Бисту панҷ толибро тарма кушт

© акс аз саҳифаи IRSТарма дар роҳи Душанбе - Чаноқ
Тарма дар роҳи Душанбе - Чаноқ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Обуна шудан
Онҳо ҳангоми баргаштан ба Афғонистон аз Покистон дучори офати табиӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Бисту панҷ узви гурӯҳи Толибон (гурӯҳи террористӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) ҳангоми убур аз масири кӯҳистонии Покистон ба Афғонистон бар асари резиши тарма ҷон бохтанд.
Директор Центра исследований проблем Центральной Азии и Афганистана Института международных исследований МГИМО МИД России Андрей Казанцев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2021
Казантсев: пешакӣ маълум буд, ки Толибон хушунат дар Афғонистонро хотима нахоҳанд дод
Бино бар иттилои расонаҳои кишвар ин ҳодиса якшанбешаб дар шаҳристони Ҷоҷи Ориюби вилояти Пактиё рух дод.
"Бар асари он афзун бар кушта шудани шуморе аз нерӯҳову фармондеҳони Толибон, теъдоде аз шаҳрвандони покистонӣ низ кушта шуданд", - омадааст дар гузориши манобеъ.
Дар ду рӯзи гузашта бархе вилоятҳои Афғонистон, аз ҷумла Пактиё шоҳиди бориши барфу борон буд ва роҳҳои шаш вилояти ин кишвар бар асари бориши барф баста шуда буд.
Пештар хабар дода шуд, ки тарма дар як гӯшаи дурдасти вилояти Бадахшони Афғонистон фаромадаст, ки зери назорати толибон қарор дорад.
Макони фаромадани тарма рустои Зарандоб, ки дар ноҳияи Роғистон ҷойгир аст, гуфта мешавад. Дар ин макон кони тилло ҷойгир аст.
Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи он кишвар хабар доданд, ки нахуст ҷасади 12 нафар аз зери тарма берун оварда шуд.
Сипас теъдоди қурбониёни ин офати табиӣ ба 15 нафар расид. Ҳамзамон панҷ нафари дигар бар асари фаромадани баҳман маҷрӯҳ шудаанд.
Дустум ба Толибон ҳушдор дод
Дар Бадахшони Тоҷикистон бошад, рӯзи 24 феврал якбора 16 тарма дар масири Хоруғ - Ишкошим фаромад ва хушбахтона талафоти ҷонӣ дар пай надошт. Тарма танҳо барои чанд муддат баста шуд ва сипас бо талоши поксозони роҳ ин мушкилӣ бартарафгардид.
Лентаи хабарҳо
0