https://sputnik.tj/20210319/Faronsa-Ukraina-omor-COVID-19-1033029755.html
Маҳдудиятҳои нав дар Фаронса ва Украина: омори тозаи COVID - 19 дар ҷаҳон
Маҳдудиятҳои нав дар Фаронса ва Украина: омори тозаи COVID - 19 дар ҷаҳон
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамагирии коронавирус ҳамоно дар ҷаҳон доман паҳн мекунад ва кишварҳои Ғарб дар робита ба густариши ин вабои аср дубора маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд 19.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-19T14:30+0500
2021-03-19T14:30+0500
2021-08-10T17:01+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
фаронса
украина
маҳдудият
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/16/1032676242_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_7c452ea229728da9aff0cecd28b680ed.jpg
ДУШАНБЕ, 19 мар - Sputnik. Теъдоди гирифторони коронавирус дар олам ба 122 миллиону 376 ҳазору 806 нафар ва фавтидагон ба 2 миллиону 703 ҳазору 253 нафар расид.Шабонарӯзи гузашта боз 176 ҳазору 535 нафар чун сироятшудаи нав ва 5 512 нафар фавтида ба қад гирифта шуда, 89 ҳазору 174 нафар дар ҳоли вазнин қарор дошта, то ба имрӯз 98 миллиону 662 ҳазору 185 нафар пурра шифо ёфтаанд. Дар Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта ягон ҳодисаи гирифторӣ аб ин вабои аср ба қайд гирифта нушадааст, хабар медиҳад КҲФ.Кишварҳое, ки аз ҳама бештар гирифторон ба вируси корона доранд: То ба имрӯз 113 миллион доза воксан миёни аҳолии ИМА тақсим шудааст.Дар Лаҳистон зарфи як шабонарӯзи гузашта боз бештар аз 27 ҳазор мубталоёни нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Ин рақам болотарин рақам аз замони ҳамагирист.Ҷопон тасмим гирифтааст шумори тестҳо барои коронавирусро то 40 дарсад афзоиш диҳад.Чин зарфи шабонарӯзи гузашта 12 сироятшудаи нав ба КОВИД-19-ро сабт кард.Ҳамзамон бо афзоиши нигаронӣ нисбат ба мавҷи сеюми корона дар Фаронса маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мешаванд ва дар як қатор шаҳрҳо, аз ҷумла Порис аз нав карантин ҷорӣ мешавад.Аз 20 – уми марти соли 2021 дар пойтахти Украина карантини шадид ҷорӣ хоҳад шуд. Қарор аст он то 9-уми апрел, муддати се ҳафта идома кунад. Бино ба маълумоти расмӣ шабонарӯзи гузашта дар Украина беш аз 15 ҳазор сироятшудаи нав ба SARS-CoV-2 ба қайд гирифта шудааст. Аввалин сироятшуда бо штамми "британиёии" коронавирус дар қаламрави Озарбойҷон ба қайд гирифта шуд.Дар Қазоқистон зарфи як шабонарӯзи гузашта 1186 ҳодисаи сироят ба коронавирусро сабт кардаанд. Русия ва Қирғизистон дар мавриди 500 ҳазор доза воксани русии "Спутник V" ба тавофуқ расидаанд.Нурмат Отабеков – ҷонишини сардори ниҳоди санитариву эпидемиологии Ӯзбекистон дар бораи афзоиши мубталоён ба коронавирус миёни кӯдакон хабар дод. То имрӯз, 19-уми март дар Ӯзбекистон 80 971 ҳодисаи сироят ба коронавирус ошкор шудааст. Афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ ба COVID - 19 миёни кӯдакон дар ӮзбекистонҶонишини вазири тандурустии Тоҷикистон Самариддин Ализода изҳор дошт, ки Тоҷикистон аз истифодаи воксани AstraZeneca даст намекашад.То имрӯз кишвар 192 ҳазор дозаи воксани AstraZenecaро ба даст овардааст. Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон кишвар сар аз моҳи январ орӣ аз коронавирус аст.
https://sputnik.tj/20210318/Ogoz-emguzaroni-bo-AstraZeneca-Tojikiston-malum-nest-1033021225.html
https://sputnik.tj/20210319/Ukraina-karantin-1033029694.html
фаронса
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/16/1032676242_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_699a229e336e67b46d6febafeec51a74.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, фаронса, украина, маҳдудият, коронавирус
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, фаронса, украина, маҳдудият, коронавирус
Маҳдудиятҳои нав дар Фаронса ва Украина: омори тозаи COVID - 19 дар ҷаҳон
14:30 19.03.2021 (Навсозишуда: 17:01 10.08.2021) Ҳамагирии коронавирус ҳамоно дар ҷаҳон доман паҳн мекунад ва кишварҳои Ғарб дар робита ба густариши ин вабои аср дубора маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 19 мар - Sputnik. Теъдоди гирифторони коронавирус дар олам ба 122 миллиону 376 ҳазору 806 нафар ва фавтидагон ба 2 миллиону 703 ҳазору 253 нафар расид.
Шабонарӯзи гузашта боз 176 ҳазору 535 нафар чун сироятшудаи нав ва 5 512 нафар фавтида ба қад гирифта шуда, 89 ҳазору 174 нафар дар ҳоли вазнин қарор дошта, то ба имрӯз 98 миллиону 662 ҳазору 185 нафар пурра шифо ёфтаанд. Дар Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта ягон ҳодисаи гирифторӣ аб ин вабои аср ба қайд гирифта нушадааст, хабар медиҳад КҲФ.
Кишварҳое, ки аз ҳама бештар гирифторон ба вируси корона доранд:
- ИМА — 30 358 880
- Бразилия — 11 787 600
- Ҳинд —11 514 331
- Русия — 4 428 239
- Британия и Кабир — 4 280 882
- Фаронса — 4 181 607
То ба имрӯз 113 миллион доза воксан миёни аҳолии ИМА тақсим шудааст.
Дар Лаҳистон зарфи як шабонарӯзи гузашта боз бештар аз 27 ҳазор мубталоёни нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Ин рақам болотарин рақам аз замони ҳамагирист.
Ҷопон тасмим гирифтааст шумори тестҳо барои коронавирусро то 40 дарсад афзоиш диҳад.
Чин зарфи шабонарӯзи гузашта 12 сироятшудаи нав ба КОВИД-19-ро сабт кард.
Ҳамзамон бо афзоиши нигаронӣ нисбат ба мавҷи сеюми корона дар Фаронса маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мешаванд ва дар як қатор шаҳрҳо, аз ҷумла Порис аз нав карантин ҷорӣ мешавад.
Аз 20 – уми марти соли 2021 дар пойтахти Украина карантини шадид ҷорӣ хоҳад шуд. Қарор аст он то 9-уми апрел, муддати се ҳафта идома кунад.
Бино ба маълумоти расмӣ шабонарӯзи гузашта дар Украина беш аз 15 ҳазор сироятшудаи нав ба SARS-CoV-2 ба қайд гирифта шудааст.
Аввалин сироятшуда бо штамми "британиёии" коронавирус дар қаламрави Озарбойҷон ба қайд гирифта шуд.
Дар Қазоқистон зарфи як шабонарӯзи гузашта 1186 ҳодисаи сироят ба коронавирусро сабт кардаанд.
Русия ва Қирғизистон дар мавриди 500 ҳазор доза воксани русии "Спутник V" ба тавофуқ расидаанд.
Нурмат Отабеков – ҷонишини сардори ниҳоди санитариву эпидемиологии Ӯзбекистон дар бораи афзоиши мубталоён ба коронавирус миёни кӯдакон хабар дод. То имрӯз, 19-уми март дар Ӯзбекистон 80 971 ҳодисаи сироят ба коронавирус ошкор шудааст.
Ҷонишини вазири тандурустии Тоҷикистон Самариддин Ализода изҳор дошт, ки Тоҷикистон аз истифодаи воксани AstraZeneca даст намекашад.
То имрӯз кишвар 192 ҳазор дозаи воксани AstraZenecaро ба даст овардааст. Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон кишвар сар аз моҳи январ орӣ аз коронавирус аст.