76 кушта ва захмӣ: инфиҷори террористӣ дар Ҳироти Афғонистон

© REUTERS \ Omar SobhaniАфганские силовики на месте происшествия после вооруженного нападения на университет в Кабуле, Афганистан
Афганские силовики на месте происшествия после вооруженного нападения на университет в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
Обуна шудан
Инфиҷори террористӣ дар шаҳри Ҳирот дар ғарби Афғонистон дастикам ҳашти кушта ва 68 захмӣ барҷо гузошт
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Вазорати дифои Афғонистон дар баёнияе эълом кард, бар асари инфиҷори худрави бомбгузорӣ шуда, ки соати 21 ҷумъашаб ба вақти маҳаллӣ дар минтақаи Ганҷи  собиқ аз ҳавзаи чаҳордаҳуми амниятии шаҳри Ҳирот рӯй дод, ҳашт ғайринизомӣ кушта ва 68 ғайринизомии дигар низ захмӣ шуданд, ки шуморе аз куштаҳо ва захмиҳои ин ҳодиса занон ва кӯдакон ҳастанд, иттилоъ додааст сомонаи “Парстудей” дар истинод ба хабаргузории Шафақно.
Сотрудники службы безопасности Афганистана осматривают место взрыва бомбы в Кабуле, 20 декабря 2020 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2021
Ду ҷангҷӯи тоҷикистонӣ дар Афғонистон кушта шуданд
Ҳоли бархе аз захмиҳои ин амалиёти террористӣ вахим гузориш шуда ва мумкин аст, омори куштаҳо изофа шавад.
Фақат яке аз қурбониёни ин инфиҷор низомӣ будааст.
Устондории Ҳирот низ эълом кардааст, ки дар пайи ин ҳамла як манзили маскӯнӣ низ фурӯ рехтааст ва шуморе аз аъзои хонавода зери оворҳо мадфӯн шудаанд, ки талошҳо барои хориҷ кардани онҳо идома дорад.
Ҳарчанд токунӯн шахс ё гурӯҳе масъӯляти ин инфиҷорро бар ӯҳда нагирифта, аммо вазорати дифои Афғонистон, Толибонро омили он муаррифӣ кардааст.
Аз замоне, ки Амрико тааҳҳудоти худ дар тавофуқномаи Қатар мабнӣ бар хориҷ нашудан аз Афғонистонро нодида гирифта ва раванди музокироти сулҳро мутаваққиф кардааст, ҷанг, инфиҷор ва террорҳои ҳадафманд дар манотиқи мухталифи Афғонистон, аз ҷумла Ҳирот ва Кобул густариш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0