https://sputnik.tj/20210316/kormand-hifzi-huquq-bozdosht-tamajui-1033007746.html
Худро корманди ҳифзи ҳуқуқ гуфт: боздошти марди 27-сола бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ
Худро корманди ҳифзи ҳуқуқ гуфт: боздошти марди 27-сола бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон марди 27 -соларо боздошт кард, ки худро корманди қалбакии ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ мекард 16.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-16T11:18+0500
2021-03-16T11:18+0500
2021-07-07T18:38+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
вкд
боздошт
тамаъҷӯӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102939/82/1029398239_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_8e00ade89641b2494dc0b69802e2feb1.jpg
ДУШАНБЕ, 16 мар— Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-сола боздошт шудааст.Боздоштшуда сокини ҷамоати деҳоти Н.Розиқи шаҳри Ваҳдат унвон шуда, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир шудааст."Номбурда, худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуда, бо сокини ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри мазкур вохӯрда, бо баҳонаи оне, ки гӯё бо як рафиқаш дар Федератсияи Русия доду гирифт намудаст, бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ҷабрдида 6 ҳазор сомонӣ талаб кардааст",- афзудааст манбаъ.Гуфта мешавад, ҳангоми гирифтани маблағ дар ҳаҷми 6 ҳазор сомонӣ дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат гумонбаршаванда дастгир гардидааст.ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.Се соли зиндон: суди Хуҷанд ҳукми корманди қалбакии идораи зидди фасодро эълон кардИн нахустин ҳолати сохтакории идае набуда, қаблан низ мақомот аз чунин боздоштҳо хабар дода буд, ки яке худро корманди комиссариати ҳарбиву дигаре майор ва сеюмӣ худро аз ниҳоди дигари қудратӣ муаррифӣ мекард.
https://sputnik.tj/20201120/Chiguna-javonon-ba-domi-Akbarjoni-Gado-aftidand-Bozdoshti-komissari-harbii-qalbaki-1032309097.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102939/82/1029398239_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_aad32878b83757e191253d6e9f14ffd8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, вкд, боздошт, тамаъҷӯӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, вкд, боздошт, тамаъҷӯӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Худро корманди ҳифзи ҳуқуқ гуфт: боздошти марди 27-сола бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ
11:18 16.03.2021 (Навсозишуда: 18:38 07.07.2021) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон марди 27 -соларо боздошт кард, ки худро корманди қалбакии ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ мекард
ДУШАНБЕ, 16 мар— Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-сола боздошт шудааст.
Боздоштшуда сокини ҷамоати деҳоти Н.Розиқи шаҳри Ваҳдат унвон шуда, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир шудааст.
"Номбурда, худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуда, бо сокини ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри мазкур вохӯрда, бо баҳонаи оне, ки гӯё бо як рафиқаш дар Федератсияи Русия доду гирифт намудаст, бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ҷабрдида 6 ҳазор сомонӣ талаб кардааст",- афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ҳангоми гирифтани маблағ дар ҳаҷми 6 ҳазор сомонӣ дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат гумонбаршаванда дастгир гардидааст.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ин нахустин ҳолати сохтакории идае набуда, қаблан низ мақомот аз чунин боздоштҳо хабар дода буд, ки яке худро корманди комиссариати ҳарбиву дигаре майор ва сеюмӣ худро аз ниҳоди дигари қудратӣ муаррифӣ мекард.