https://sputnik.tj/20210220/Kazantsev-Tolibon-Afgonistonro-1032863689.html
Казантсев: пешакӣ маълум буд, ки Толибон хушунат дар Афғонистонро хотима нахоҳанд дод
Казантсев: пешакӣ маълум буд, ки Толибон хушунат дар Афғонистонро хотима нахоҳанд дод
Sputnik Тоҷикистон
Вазъи Афғонистон ба чӣ оварда мерасонад, гуфт Андрей Казантсев, сармуҳаққиқи Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти байналмилалии МГИМО-и Вазорати корҳои хориҷии Русия 20.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-20T17:51+0500
2021-02-20T17:51+0500
2021-02-20T18:44+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103005/92/1030059213_0:219:3071:1955_1920x0_80_0_0_9a871bf50706e5f8245ee04d842de520.jpg
ДУШАНБЕ, 20 фев - Sputnik. Ба таври расмӣ, миссияи ғайринизомии НАТО дар Афғонистон ҳамчунон дар амалиёти ҷангӣ ширкат меварзад, гуфт Андрей Казантсев, профессори Мактаби олии иқтисодӣ, сармуҳаққиқи Институти таҳқиқоти байналмилалии Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав зимни як онлайн конфронс оид ба вазъи кунунии муносибатҳои Русия ва НАТО, ки дар МИА "Россия Сегодня" баргузор гардид.Ин амалиёт дар Афғонистон беш аз 5 сол идома дорад, илова кард коршинос.Бо мақсади хотима додан ба ҷанг маъмурияти Трамп сиёсати хуруҷи нерӯҳо аз нуқтаҳои гармро фаъолона пеш гирифт ва созишнома байни Иёлоти Муттаҳида ва Толибон ба имзо расид, ки хотима додан ба хушунат дар Афғонистон ва хуруҷи нерӯҳои хориҷиро пешбинӣ мекунад,афзуд Казантсев."Дар асл, созишнома риоя намешавад. Хушунат дар Афғонистон идома дорад. Бо дарназардошти он, ки Толибон (гуруҳи террористии фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ), маълум буд, ки он наметавонад таваққуф кунад",- гуфт сиёсатшинос.Вай тавзеҳ дод, ки Толибон як сохтори ба қадри кофӣ мутамарказ нестанд, ки ҳама гуна қарорҳои мақомоти марказонидашударо иҷро кунанд.Ӯ гуфт, дар ҳайати Толибон ҳастанд қумондонҳои саҳроӣ, ки бо равиши худ бо даст задан бо корҳои ҷиноӣ ва ё манбаъҳои дигари маблағгузорӣ ба монанди "Ал -Қоида" ва ғайра.Тағйири сиёсат: Амрико дар тавофуқ бо Толибон бознигарӣ мекунадКазантcев қайд кард, ки Толибон ба эҳтимоли зиёд пас аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон тасмим гирифтаанд, ки қудратро дар ин кишвар ба ин ё он роҳ ба даст биёранд.Толибон ба Маскав омаданд: тафсилотНомбурда гуфт, хулосаи ниҳоии НАТО ҳоло доир ба Афғонистон ҳосил нашудааст ва Амрико низ дар садади тарҳрезии сиёсати нав аст, ва маълум нест ҳоло барои Афғонистон чӣ нақша доранд.
https://sputnik.tj/20210215/Vazir-Tojikiston-Tolibon-guftushunid-1032831264.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103005/92/1030059213_0:118:3071:2048_1920x0_80_0_0_9953807529968c2153ce6f29ed1e7eee.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, амният ва мудофиа
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, амният ва мудофиа
Казантсев: пешакӣ маълум буд, ки Толибон хушунат дар Афғонистонро хотима нахоҳанд дод
17:51 20.02.2021 (Навсозишуда: 18:44 20.02.2021) Вазъи Афғонистон ба чӣ оварда мерасонад, гуфт Андрей Казантсев, сармуҳаққиқи Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти байналмилалии МГИМО-и Вазорати корҳои хориҷии Русия
ДУШАНБЕ, 20 фев - Sputnik. Ба таври расмӣ, миссияи ғайринизомии НАТО дар Афғонистон ҳамчунон дар амалиёти ҷангӣ ширкат меварзад, гуфт Андрей Казантсев, профессори Мактаби олии иқтисодӣ, сармуҳаққиқи Институти таҳқиқоти байналмилалии Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав зимни як онлайн конфронс оид ба вазъи кунунии муносибатҳои Русия ва НАТО, ки дар МИА "Россия Сегодня" баргузор гардид.
Ин амалиёт дар Афғонистон беш аз 5 сол идома дорад, илова кард коршинос.
Бо мақсади хотима додан ба ҷанг маъмурияти Трамп сиёсати хуруҷи нерӯҳо аз нуқтаҳои гармро фаъолона пеш гирифт ва созишнома байни Иёлоти Муттаҳида ва Толибон ба имзо расид, ки хотима додан ба хушунат дар Афғонистон ва хуруҷи нерӯҳои хориҷиро пешбинӣ мекунад,афзуд Казантсев.
"Дар асл, созишнома риоя намешавад. Хушунат дар Афғонистон идома дорад. Бо дарназардошти он, ки Толибон (гуруҳи террористии фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ), маълум буд, ки он наметавонад таваққуф кунад",- гуфт сиёсатшинос.
Вай тавзеҳ дод, ки Толибон як сохтори ба қадри кофӣ мутамарказ нестанд, ки ҳама гуна қарорҳои мақомоти марказонидашударо иҷро кунанд.
Ӯ гуфт, дар ҳайати Толибон ҳастанд қумондонҳои саҳроӣ, ки бо равиши худ бо даст задан бо корҳои ҷиноӣ ва ё манбаъҳои дигари маблағгузорӣ ба монанди "Ал -Қоида" ва ғайра.
Казантcев қайд кард, ки Толибон ба эҳтимоли зиёд пас аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон тасмим гирифтаанд, ки қудратро дар ин кишвар ба ин ё он роҳ ба даст биёранд.
Номбурда гуфт, хулосаи ниҳоии НАТО ҳоло доир ба Афғонистон ҳосил нашудааст ва Амрико низ дар садади тарҳрезии сиёсати нав аст, ва маълум нест ҳоло барои Афғонистон чӣ нақша доранд.