Навгониҳои соҳаи ҳарбӣ дар Тоҷикистон

Обуна шудан
Дар Тоҷикистон қонуни нави ҳарбӣ ба тасвиб расид, ки навгонии асосии он хизмати пулакӣ мебошад

Дар Тоҷикистон ба соҳаи ҳарбӣ низ тағйиру иловаҳо ворид гардид. Агар қаблан донишҷӯёне, ки дар кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳо мехонданд, аз хизмати ҳарбӣ озод буданд. Аммо тибқи тағйироти нав, ҳоло онҳо низ маҷбуранд, то як сол дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмат кунанд. Илова бар ин, Тоҷикистон ба мисли Қазоқистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон хизмати пулакиро ҷорӣ кард, аммо то кунун маблағи он дақиқ нест.

Ҳоло дар Тоҷикистон шумораи умумии ҳарбиён 9 ҳазор нафар гуфта мешавад. Илова бар ин, 151,1 ҳазор ҷавонони Тоҷикистон дар синни аскарӣ қарор доранд.

Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2021
Эмомалӣ Раҳмон дар бораи хизмати пулакӣ ва супориш ба раисон дар даъвати нав

Тибқи лоиҳаи қонуни нав, ки аллакай вакилон онро тасдиқ карданду президент имзо гузошт, ба чанд гурӯҳ бо сабабҳои вижа ҳуқуқи ба таъхир андохтани хизмати ҳарбӣ ва ё озод шудан аз он дода шуд.

Чунончи, шаҳрвандоне, ки бинобар вазъи саломатӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд, шаҳрвандоне, ки пайвандони онҳо ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ вафот кардаанд ё маъюби гурӯҳҳои 1 ва 2 гардидаанд, онҳое, ки дар оила писари ё писархонди ягона мебошанд, инчунин, шахсони дорои унвони номзади илм, доктори фалсафа, доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат мебошанд, ҳуқуқ доранд аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод мебошанд.

Инчунин, даъватшавандае, ки модараш ба ғайр аз ӯ боз ду фарзанди ноболиғро танҳо тарбия менамояд, вакилони маҷлиси маҳаллии вакилони халқ, донишҷӯёне, ки бори аввал дар шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи дараҷаи бакалавр ё мутахассис таҳсил менамоянд, метавонанд хизмати ҳарбиро ба таъхир андозанд.

Ёдрас мешавем, қонуни нави ҳарбӣ дар Тоҷикистон 20 январ тасдиқ шуд. Яке аз навгониҳое, ки дар он зикр мегардад, ин ҷорӣ шудани ҳуқуқи озод шудан аз хизмат бо пардохи маблағи муайян мебошад.

Чаро мӯҳлати хизмат кам нашуд?

Бо вуҷуди тағйиру иловаҳо ба соҳаи ҳарбӣ, мӯҳлати хизмат дар Тоҷикистон кам нашуд. Дар робита ба ин, Шералӣ Мирзо вазири мудофиа гуфт, шароити ҳозира то 18 моҳ ё 12 моҳ кам кардани муҳлати хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок аз лиҳози нигоҳ доштани сатҳи баланди омодабошии ҷангӣ ва омилҳои иқтисодӣ ба мақсад мувофиқ намебошад.

"Дар кишварҳое, ки муҳлати хизмати ҳарбиашон 12 ё 18 моҳ мебошад, хизмати ҳарбии шартномавӣ ҷорӣ гардида, сатҳи омодабошии ҷангӣ аз ҳисоби ҳамин ҷузъу томҳо, ки зиёда аз 50 фоизи шумораи умумиро ташкил медиҳанд, нигоҳ дошта мешавад", - таъкид кард вазир.

Инчунин, то 18 моҳ кам кардани муҳлати хизмати ҳарбӣ, бо дарназардошти хусусиятҳои таъминоти ақибгоҳӣ (муҳлатҳои истифодабарии сарулибос ва дигар амволи шайъӣ), хароҷотро то 30 фоиз зиёд менамояд, афзуд вай.

Лентаи хабарҳо
0