Зокирзода гуфт, парлумон ҳама иқдоми сафири Фаронсаро дастгирӣ мекунад

© Парламент РТВстреча Махмадтоира Зокирзода с новым послом Франции в Таджикистане
Встреча Махмадтоира Зокирзода с новым послом Франции в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Обуна шудан
Ин нуктаро Маҳмадтоир Зокирзода зимни дидору вохӯрӣ бо сафири нави Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Тарран иброз дошт
ДУШАНБЕ, 15 март - Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода сафирро ба муносибати оғози расмии фаъолияти дипломатӣ муборакбод гуфт.
"Итминон медиҳам, ки ҳама иқдом ва ташаббусҳои созандаи Шумо аз ҷониби Парлумон дастгирӣ меёбанд", - гуфт Зокирзода.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагон, Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин иброз дошт, ки хусусияти мутақобилан судманди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ шарти муҳими ба вуҷуд овардани робитаҳои мустаҳками байнидавлатӣ мебошад.
Города мира. Париж - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2021
Ваъдаи сафири Фаронса: 3- 4 моҳ пас ҳатман бо забони тоҷикӣ суҳбат хоҳам кард
Раиси парлумон таъкид намуд, ки Тоҷикистон ва Фаронса бояд барои эҷод ва ташкили механизми самарабахши ҳамкорӣ дар шакли Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ саъйҳои иловагӣ ба харҷ диҳанд.
Дар баробари ин, бояд форумҳои тиҷоратӣ, мизи мудаввар, намоишгоҳҳо ва презентатсияҳо гузаронида шаванд. Ин метавонад ба фаъол гардидани самтҳои афзалиятнок ва умедбахши ҳамкориҳои байни кишварҳо мусоидат намояд.
Миёни Тоҷикистону Фаронса 22 санади ҳамкории дуҷониба имзо шудааст, ки заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои ду давлатро дар соҳаҳои робитаҳои хориҷӣ, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг ва илму техника, сайёҳӣ, алоқаи ҳавоӣ ва ғайра ташкил медиҳад.
Маҳмадтоир Зокирзода изҳори умедворӣ кард, ки бо ширкати сафири нав, муносибатҳо ба нафъи халқҳои ду кишвар босуръат рушд хоҳанд ёфт.
Лентаи хабарҳо
0