Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Киев қарантини шадид ҷорӣ мекунад

© AP / Fernando LlanoЛюди в защитных масках. архивное фото
Люди в защитных масках. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2021
Обуна шудан
Мири шаҳри Киев Виталий Кличко аз ҷорӣ шудани қарантини шадиди се ҳафтаина хабар дод. Теъдоди ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба коронаиврус дар Украина ҳамарӯза меафзояд
ДУШАНБЕ, 19 мар - Sputnik. Аз 20 март то 9 апрел дар Киев бинобар бад шудани вазъият дар робита ба паҳншавии коронавирус, қарантини шадид ҷорӣ мегардад.
Дар бораи ҷорӣ шудани қарантин раиси шаҳри Киев Виталий Кличко дар сафҳаи Facebook хабар додааст.
"Аз 00:00 - и 20 март, аниқтараш аз шаби ҷумъа ба шанбе дар Киев қарантини шадид ҷорӣ мешавад. Зеро наҷот додани ҷони одамон афзалтар аст. Ин маҳдудиятҳо то се ҳафта идома хоҳанд ёфт",  - таъкид намудааст мири шаҳри Киев.
Гуфта мешавад, то 9 апрел ҳамаи кинотеатрҳо, толорҳои консертӣ, осорхонаҳо ва марказҳои тиҷоратӣ фаъолияти худро қатъ мекунанд.
Танҳо мағозаҳои хӯрокворӣ, дорухонаҳо ва ҳамчунин фурӯшгоҳҳои ҳайвонот бо риояи тамоми чораҳои беҳдоштӣ фаъол мемонанд.
Коронавирус ба Украина расид: дари макотиб баста ва чорабиниҳои оммавӣ манъ гардиданд
Дари ибодатгоҳҳо низ баста шуда, иштироки тамошобинон дар мусобиқаҳои варзишӣ манъ карда шудааст. Зимнан, кӯдакистонҳо дар режими маъмулӣ фаъолият мекунанд, аммо толибилмон  ба таҳсили фосилавӣ мегузаранд.
Бояд гуфт, ки шабонарӯзи ахир дар Украина 15 053 ҳолати ҷадид сироятшавии шаҳрвандон ба вируси COVID - 19 сабт гардидааст, ки аз ин миён бештар аз 1 ҳазор мариз дар Киев ба қайд гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0