https://sputnik.tj/20210312/benzin-tojikiston-nest-1032992963.html
“АИ – 92 нест”: бензин даҳҳо вагон ворид шуд, аммо арзон намешавад
“АИ – 92 нест”: бензин даҳҳо вагон ворид шуд, аммо арзон намешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ронандагоне, ки мошинҳояшон бо бензин кор мекунад, мегӯянд, маҷбуранд бензини навъи 95 – ро бо нархи гаронтар харидорӣ кунанд 12.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-12T16:18+0500
2021-03-12T16:18+0500
2021-03-12T17:30+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/02/1032929415_0:103:3001:1791_1920x0_80_0_0_1a1de082c693821efeaafcb204744169.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Ду рӯзи ахир нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар баробари қимати бензини АИ – 92 рақами сифрро менависанд. Ин на ба маънои бепул, балки набудани худи ин навъи бензин аст.Дар тоблуҳои нархи ҳудуди 10 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар масири роҳи Гардиши фурудгоҳ то маҳаллаи 191, мавсум ба километри 9 – уми шаҳри Душанбе, қимати бензини навъи АИ – 92 бо чор адади сифр (0) ишора шудааст ва фақат дар нуқтаи савдое дар охири ин масир қимати он 8 сомониву 10 дирам нишон дода шудааст.Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон як фурӯшанда дар нуқтаи сӯзишворие ба номи “Муҳаммадӣ” гуфт, ду рӯз аст, ки ба ҷуз газ дигар намуди сӯзишворӣ – бензинҳои навъи 92 – ву 95 ва ҳам дизелиро намефурӯшанд.“Ширкатҳое, ки ба мо ин сӯзишвориҳоро медоданд, худ онҳоро надоранд. Мегӯянд, воридот нест”, - гуфт ӯ.Ронандагоне, ки мошинҳояшон бо бензин кор мекунад, мегӯянд, маҷбуранд бензини навъи 95 – ро бо нархи гаронтар харидорӣ кунанд.“Ҳамин ҳам, ду рӯзи пеш 8 сомониву 20 дирам буд, ҳоло 8 – у 40”, - гуфт яке аз онҳо.Кулли явмин бадтарSputnik Тоҷикистон 5 март зимни як матлаби таҳлилӣ дар такя ба додаҳои расмӣ гузориш дода буд, ки то 10 март қимати бензини навъи 92 ба 8,1 ва 31 март – 9 сомонӣ хоҳад расид. Аммо бино ба гузоришҳо, дар бархе нуқоти музофотии кишвар ҳоло нархи бензин ба 9 то 10 сомонӣ расидааст, ки қаблан пешбинӣ намешуд.Як манбаъи огоҳ аз масъала ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳамин рӯзу пагоҳ дар умум 31 вагон бензини навъҳои 92 – ву 95 ва 21 вагон сӯзишвории дизелӣ ворид мешавад.Ҷаҳиши якбораи нархи бензин дар Тоҷикистон“Бензине, ки имрӯз вориди бозор шуда, ба 8 сомониву 10 дирам фурӯхта мешавад, ҳанӯз аввали моҳи март даромада буд. Вагонҳое, ки нав ворид мешаванд, мутаассифона, қимати сӯзишвориро коҳиш намедиҳанд, баръакс, гаронтар то 8 сомониву 50 дирам тамом мешаванд”, - гуфт ин манбаъ.Дар ҳамин ҳол, ширкатҳои воридкунандаи нафт низ ба мушкилот мувоҷеҳ шудаанд. Захира надоранд, агар қимат фурӯшанд, бозорро номуътадил мекунанд, ки хилофи қонун аст. Ширкатҳои хурд батамом аз кор монда, ширкатҳои бузургтар ба чолишҳои мухталифи бозорӣ рӯбарӯ шудаанд.Бино ба иттилои дарёфтӣ, “Газпромнефт Тоҷикистон”, бузургтарин бозигари бозори сӯзишвории Тоҷикистон, фурӯши яклухти бензинро ба чаканафурӯшон қатъ кардааст. Як манбаъи огоҳ гуфт, ин ширкат барои таъмини нуқтаҳои фурӯӯши сӯзишворие, ки худ дорад, дучори мушкил шудааст.Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон 20 ширкати воридкунандаи бензин ва ба ҳамин теъдод ширкати воридкунандаи сӯзишвории дизелӣ фаъолият доранд, ки бузургтаринашон “Газпромнефт Тоҷикистон” 37,27% - и бензин ва 41,7% - и дизели бозорро таъмин мекунад.Ширкатҳои “Сеганҷ” – 11,14%, “Эмом импорт – экспорт” – 7,59%, “Ангишти Айнӣ” – 5,17%, “Ғайрат – 82” – 4,78%, “Соро компания” -4,37%, “Шарипов Ё” – 4,17% ва бақия аз 3 то 0,60% - и бензини Тоҷикистонро ворид менамоянд.Дар воридоти сӯзишвории дизелӣ пас аз “Газпромнефт Тоҷикистон“ саҳми бештарро ширкати “Сеганҷ” ва Агентии давлатии захираҳои модии назди ҳукумати Тоҷикистон доранд, ки мутаносибан 8,64% ва 3,70% - и бозорро таъмин мекунанд.Чӣ бояд кард?Қазоқистон ва Қирғизистон, ки мутаносибан 15,24% ва 2,02% - и воридоти маҳсулоти нафтии Тоҷикистон ба онҳо рост меояд, содиротро қатъ кардаанд, бузургтарин воридкунанда - Русия (78,43%) низ худ ба мушкилоти ҳамсон мувоҷеҳ гаштааст.Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз як литр бензини навъи 92 дар худи шаҳри Маскав 6,82 сомонӣ, 95 – 7,66 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ – 7,54 сомонӣ нарх дорад.Таҳлилгарон мегӯянд, ин ба он маъност, ки партия ё воридоти ҷадиде, ки дар оянда хоҳад шуд, қиматтар аз он хоҳад уфтод, ки ин дафъа меафтад. Нуруллоҳ Ҳусейнов, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, дар навбати аввал ҳукумат метавонад бархе сарбориҳое, ки бар нархҳо гузошта мешавад, метавонад бардорад.“Аз ҷумла, барасмиятдарории гумрукӣ, арзиши аксиз ва ғайрар, ки тақрибан 10% - и нархро ташкил медиҳанд, метавонад қадам ба қадам бардорад. Дар навбати дуюм, андози арзиши изофаро, ки низ атрофи 10% - и нарх ҳаст, метавон бардошт. Ин ба буҷа зарба мезанад, аммо як роҳи раҳоӣ аст. Дар навбати охир метавонад ба захираҳои давлатӣ даст занад. Чаро дар охир? Аз нигоҳи ман, вазъи ҳозира пешбининашаванда аст ва захира муҳимтар аз пул аст”, - гуфт коршинос.Оё дар соли 2021 нархи бензин боло меравад? посухи Хадамоти зиддиинҳисорӣБо ин ҳам, ин коршинос бар он аст, ки то ташдиди буҳрон як роҳи ҳалли дигаре пайдо шавад, роҳе, ки фақат мӯъҷиза хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20210312/benzin-tojikiston-kambud-1032991017.html
https://sputnik.tj/20210304/Benzin-Qirgiziston-marz-Tajikistan-nerui-nizomi-ezom--1032936972.html
https://sputnik.tj/20210208/Tajikistan-benzin-vorid--1032777991.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/02/1032929415_0:0:2671:2003_1920x0_80_0_0_d4921cc4c2be572b31a0921e13114a6e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон
“АИ – 92 нест”: бензин даҳҳо вагон ворид шуд, аммо арзон намешавад
16:18 12.03.2021 (Навсозишуда: 17:30 12.03.2021) Ронандагоне, ки мошинҳояшон бо бензин кор мекунад, мегӯянд, маҷбуранд бензини навъи 95 – ро бо нархи гаронтар харидорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Ду рӯзи ахир нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар баробари қимати бензини АИ – 92 рақами сифрро менависанд. Ин на ба маънои бепул, балки набудани худи ин навъи бензин аст.
Дар тоблуҳои нархи ҳудуди 10 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар масири роҳи Гардиши фурудгоҳ то маҳаллаи 191, мавсум ба километри 9 – уми шаҳри Душанбе, қимати бензини навъи АИ – 92 бо чор адади сифр (0) ишора шудааст ва фақат дар нуқтаи савдое дар охири ин масир қимати он 8 сомониву 10 дирам нишон дода шудааст.
Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон як фурӯшанда дар нуқтаи сӯзишворие ба номи “Муҳаммадӣ” гуфт, ду рӯз аст, ки ба ҷуз газ дигар намуди сӯзишворӣ – бензинҳои навъи 92 – ву 95 ва ҳам дизелиро намефурӯшанд.
“Ширкатҳое, ки ба мо ин сӯзишвориҳоро медоданд, худ онҳоро надоранд. Мегӯянд, воридот нест”, - гуфт ӯ.
Ронандагоне, ки мошинҳояшон бо бензин кор мекунад, мегӯянд, маҷбуранд бензини навъи 95 – ро бо нархи гаронтар харидорӣ кунанд.
“Ҳамин ҳам, ду рӯзи пеш 8 сомониву 20 дирам буд, ҳоло 8 – у 40”, - гуфт яке аз онҳо.
Sputnik Тоҷикистон 5 март зимни як матлаби таҳлилӣ дар такя ба додаҳои расмӣ гузориш дода буд, ки то 10 март қимати бензини навъи 92 ба 8,1 ва 31 март – 9 сомонӣ хоҳад расид. Аммо бино ба гузоришҳо, дар бархе нуқоти музофотии кишвар ҳоло нархи бензин ба 9 то 10 сомонӣ расидааст, ки қаблан пешбинӣ намешуд.
Як манбаъи огоҳ аз масъала ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳамин рӯзу пагоҳ дар умум 31 вагон бензини навъҳои 92 – ву 95 ва 21 вагон сӯзишвории дизелӣ ворид мешавад.
“Бензине, ки имрӯз вориди бозор шуда, ба 8 сомониву 10 дирам фурӯхта мешавад, ҳанӯз аввали моҳи март даромада буд. Вагонҳое, ки нав ворид мешаванд, мутаассифона, қимати сӯзишвориро коҳиш намедиҳанд, баръакс, гаронтар то 8 сомониву 50 дирам тамом мешаванд”, - гуфт ин манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, ширкатҳои воридкунандаи нафт низ ба мушкилот мувоҷеҳ шудаанд. Захира надоранд, агар қимат фурӯшанд, бозорро номуътадил мекунанд, ки хилофи қонун аст. Ширкатҳои хурд батамом аз кор монда, ширкатҳои бузургтар ба чолишҳои мухталифи бозорӣ рӯбарӯ шудаанд.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, “Газпромнефт Тоҷикистон”, бузургтарин бозигари бозори сӯзишвории Тоҷикистон, фурӯши яклухти бензинро ба чаканафурӯшон қатъ кардааст. Як манбаъи огоҳ гуфт, ин ширкат барои таъмини нуқтаҳои фурӯӯши сӯзишворие, ки худ дорад, дучори мушкил шудааст.
“Аз сӯи дигар, аз зовияи воридоти бештар ҳам хавф дорад, ки зиён хоҳад дид. Тасаввур кунед, ки сӯзишвориро ба нархи қимат ворид кунад ҳам, дафъаи дигар боз қиматтар ворид хоҳад кард. Суду зиёнро намешавад пешбинӣ кард. Ҳам дар бозори хориҷӣ ва ҳам дохилӣ эътидол нест”, - гуфт ин манбаъ.
Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон 20 ширкати воридкунандаи бензин ва ба ҳамин теъдод ширкати воридкунандаи сӯзишвории дизелӣ фаъолият доранд, ки бузургтаринашон “Газпромнефт Тоҷикистон” 37,27% - и бензин ва 41,7% - и дизели бозорро таъмин мекунад.
Ширкатҳои “Сеганҷ” – 11,14%, “Эмом импорт – экспорт” – 7,59%, “Ангишти Айнӣ” – 5,17%, “Ғайрат – 82” – 4,78%, “Соро компания” -4,37%, “Шарипов Ё” – 4,17% ва бақия аз 3 то 0,60% - и бензини Тоҷикистонро ворид менамоянд.
Дар воридоти сӯзишвории дизелӣ пас аз “Газпромнефт Тоҷикистон“ саҳми бештарро ширкати “Сеганҷ” ва Агентии давлатии захираҳои модии назди ҳукумати Тоҷикистон доранд, ки мутаносибан 8,64% ва 3,70% - и бозорро таъмин мекунанд.
Қазоқистон ва Қирғизистон, ки мутаносибан 15,24% ва 2,02% - и воридоти маҳсулоти нафтии Тоҷикистон ба онҳо рост меояд, содиротро қатъ кардаанд, бузургтарин воридкунанда - Русия (78,43%) низ худ ба мушкилоти ҳамсон мувоҷеҳ гаштааст.
Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз як литр бензини навъи 92 дар худи шаҳри Маскав 6,82 сомонӣ, 95 – 7,66 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ – 7,54 сомонӣ нарх дорад.
Таҳлилгарон мегӯянд, ин ба он маъност, ки партия ё воридоти ҷадиде, ки дар оянда хоҳад шуд, қиматтар аз он хоҳад уфтод, ки ин дафъа меафтад.
Нуруллоҳ Ҳусейнов, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, дар навбати аввал ҳукумат метавонад бархе сарбориҳое, ки бар нархҳо гузошта мешавад, метавонад бардорад.
“Аз ҷумла, барасмиятдарории гумрукӣ, арзиши аксиз ва ғайрар, ки тақрибан 10% - и нархро ташкил медиҳанд, метавонад қадам ба қадам бардорад. Дар навбати дуюм, андози арзиши изофаро, ки низ атрофи 10% - и нарх ҳаст, метавон бардошт. Ин ба буҷа зарба мезанад, аммо як роҳи раҳоӣ аст. Дар навбати охир метавонад ба захираҳои давлатӣ даст занад. Чаро дар охир? Аз нигоҳи ман, вазъи ҳозира пешбининашаванда аст ва захира муҳимтар аз пул аст”, - гуфт коршинос.
Бо ин ҳам, ин коршинос бар он аст, ки то ташдиди буҳрон як роҳи ҳалли дигаре пайдо шавад, роҳе, ки фақат мӯъҷиза хоҳад буд.