https://sputnik.tj/20210312/avrupo-astrazeneca-tojikiston-em-1032990229.html
Аврупо аз AstraZeneca рӯ мегардонад: дар Тоҷикистон бо ин ваксин эмкунӣ шурӯъ мешавад
Аврупо аз AstraZeneca рӯ мегардонад: дар Тоҷикистон бо ин ваксин эмкунӣ шурӯъ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон чанде пеш дар доираи механизми COVAX миқдори муайяни ваксинаи AstraZeneca - ро дастрас кард 12.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-12T11:51+0500
2021-03-12T11:51+0500
2021-04-19T16:45+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
дар ҷаҳон
тандурустӣ
аврупо
эмгузаронӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032759662_0:0:3123:1756_1920x0_80_0_0_f6d40299588616a99b4b6d055333e1c2.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таври оммавӣ аз ваксини AstraZeneca рӯ мегардонанд. Ҳоло дасти кам 9 давлат: Австрия, Дания, Норвегия, Исланлия, Эстония, Литва, Латвия, Люксембург ва Кипр аз истифодаи ваксинаи мазкур даст кашиданд. Ҳамзамон Италия низ ба вуруди ин ваксин нуқта гузошт.Саркашӣ аз истифодаи ваксинаи AstraZeneca пас аз он сар зад, ки сару садоҳо дар мавриди бад шудани вазъи нафароне, ки эм гирифтаанд, якбора авҷ гирифт.Ҳатто дар чанде аз кишварҳои аврупоӣ мавориди фавт пас аз гирифтани эм бо AstraZeneca низ ба қайд гирифта шуд.Муайян гардидааст, ки аксар эмгирифтагон ба мушкилии тромбоэмболӣ гирифтор шуданд. Аммо ширкати AstraZeneca ҳамоно пофишорӣ мекунад, ки ваксини онҳо комилан бехавф аст ва наметавонад боиси пайдо шудани чунин мушкилиҳо шавад.Дасткашии аксар давлатҳои ИА аз ваксини AstraZeneca дар ҳолест, ки Тоҷикистон чанде пеш дар доираи механизми COVAX ин намуд ваксинро дастрас кард.Ваксинаи AstraZeneca шоми 8 март дар ҳаҷми 192 000 воя тавассути парвози махсуси Сомон-Эйр аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд.Қарор дар бораи омодагӣ ба эмгузаронӣ ва дастур ба вазоратхонаҳои ТоҷикистонВазорат дар робита ба дастрас кардани ваксини мазкур итилоъ дод, ки бақияи ваксинаҳо дар ояндаи наздик марҳила ба марҳила ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд.Зикр мегардад, ки дар марҳилаи аввал кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм эм карда мешаванд.Тоҷикистон интизори воридоти беш аз ним миллион ваксинаи коронавирус дар моҳи май астҚаблан масъулини Вазорати тандурустии кишвар гуфта буданд, ки дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон 5,8 миллион нафар бояд алайҳи коронавирус эм карда шаванд.
https://sputnik.tj/20210309/vaksina-AstraZeneca-Tojikiston-1032967462.html
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032759662_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_64a032c2c8003ecc61e644c1bc79e71a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, дар ҷаҳон, тандурустӣ, аврупо, эмгузаронӣ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, дар ҷаҳон, тандурустӣ, аврупо, эмгузаронӣ
Аврупо аз AstraZeneca рӯ мегардонад: дар Тоҷикистон бо ин ваксин эмкунӣ шурӯъ мешавад
11:51 12.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Тоҷикистон чанде пеш дар доираи механизми COVAX миқдори муайяни ваксинаи AstraZeneca - ро дастрас кард
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таври оммавӣ аз ваксини AstraZeneca рӯ мегардонанд. Ҳоло дасти кам 9 давлат: Австрия, Дания, Норвегия, Исланлия, Эстония, Литва, Латвия, Люксембург ва Кипр аз истифодаи ваксинаи мазкур даст кашиданд. Ҳамзамон Италия низ ба вуруди ин ваксин нуқта гузошт.
Саркашӣ аз истифодаи ваксинаи AstraZeneca пас аз он сар зад, ки сару садоҳо дар мавриди бад шудани вазъи нафароне, ки эм гирифтаанд, якбора авҷ гирифт.
Ҳатто дар чанде аз кишварҳои аврупоӣ мавориди фавт пас аз гирифтани эм бо AstraZeneca низ ба қайд гирифта шуд.
Муайян гардидааст, ки аксар эмгирифтагон ба мушкилии тромбоэмболӣ гирифтор шуданд. Аммо ширкати AstraZeneca ҳамоно пофишорӣ мекунад, ки ваксини онҳо комилан бехавф аст ва наметавонад боиси пайдо шудани чунин мушкилиҳо шавад.
Дасткашии аксар давлатҳои ИА аз ваксини AstraZeneca дар ҳолест, ки Тоҷикистон чанде пеш дар доираи механизми COVAX ин намуд ваксинро дастрас кард.
Ваксинаи AstraZeneca шоми 8 март дар ҳаҷми 192 000 воя тавассути парвози махсуси Сомон-Эйр аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд.
Вазорат дар робита ба дастрас кардани ваксини мазкур итилоъ дод, ки бақияи ваксинаҳо дар ояндаи наздик марҳила ба марҳила ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд.
Зикр мегардад, ки дар марҳилаи аввал кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм эм карда мешаванд.
Қаблан масъулини Вазорати тандурустии кишвар гуфта буданд, ки дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон 5,8 миллион нафар бояд алайҳи коронавирус эм карда шаванд.