https://sputnik.tj/20210317/Shoygu-Afqoniston-nigaron-1033013431.html
Шойгу аз ҳаракати террористон ба Афғонистон ва бозори гарми маводи мухаддир нигарон аст
Шойгу аз ҳаракати террористон ба Афғонистон ва бозори гарми маводи мухаддир нигарон аст
Sputnik Тоҷикистон
Вазири дифои Русия Сергей Шойгу ҳамчунин аз амалҳои эътилофи ғарбӣ низ изҳори нигаронӣ кард, чун рафтан ва ё бозмондани онҳо дар ин кишвар бо гузашти чандин... 17.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-17T10:57+0500
2021-03-17T10:57+0500
2021-03-17T11:03+0500
ҳамаи хабарҳо
дар русия
амният ва мудофиа
сергей шойгу
афғонистон
нигаронӣ
маводи мухаддир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103058/36/1030583622_0:195:2935:1846_1920x0_80_0_0_d3fcae7b0434edfec4c6eb26e5abd0a1.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Русия аз ҳаракати гурӯҳҳои бузурги террористон ба Ҷумҳурии Афғонистон шадидан нигарон аст, мегӯяд, Сергей Шойгу вазири мудофиаи ин кишвар.Ба таъкиди Шойгу, феълан гуруҳҳои бузурги террористӣ, аз ҷумла ДОИШ (фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия) ба кишварҳои гуногун рахна шудаанд ва теъдоди бузурги онҳо роҳ ба сӯи Афғонистонро пеш гирифтаанд.Шойгу дар мусоҳиба ба Tengrinews.kz. таъкид намуд, "ташвишовар он аст, ки мо вуруди ҷангиёнеро мушоҳида мекунем, ки аз Афғонистон ба Сурия кӯчиданд ва ҳамзамон ба сафи онҳо дигароне пайвастанд, ки аз дигар давлатҳо ба Сурия омада буданд".Ба гуфтаи ӯ, масъалаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва истеҳсоли барзиёди он ҳам боиси нигаронист."Мо ҳама дар ин минтақа, дар ин қаламрави умумии худ зиндагӣ мекунем. Ин раванд албатта ба халқҳои барои мо бародар, аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон, ки бо онҳо дар тӯли асрҳо якҷоя зиндагӣ кардем ва хоҳем кард, бетаъсир намемонад", - нигаронӣ намудааст вазири Русия.Илова бар ин, Сергей Шойгуро амалҳои эътилофи ғарбӣ низ нигарон намудааст. Ӯ мегӯяд, давоми чанд сол рафтан ва ё боқӣ мондани онҳо маълум нест. Тасмими Амрико, ки дар аҳди Трамп қатъӣ буд, бо сари қудрат омадани Байден тағйир ёфт.Вазири Русия мегӯяд, ба мардуми Афғонистон бояд имконияте фароҳам овард, то онҳо тавонанд чизи беҳтаре ба ҷузъ маводи мухаддир истеҳсол кунанд ва зиндагии худро пеш баранд.Дар Афғонистон феълан задухӯрдҳои шадид миёни неруҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни Толибон (созмони террористие, ки фаъолияти он дар Тоҷикистону Русия манъ аст) идома дорад.Ҳоло нерӯҳои дифоъ ва амнияти миллии Афғонистон дар сартосари кишвар амалиёти муштараки зиддитеррористӣ анҷом медиҳанд.
https://sputnik.tj/20210313/kushta-va-zakhm-infijor-terrorist-Hirot-Afghanistan-1032996530.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103058/36/1030583622_184:195:2654:2047_1920x0_80_0_0_ff187b7cfce51dbc60b860dcf9fd062f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар русия, амният ва мудофиа, сергей шойгу, афғонистон, нигаронӣ, маводи мухаддир
ҳамаи хабарҳо, дар русия, амният ва мудофиа, сергей шойгу, афғонистон, нигаронӣ, маводи мухаддир
Шойгу аз ҳаракати террористон ба Афғонистон ва бозори гарми маводи мухаддир нигарон аст
10:57 17.03.2021 (Навсозишуда: 11:03 17.03.2021) Вазири дифои Русия Сергей Шойгу ҳамчунин аз амалҳои эътилофи ғарбӣ низ изҳори нигаронӣ кард, чун рафтан ва ё бозмондани онҳо дар ин кишвар бо гузашти чандин сол ниҳоӣ нашудааст
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Русия аз ҳаракати гурӯҳҳои бузурги террористон ба Ҷумҳурии Афғонистон шадидан нигарон аст, мегӯяд, Сергей Шойгу вазири мудофиаи ин кишвар.
Ба таъкиди Шойгу, феълан гуруҳҳои бузурги террористӣ, аз ҷумла ДОИШ (фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия) ба кишварҳои гуногун рахна шудаанд ва теъдоди бузурги онҳо роҳ ба сӯи Афғонистонро пеш гирифтаанд.
Шойгу дар мусоҳиба ба Tengrinews.kz. таъкид намуд, "ташвишовар он аст, ки мо вуруди ҷангиёнеро мушоҳида мекунем, ки аз Афғонистон ба Сурия кӯчиданд ва ҳамзамон ба сафи онҳо дигароне пайвастанд, ки аз дигар давлатҳо ба Сурия омада буданд".
Ба гуфтаи ӯ, масъалаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва истеҳсоли барзиёди он ҳам боиси нигаронист.
"Мо ҳама дар ин минтақа, дар ин қаламрави умумии худ зиндагӣ мекунем. Ин раванд албатта ба халқҳои барои мо бародар, аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон, ки бо онҳо дар тӯли асрҳо якҷоя зиндагӣ кардем ва хоҳем кард, бетаъсир намемонад", - нигаронӣ намудааст вазири Русия.
Илова бар ин, Сергей Шойгуро амалҳои эътилофи ғарбӣ низ нигарон намудааст. Ӯ мегӯяд, давоми чанд сол рафтан ва ё боқӣ мондани онҳо маълум нест. Тасмими Амрико, ки дар аҳди Трамп қатъӣ буд, бо сари қудрат омадани Байден тағйир ёфт.
"Ман борҳо ба ҳамкасбони худ аз Амрико ва Бритониё гуфтам, ки шумо бояд замоне қаламрави ин кишварро тарк кунед, ки мардум осоишта зиндагӣ кунад ва ба ҷузъ аз истеҳсолу фурӯши маводи мухаддир ба ягон шуғли дигар машғул шаванд".
Вазири Русия мегӯяд, ба мардуми Афғонистон бояд имконияте фароҳам овард, то онҳо тавонанд чизи беҳтаре ба ҷузъ маводи мухаддир истеҳсол кунанд ва зиндагии худро пеш баранд.
Дар Афғонистон феълан задухӯрдҳои шадид миёни неруҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни Толибон (созмони террористие, ки фаъолияти он дар Тоҷикистону Русия манъ аст) идома дорад.
Ҳоло нерӯҳои дифоъ ва амнияти миллии Афғонистон дар сартосари кишвар амалиёти муштараки зиддитеррористӣ анҷом медиҳанд.