳиш ёфт”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ зарур хонд, ки минбаъд низ амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии кишвар, рушди соҳаи кишоварзӣ ва муҳайё кардани ҷойҳои нави кориро вусъат дода, бо ҳамин роҳ шиддати муҳоҷирати меҳнатиро паст намоем.

Ҳушдори Раҳмон аз соли мушкил, ҷаҳиши нархҳо ва камбуди маҳсулот

Раисиҷумҳур бо зикри он, ки баҳор фасли зудгузар мебошад, таъкид намуд, ки тибқи пешгӯии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ соли 2021 барои мардуми сайёра яке аз солҳои вазнинтарин ва ҳатто ҳалокатбор хоҳад буд.
Заправочная колонка на автозаправочной станции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2021
Бозори сӯзишвории Тоҷикистон: моро чӣ интизор аст?
“Дар чунин шароит мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем ва нагузорем, ки мардуми мо аз лиҳози таъминот бо маводи ғизоӣ танқисӣ кашанд ва муҳтоҷи дигарон шаванд”, - таъкид кард раисиҷумҳур.
Ӯ афзуд, ман ба кишоварзон ва ҳамаи онҳое, ки дар ихтиёри худ як ваҷаб замин доранд, муроҷиат карда, даъват менамоям, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоиди баҳорӣ кишти зироатҳоро сари вақт анҷом диҳанд, аз як замин ду – се ҳосил рӯёнанд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоиро зиёд намоянд.
“Хусусан имсол, ки таъсири пандемияи коронавирус, буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ ва натиҷаи манфии он – болоравии нархҳо ва камчин гардидани маводи ғизоӣ ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла ба Тоҷикистони мо низ идома дорад, ҳар як сокини кишвар бояд ба ин масъала эътибори аввалиндараҷа диҳад”, - зарур хонд Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳур дар хитоб ба мардум афзуд, мову шумо ҳаргиз фаромӯш накунем, ки давлати соҳибихтиёр ва Ватани соҳибистиқлол дорем, яъне Ватан аз мост ва бурду бохташ низ аз мост.
“Пас, биёед, ҳама муттаҳиду сарҷамъона заҳмат кашем, мушкилоти иҷтимоии халқамонро бартараф намоем, сатҳу сифати зиндагии мардумамонро баланд бардорем”, - даъват кард Эмомалӣ Раҳмон.
Лентаи хабарҳо
0