https://sputnik.tj/20210223/Emomali-Rahmon-khizmat-pulaki-raison-1032875047.html
Эмомалӣ Раҳмон дар бораи хизмати пулакӣ ва супориш ба раисон дар даъвати нав
Эмомалӣ Раҳмон дар бораи хизмати пулакӣ ва супориш ба раисон дар даъвати нав
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар солгарди рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи кишвар бархе аз навгониҳои хидмати ҳарбӣ, аз ҷумла хизмати пулакӣ дар... 23.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-23T11:55+0500
2021-02-23T11:55+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
хизмат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102679/12/1026791235_0:0:2400:1350_1920x0_80_0_0_c078e8d2cc03420a8f42b17af9f6c18d.jpg
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи артиши миллӣ хотиррасон кард, ки чанд чанд рӯз пештар қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар таҳрири нав қабул гардида, ба бархе қонунҳои дигар тағйирот ворид шуд.Раисиҷумҳур ҳадафи ин навгониҳоро ҳавасманд гардонидани шаҳрвандон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ барои мудофиаи давлат омода кардани шумораи бештари ҷавонон гуфт.“Ҷорӣ гардидани намуди нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, дар навбати аввал, барои ба шаҳрвандони синни даъват омӯзонидани асосҳои умумии хизмати ҳарбӣ ва ба ҳайати захираҳои сафарбарӣ ворид кардани онҳо равона шудааст”, - изҳор дошт Раҳмон.Раисиҷумҳури Тоҷикистон Вазорати мудофиа, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо якҷоя бо дигар сохтору мақомоти давлатиро, ки масъули татбиқи қонуни зикршуда мебошанд, вазифадор кард, ки барои ташкили босифати маъракаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва ҷалби ҷавонон барои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.“Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки омӯзиши пешакии шаҳрвандони синни даъват дуруст ба роҳ монда шуда, дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузаронидани чорабиниҳои табобативу солимгардонӣ ва бо истифода аз имкониятҳои Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ҷиҳати омода кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва ҳарчи бештар ҷалб намудани онҳо ба намудҳои варзиши ҳарбию амалӣ ва омӯхтани ихтисосҳои бақайдгирии ҳарбӣ чораҷӯӣ карда шавад”, - дастур дод Раҳмон.Бар асоси қонуни ҷадид, хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ шудааст, ки мувофиқи он шаҳрвандони синни даъватӣ ба таври ихтиёрӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ ва пардохти маблағи муайян, ки андозаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд.Иловаҳои воридгардида ба қонунҳои мақомоти судӣ, прокуратура, гумрук, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Хадамоти иҷро, қабули шаҳрвандонро ба кор дар мақомоти номбурда пас аз адои хизмати ҳарбӣ пешбинӣ менамоянд.
https://sputnik.tj/20210223/jobajoguzori-kadr-Prezident-nizomiyon-1032875004.html
https://sputnik.tj/20210223/Nizomi-poygoh-sobiqador-Vatan-1032874951.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102679/12/1026791235_192:0:2315:1592_1920x0_80_0_0_5ff987cc81eb22dd15cb97fa53caff35.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, хизмат
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, хизмат
Эмомалӣ Раҳмон дар бораи хизмати пулакӣ ва супориш ба раисон дар даъвати нав
11:55 23.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар солгарди рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи кишвар бархе аз навгониҳои хидмати ҳарбӣ, аз ҷумла хизмати пулакӣ дар ҳайати захиравиро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи артиши миллӣ хотиррасон кард, ки чанд чанд рӯз пештар қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар таҳрири нав қабул гардида, ба бархе қонунҳои дигар тағйирот ворид шуд.
Раисиҷумҳур ҳадафи ин навгониҳоро ҳавасманд гардонидани шаҳрвандон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ барои мудофиаи давлат омода кардани шумораи бештари ҷавонон гуфт.
“Ҷорӣ гардидани намуди нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, дар навбати аввал, барои ба шаҳрвандони синни даъват омӯзонидани асосҳои умумии хизмати ҳарбӣ ва ба ҳайати захираҳои сафарбарӣ ворид кардани онҳо равона шудааст”, - изҳор дошт Раҳмон.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Вазорати мудофиа, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо якҷоя бо дигар сохтору мақомоти давлатиро, ки масъули татбиқи қонуни зикршуда мебошанд, вазифадор кард, ки барои ташкили босифати маъракаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва ҷалби ҷавонон барои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
“Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки омӯзиши пешакии шаҳрвандони синни даъват дуруст ба роҳ монда шуда, дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузаронидани чорабиниҳои табобативу солимгардонӣ ва бо истифода аз имкониятҳои Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ҷиҳати омода кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва ҳарчи бештар ҷалб намудани онҳо ба намудҳои варзиши ҳарбию амалӣ ва омӯхтани ихтисосҳои бақайдгирии ҳарбӣ чораҷӯӣ карда шавад”, - дастур дод Раҳмон.
Бар асоси қонуни ҷадид, хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ шудааст, ки мувофиқи он шаҳрвандони синни даъватӣ ба таври ихтиёрӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ ва пардохти маблағи муайян, ки андозаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд.
Иловаҳои воридгардида ба қонунҳои мақомоти судӣ, прокуратура, гумрук, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Хадамоти иҷро, қабули шаҳрвандонро ба кор дар мақомоти номбурда пас аз адои хизмати ҳарбӣ пешбинӣ менамоянд.