Ҳомиладор шудаст: Савронбӣ гуфт, чаро маъшуқи 22-солаашро кушт - видео

© МВД РТАрест женщины, убившей своего парня
Арест женщины, убившей своего парня - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гузориш додааст, ки Савронбии Файзуллои 27-сола дар пайи баҳси таваллуд ё исқоти ҳамли кӯдаки дар батнаш буда, маъшуқаш Ғаффурҷон Талабови 22-соларо куштаст
ДУШАНБЕ, 17 мар – Sputnik. Ба иттилои ВУД, Савронбӣ, зодаи ноҳияи Восеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонии Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ иҷоранишин буда, бо ҷавон Ғаффурҷон Талабов муносиботи маҳрамона доштааст.
Здание МВД Республики Таджикистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Шарҳи ВКД дар бораи қатли писараки 7-сола дар Душанбе
Манбаъ афзуд, ки ҷавонзан моҳи августи соли 2020 бо Ғаффурҷон Талабови 22-сола шинос шуда, миёнашон муносибатҳои маҳрамона барқарор шудаанд.
Ба гузориши ВУД, ахиран муайян шудааст, ки Савронбӣ дар ҳафтаи 6-уми ҳомиладорӣ қарор дорад ва субҳи 11 март дар ин бора ба маъшуқаш хабар медиҳад. Дар заминаи баҳси таваллуд ё исқоти ҳамл миёни Савронбӣ ва Ғаффурҷон муноқиша сар задааст, ки дар натиҷа ҷавонзан ба қафаси синаи маъшуқаш бо корд се зарба задааст.
Дар гузориш Савронбӣ бо чашми гирён қазияро нақл мекунад. Назари бевоситаи ӯ ё ҷониби ҳимояаш феълан маълум нест.
ВУД мегӯяд, прокуратураи ноҳияи Ҳамадонӣ нисбати Савронбии Файзулло бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, феълан тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0