Эмомалӣ Раҳмон гуфт, бе маблағгузорӣ намешавад ба ислоҳот муваффақ шуд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2021
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар чорабинии СММ гуфт, бе маблағгузорӣ ва сармоягузории муносиб раванди татбиқи ислоҳот наметавонад муваффақ бошад
ДУШАНБЕ, 19 мар - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниисатҳи баланд – "Татбиқи ҳадафу вазифаҳои Рӯзномаи 2030 роҷеъ ба масъалаҳои об", ки дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк ба таври маҷозӣ баргузор шуд, сухан гуфт.
Нишаст дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" баргузор шуд.
Ва президенти Тоҷикистон дар ин замина гуфт, "вақте мо оид ба эълони ин Даҳсола ташаббус намудем, ҳадафи аслӣ аз оғози ҳарчи зудтари амалҳое, ки ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об мусоидат мекунанд, иборат буд".
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2021
Ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди СММ
Президент ба ҳозирин иттилоъ дод, ки Тоҷикистон дар соҳаи оби кишвар як қатор таҳаввулоти ҷиддиро роҳандозӣ намудааст.
Чунончӣ, ҷиҳати такмили низоми оби кишвар ва мутобиқ кардани он ба талаботи муосир Барномаи даҳсолаи ислоҳоти соҳаи обро то соли 2025 қабул карда, онро зина ба зина амалӣ гардонида истодаем.
Ҳамчунин, кишвардор гуфт, дар доираи ин ислоҳот соли 2020 Кодекси об дар таҳрири нав ва мутобиқ ба талаботи идораи маҷмӯии захираҳои об қабул гардид.
Дар баробари ин, ташкилотҳои ҳавзавии дарёҳо таъсис дода шуданд.
Қонун "Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов" низ дар таҳрири нав қабул гардид, ки афзалияти ҳуқуқи инсонро ба оби нӯшокӣ таъкид менамояд.
Дар баробари ин Эмомалӣ Раҳмон гуфт, бе маблағгузорӣ ва сармоягузории муносиб раванди татбиқи ислоҳот наметавонад муваффақ бошад.
"Чунин ҳолат на танҳо хоси Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои рӯ ба рушд ва камтараққӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, дастгирии онҳо аз ҷониби кишварҳои донор ва шарикони рушд, хусусан дар маблағгузорӣ ва рушди инфрасохтори соҳаи об, хеле муҳим дониста мешавад", - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин президенти Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки бе муттаҳид сохтани талошҳои ҳама ҷонибҳои манфиатдор, хусусан дар вазъияти таъсири рӯзафзуни таҳдидҳои муосир, ноил гаштан ба ҳадафҳои рушди устувор ғайриимкон аст.
Пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон: 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шавад
Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" заминаи мусоидро барои ба ҳам овардани амалҳо фароҳам меорад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он бояд ба таври муносиб истифода намояд.
Лентаи хабарҳо
0