Мушкилот думболи мушкилӣ: эмгузаронӣ дар Аврупо чӣ гуна сурат мегирад - навор

Обуна шудан
Аксар кишварҳои Аврупо ба далели мушкилиҳо дар раванди эмгузаронӣ бо ваксини AstraZeneca аз истифодаи он даст кашиданд
Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таври оммавӣ аз ваксини AstraZeneca рӯ мегардонанд. Ҳоло дасти кам 9 давлат: Австрия, Дания, Норвегия, Исланлия, Эстония, Литва, Латвия, Люксембург ва Кипр аз истифодаи ваксинаи мазкур даст кашиданд. Ҳамзамон Италия низ ба вуруди ин ваксин нуқта гузошт.
Вакцинация от коронавируса в Испании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Аврупо аз ваксинаи AstraZeneca, ки Тоҷикистон аллакай ворид кардааст, даст мекашад
Саркашӣ аз истифодаи ваксинаи AstraZeneca пас аз он сар зад, ки сару садоҳо дар мавриди бад шудани вазъи нафароне, ки эм гирифтаанд, якбора  авҷ гирифт.
Ҳатто дар чанде аз кишварҳои аврупоӣ мавориди фавт пас аз гирифтани эм бо AstraZeneca низ ба қайд гирифта шуд.
Муайян гардидааст, ки аксар эмгирифтагон ба мушкилии тромбоэмболӣ гирифтор шуданд.
Аммо ширкати AstraZeneca ҳамоно пофишорӣ мекунад, ки ваксини онҳо комилан бехавф аст ва наметавонад боиси пайдо шудани чунин мушкилиҳо шавад.
Лентаи хабарҳо
0