https://sputnik.tj/20210304/Coronavirus-gunahgor-tijorati-Tojikistonu-Iran-kohish-yoft-1032940419.html
Коронавирус гунаҳгор: соли гузашта тиҷорати Тоҷикистону Эрон 10,3 дарсад коҳиш ёфт
Коронавирус гунаҳгор: соли гузашта тиҷорати Тоҷикистону Эрон 10,3 дарсад коҳиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо муовини вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор ва гуфтугӯ кард 04.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-04T16:00+0500
2021-03-04T16:00+0500
2021-04-19T16:54+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
иқтисод
эрон
ҳамкорӣ
равобит
сафир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/04/1032940375_0:0:1040:588_1920x0_80_0_0_ad73d92c7051057c8d09f7ba661f7d7a.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, Низомиддин Зоҳидӣ ва Саид Расули Муҳоҷир дар ин дидор оид ба сатҳи кунунӣ ва дурнамоии густариши муносибатҳои Душанбе ва Теҳрон баҳс ва табодули назар карданд.Ду тараф бо арзёбии вазъи феълии равобити Тоҷикистон ва Эрон мавзӯи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлу нақл, энержӣ ва низ равобити илмӣ ва фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зоҳидӣ ва Муҳоҷир ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва роҳҳои густариши равобити дуҷониба гуфтугӯ карданд. Аз гузашта то имрӯз: муваффақиятҳову дастовардҳои Эрон – видеоГуфта мешавад, ки дар соли 2020 ба далели густариши вируси корона мубодилоти тиҷории Тоҷикистону Эрон 57 миллиону 700 ҳазор доллар будааст, ки дар муқоиса бо соли 2019 коҳиши 10,3 дарсадиро нишон медиҳад.
https://sputnik.tj/20210217/Eron-Ittihodi-AvruOsiyo-Areshov-1032845241.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/04/1032940375_0:0:1040:654_1920x0_80_0_0_07c72f39cf4b2647ebbd86e7f1f1f8b1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, иқтисод, эрон, ҳамкорӣ, равобит, сафир
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, иқтисод, эрон, ҳамкорӣ, равобит, сафир
Коронавирус гунаҳгор: соли гузашта тиҷорати Тоҷикистону Эрон 10,3 дарсад коҳиш ёфт
16:00 04.03.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо муовини вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор ва гуфтугӯ кард
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, Низомиддин Зоҳидӣ ва Саид Расули Муҳоҷир дар ин дидор оид ба сатҳи кунунӣ ва дурнамоии густариши муносибатҳои Душанбе ва Теҳрон баҳс ва табодули назар карданд.
Ду тараф бо арзёбии вазъи феълии равобити Тоҷикистон ва Эрон мавзӯи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлу нақл, энержӣ ва низ равобити илмӣ ва фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зоҳидӣ ва Муҳоҷир ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва роҳҳои густариши равобити дуҷониба гуфтугӯ карданд.
Гуфта мешавад, ки дар соли 2020 ба далели густариши вируси корона мубодилоти тиҷории Тоҷикистону Эрон 57 миллиону 700 ҳазор доллар будааст, ки дар муқоиса бо соли 2019 коҳиши 10,3 дарсадиро нишон медиҳад.