https://sputnik.tj/20210316/Haros-IMA-Rusiya-Atlantika-NATO-muhosira-1033010351.html
Ҳароси ИМА аз нерӯи баҳрии Русия дар Атлантика: акнун НАТО дар бораи муҳосира фикр мекунад
Ҳароси ИМА аз нерӯи баҳрии Русия дар Атлантика: акнун НАТО дар бораи муҳосира фикр мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳояш аз фаъолияти флоти Русия дар Уқёнуси Атлантик ба ҳарос афтодаанд 16.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-16T15:44+0500
2021-03-16T15:44+0500
2021-04-12T14:33+0500
видео
нато
има
артиш
киштиҳои ҷангӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0c/1032995032_0:0:1120:629_1920x0_80_0_0_3d424fe274370606ddd74be399cb767b.jpg
Мақомоти низомии Ғарб бар онанд, ки нерӯи дарёии Русия гӯё ба амнияти минтақа таҳдид мекунад.Пентагон хусусан аз киштиҳои зериобии Русия, ки "дар соҳилҳои Иёлоти Муттаҳида" торафт зуҳур мекунанд "ва мушаки нави гиперсадоии "Циркон", ки соли оянда бо нерӯи дарёии Русия ба кор шурӯъ мекунад, нигарон аст.Кеннет Брайтвайт, собиқ котиби нерӯи баҳрии ИМА гуфтааст, ки барои ҳалли мушкилоти беназире, ки дар театри ҷанги Атлантик ба вуҷуд меоянд, мо нерӯҳои баҳрии худро дар ин минтақаи муҳим ба вазифаи аслии худ - назорати роҳҳои баҳрии наздик шудан ба қаламрави Иёлоти Муттаҳида ва иттифоқчиёни мо равона хоҳем кард.Низомиёни ИМА метарсанд, ки киштиҳои зериобӣ бо истифода аз ин мушаки охирин метавонанд ба ҳадафҳои заминии саросари Иёлоти Муттаҳида зарба зананд. Дар ин ҳолат, "Циркон" барои онҳо дахлнопазир хоҳад буд. Аз ин рӯ, Иёлоти Муттаҳида ва НАТО кӯшиш мекунанд, ки роҳи пешгирии наздик шудани киштиҳои низомии Русия ба соҳилҳои Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳои онро пайдо кунанд.Яке аз идеяҳое, ки ба сарони мақомоти низомии ИМА ва НАТО омадааст, муҳосира аст. Аммо, ин гузина баробари эълони ҷанг аст."Ба Русия баробар шуда наметавонанд": ИМА заифии артишашро фош кардАлександр Хроленко, коршиноси ҳарбӣ мегӯяд: "Муҳосираи баҳрӣ як навъи амалиёти низомӣ аст. Ин баробари эълони ҷанг мебошад. Аз эҳтимол дур аст, ки НАТО якдилона чунин тасмим бигирад, зеро посухи нерӯи дарёии Русия бешубҳа хеле сахт хоҳад буд".
https://sputnik.tj/20210130/nato-rusiya-muttaham-navor-1032727162.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0c/1032995032_38:0:878:630_1920x0_80_0_0_27bcf0d068367b481ea265568edd25f8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, нато, има, артиш, киштиҳои ҷангӣ, дар русия
видео, нато, има, артиш, киштиҳои ҷангӣ, дар русия
Ҳароси ИМА аз нерӯи баҳрии Русия дар Атлантика: акнун НАТО дар бораи муҳосира фикр мекунад
15:44 16.03.2021 (Навсозишуда: 14:33 12.04.2021) Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳояш аз фаъолияти флоти Русия дар Уқёнуси Атлантик ба ҳарос афтодаанд
Мақомоти низомии Ғарб бар онанд, ки нерӯи дарёии Русия гӯё ба амнияти минтақа таҳдид мекунад.
Пентагон хусусан аз киштиҳои зериобии Русия, ки "дар соҳилҳои Иёлоти Муттаҳида" торафт зуҳур мекунанд "ва мушаки нави гиперсадоии "Циркон", ки соли оянда бо нерӯи дарёии Русия ба кор шурӯъ мекунад, нигарон аст.
Кеннет Брайтвайт, собиқ котиби нерӯи баҳрии ИМА гуфтааст, ки барои ҳалли мушкилоти беназире, ки дар театри ҷанги Атлантик ба вуҷуд меоянд, мо нерӯҳои баҳрии худро дар ин минтақаи муҳим ба вазифаи аслии худ - назорати роҳҳои баҳрии наздик шудан ба қаламрави Иёлоти Муттаҳида ва иттифоқчиёни мо равона хоҳем кард.
Низомиёни ИМА метарсанд, ки киштиҳои зериобӣ бо истифода аз ин мушаки охирин метавонанд ба ҳадафҳои заминии саросари Иёлоти Муттаҳида зарба зананд. Дар ин ҳолат, "Циркон" барои онҳо дахлнопазир хоҳад буд. Аз ин рӯ, Иёлоти Муттаҳида ва НАТО кӯшиш мекунанд, ки роҳи пешгирии наздик шудани киштиҳои низомии Русия ба соҳилҳои Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳои онро пайдо кунанд.
Яке аз идеяҳое, ки ба сарони мақомоти низомии ИМА ва НАТО омадааст, муҳосира аст. Аммо, ин гузина баробари эълони ҷанг аст.
Александр Хроленко, коршиноси ҳарбӣ мегӯяд: "Муҳосираи баҳрӣ як навъи амалиёти низомӣ аст. Ин баробари эълони ҷанг мебошад. Аз эҳтимол дур аст, ки НАТО якдилона чунин тасмим бигирад, зеро посухи нерӯи дарёии Русия бешубҳа хеле сахт хоҳад буд".