https://sputnik.tj/20210315/parlumon-tojikiston-eron-1033006290.html
Гурӯҳи дӯстии Парлумони Тоҷикистон ва Эрон ҷаласа доир кард
Гурӯҳи дӯстии Парлумони Тоҷикистон ва Эрон ҷаласа доир кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки дипломатияи парлумонӣ дар баробари дипломатияи анъанавӣ дар таҳким ва тавсеаи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону... 15.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-15T19:37+0500
2021-03-15T19:37+0500
2021-04-19T16:54+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
эрон
парлумон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103085/00/1030850063_0:78:1501:922_1920x0_80_0_0_e38c9c42d65edbd06ae3a78c3275318a.jpg
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Ҷаласаи Гурӯҳи дустӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба таври реҷаи фосилавӣ (онлайн) баргузор гардид.Ҷаласа имрӯз доир гардидааст. Тавре дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гузориш медиҳад, дар назди иштирокчиёни ҷаласаи мазкур Раиси гурӯҳи дустӣ ва ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, раиси комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода баромад намуд.Ӯ дуруд ва паёми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзодаро ба Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии исломии Эрон, ҷаноби оқои Муҳаммад Боқири Қолибоф ва ҳамтоёнаш расонид."Дар мулоқот зикр карда шуд, ки робитаҳои байнипорлумонии Тоҷикистон ва Эрон дар доираи ҳамкориҳои бисёрҷониба барқарор шудаанд", - меафзояд манбаъ.Гурӯҳи дӯстӣ, яъне?Миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии ҶИЭ "Гурӯҳи дӯстӣ"-и байнипорлумонӣ амал менамояд.Қаблан сафари аъзои гурӯҳҳои дӯстии байнипорлумонии ҳарду кишвар ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти гуногунҷабҳаи парламентҳо, боздиди онҳо аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, инчунин дидору мулоқот бо роҳбарони вазорату идораҳои ҳарду ҷониб анҷом гирифтаанд.Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Эрон бо дабири кулли Созмони Ҳамкории иқтисодӣЗимни сафари ҳайати 4-нафараи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Теҳрон ҷиҳати иштирок дар 13-умин Конференсияи Ассамблеяи парламентҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ мулоқоти ҳайати тоҷикистонӣ бо Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон А. Лориҷонӣ (16-17 январи соли 2018) баргузор шуда буд.Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки дипломатияи парлумонӣ дар баробари дипломатияи анъанавӣ дар таҳким ва тавсеаи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон ҷойгоҳ ва саҳми боризи худро дорад.
https://sputnik.tj/20210304/Coronavirus-gunahgor-tijorati-Tojikistonu-Iran-kohish-yoft-1032940419.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103085/00/1030850063_83:0:1418:1001_1920x0_80_0_0_614286f765d71638ad047d28dd445572.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, эрон, парлумон
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, эрон, парлумон
Гурӯҳи дӯстии Парлумони Тоҷикистон ва Эрон ҷаласа доир кард
19:37 15.03.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки дипломатияи парлумонӣ дар баробари дипломатияи анъанавӣ дар таҳким ва тавсеаи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон ҷойгоҳ ва саҳми боризи худро дорад
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Ҷаласаи Гурӯҳи дустӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба таври реҷаи фосилавӣ (онлайн) баргузор гардид.
Ҷаласа имрӯз доир гардидааст. Тавре дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гузориш медиҳад, дар назди иштирокчиёни ҷаласаи мазкур Раиси гурӯҳи дустӣ ва ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, раиси комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода баромад намуд.
Ӯ дуруд ва паёми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзодаро ба Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии исломии Эрон, ҷаноби оқои Муҳаммад Боқири Қолибоф ва ҳамтоёнаш расонид.
"Дар мулоқот зикр карда шуд, ки робитаҳои байнипорлумонии Тоҷикистон ва Эрон дар доираи ҳамкориҳои бисёрҷониба барқарор шудаанд", - меафзояд манбаъ.
Миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии ҶИЭ "Гурӯҳи дӯстӣ"-и байнипорлумонӣ амал менамояд.
Қаблан сафари аъзои гурӯҳҳои дӯстии байнипорлумонии ҳарду кишвар ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти гуногунҷабҳаи парламентҳо, боздиди онҳо аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, инчунин дидору мулоқот бо роҳбарони вазорату идораҳои ҳарду ҷониб анҷом гирифтаанд.
Зимни сафари ҳайати 4-нафараи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Теҳрон ҷиҳати иштирок дар 13-умин Конференсияи Ассамблеяи парламентҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ мулоқоти ҳайати тоҷикистонӣ бо Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон А. Лориҷонӣ (16-17 январи соли 2018) баргузор шуда буд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки дипломатияи парлумонӣ дар баробари дипломатияи анъанавӣ дар таҳким ва тавсеаи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон ҷойгоҳ ва саҳми боризи худро дорад.