Чигуна ҷавонон ба доми Акбарҷони Гадо афтиданд: боздошти комиссари ҳарбии қалбакӣ-видео

© сомонаи РВКДБоздошти Назарзода Акбарҷони Гадо, корманди қалбакии комиссариати ҳарбӣ
Боздошти Назарзода Акбарҷони Гадо, корманди қалбакии комиссариати ҳарбӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти Назарзода Акбарҷони Гадои 28-сола хабар медиҳад, ки худро корманди комиссариати ҳарбӣ муарифӣ намуда, даст ба тамаҷъӯӣ задааст

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik.  Бино ба иттилои манбаъ, Назарзода Акбарҷони Гадо, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ дар пайи шикояти 13 ҷавон, ки аксаран донишҷӯён ҳастанд, боздошт шудааст.

Автомобиль полиции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Майори қалбакӣ қариб 2 миллион гирифт": боздошти Таҳмина Сайдуллоева-видео

Манбаъ мегӯяд, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда бо усули хосе ҷиноятҳои қаллобиро содир намуда, худро ҳамчун корманди Комиссариати ҳарбӣ муааррифӣ намуда, ҷавононро ба таври зурӣ ба хизмати ҳарбӣ бурдан тарс дода, телефонҳои мобилиашонро аз они худ кардааст.

"Тафтишоти пешакӣ 13-ҳолати мардумфиребии ӯро ошкор намуд, ки ҷиҳати муайян намудани ҳолатҳои содир намудани дигар ҷиноятҳо тафтиш идома дорад”, - афзудааст РВКД.

Билети ҳарбиро 8 ҳазор нарх монданд: боздошти ронанда ва корманди Комиссариати ҳарбӣ

Ин ниҳод гуфтааст, ки амали ноҷавонмардонаи дастгиршуда, боиси коста гардидани обруву эътибори мақомоти давлатӣ ва дилсард гаштани ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ гашта, номбурда барои содир намудани ин кирдорҳои ҷиноятиаш дар назди қонун ҷавоб ҳоҳад гуфт.

 Гуфта мешавад, айни замон нисбаташ бо моддаи 247 қисми 2-Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиш қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0