Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Ӯзбекистон АstraZeneca - ро дастрас кард, аммо эмгузарониро мавқуф гузошт

© AFP 2023 / Christophe EnaВакцина AstraZeneca
Вакцина AstraZeneca - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Обуна шудан
Мутахассисони ӯзбекистонӣ мегӯянд, то даме, ки муассирияти ин ваксин собит нашавад, мардумро эм нахоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Ӯзбекистон низ ба мисли Тоҷикистон дар доираи механизми COVAX ваксини ройгони АstraZeneca - ро дастрас кард. Аммо ин кишвар ҳоло ба эмгузаронии мардум шитоб намекунад ва баръакс хулосаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар мавриди бехавф будани ин ваксинро интизоранд.
Вакцина от коронавируса AstraZeneca - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Аврупо аз AstraZeneca рӯ мегардонад: дар Тоҷикистон бо ин ваксин эмкунӣ шурӯъ мешавад
Манобеи Sputnik Ӯзбекистон бо истинод ба муовини вазири беҳдошт Баҳодур Юсупалиев хабар медиҳад, ки мутахассисони тамоми ҷаҳон хулосаи ниҳоии СҶБ дар мавриди ин ваксинро интизоранд.
Аммо муовини вазир таъкид намудааст, ки хулосабарории пешакӣ ҳам чандон дуруст нест. Зеро тромбоз шояд аз миёни як миллион нафар танҳо як кас шавад ва шояд он нафар гирифтори ягон маризии музмин бошад.
Ӯ мегӯяд, ҳолатҳои маргу мири нафарони эмгирифта шояд на ваксин, балки маҳз беморие бошад, ки аз он азият мекашанд.
"Мо ҳамчун иштирокчиёни барномаи COVAX, дар қатори дигар давлатҳо, тавсияҳои СҶБ- ро риоя мекунем. Умедворем, мо ин ваксинро истифода хоҳем кард", - илова намудааст Юсупалиев.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон шоми 8 март дар ҳаҷми 192 000 воя ваксини AstraZeneca - ро тавассути парвози махсуси "Сомон - Эйр" аз шаҳри Деҳлӣ дастрас кард.
Феълан дар Тоҷикистон низ марҳилаи эмгузаронӣ шурӯъ нашудааст ва шояд сару садоҳои зиёд дар мавриди таъсири нохуби ин ваксин ба организми инсон, мутахассисони тоҷикро боздоштааст.
Лентаи хабарҳо
0