https://sputnik.tj/20210225/Vadai-safiri-Faronsa-Tajikistan-hatman-zaboni-tojiki-suhbat-khoham-kard-1032891737.html
Ваъдаи сафири Фаронса: 3- 4 моҳ пас ҳатман бо забони тоҷикӣ суҳбат хоҳам кард
Ваъдаи сафири Фаронса: 3- 4 моҳ пас ҳатман бо забони тоҷикӣ суҳбат хоҳам кард
Sputnik Тоҷикистон
Сафири нави Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Тарран, ба рӯзноманигорон ваъда дод, ки баъд аз 3- 4 моҳ ҳатман бо забони тоҷикӣ озодона суҳбат хоҳад кард 25.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-25T20:50+0500
2021-02-25T20:50+0500
2021-04-19T16:54+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
сафир
фаронса
забон
ваъда
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103078/62/1030786212_0:122:3069:1848_1920x0_80_0_0_11ac5ad1e51bd9817eadbd7e3b60d828.jpg
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Сафири нави Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Тарран ахиран дар меҳмонхонаи “Серена” бо рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир кард.Мишел Тарран моҳи октябри соли гузашта, пас ба анҷом расидани муҳлати сафирии хонум Ясмин Гуэдар, ба ҳайси сафир ба Душанбе омада буд.Тибқи иттилои сомонаи “Фараж” Мишел Тарран, донандаи хуби забони русӣ, аст. Ӯ зимни нишаст худро бо забони тоҷикӣ муаррифӣ намуд, аммо эътироф кардааст, ки тоҷикиро намедонад.зСафири нави Фаронса гуфт, то таъйин гардиданаш ба симмати сафир дар Тоҷикистон тӯли чор сол дар вазорати корҳои хориҷии Фаронса ҳамчун масъули бахши муносибат ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолият доштааст.Вай афзудааст, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Фаронса қаноатманд нестанд.“Ин нуқта зимни суҳбати рӯ ба рӯ, моҳи ноябри соли 2019, миёни президентҳои Тоҷикистону Фаронса матраҳ гардида буд. Тарафҳо аз вохӯрӣ изҳори хушҳолӣ карданд ва президенти Фаронса Эмануэл Макрон пешниҳод кард, барои тавсеа ва рушди муносибатҳои иқтисодии ҳарду давлат бояд харитаи роҳ таҳия карда шавад, аммо мутаассифона, вазъи ҳамагирии бемории коронавирус нақшаҳоро ба таъхир гузошт”, -* гуфт сафир.Вай ҳамчунин илова кард, ки ҳоло вазъият беҳтар гардид ва гуфта метавон, ки кор дар ин самт оғоз ёфтааст.“Фикр мекунам, ба наздикӣ масъалаи таҳияи харитаи роҳ барои рушди муносибатҳои иқтисодии давлатҳо баррасӣ карда мешавад”,-гуфт сафири Фаронса дар Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран.Сафир ҳамчунин гуфт, ӯ сафири шашуми Фаронса дар Тоҷикистон аст ва соли оянда аз муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Фаронса 30 сол пур мешавад.“Шукри Худо, тӯли ин муддат муносибатҳои хеле хубу дӯстона ба роҳ монда шуд”, — гуфт сафир.Мишел Тарран, ҳамчунин, дар бораи муносибатҳои сиёсии Тоҷикистону Фаронса суҳбат карда, масъалаи ҳамкориҳоро барои рушди сайёҳии ҳарду давлат дар мадди аввал гузошт.“Бояд шаҳрвандони Фаронса ба Тоҷикистон биёянд, аз зебоиҳои табиати биҳиштосояш ҳаловат баранд ва баръакс, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам дар бораи мавзеъҳои таърихии Фаронса бояд таассуроти бештар дошта бошанд”, афзуд Мишел Тарран.
https://sputnik.tj/20210218/Rahmon-safironi-Tojikiston-1032847618.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103078/62/1030786212_129:0:2860:2048_1920x0_80_0_0_10df9d83666705d6de2a0ec8a0ef8482.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, сафир, фаронса, забон, ваъда
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, сафир, фаронса, забон, ваъда
Ваъдаи сафири Фаронса: 3- 4 моҳ пас ҳатман бо забони тоҷикӣ суҳбат хоҳам кард
20:50 25.02.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Сафири нави Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Тарран, ба рӯзноманигорон ваъда дод, ки баъд аз 3- 4 моҳ ҳатман бо забони тоҷикӣ озодона суҳбат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Сафири нави Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Тарран ахиран дар меҳмонхонаи “Серена” бо рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир кард.
Мишел Тарран моҳи октябри соли гузашта, пас ба анҷом расидани муҳлати сафирии хонум Ясмин Гуэдар, ба ҳайси сафир ба Душанбе омада буд.
Тибқи иттилои сомонаи “Фараж” Мишел Тарран, донандаи хуби забони русӣ, аст. Ӯ зимни нишаст худро бо забони тоҷикӣ муаррифӣ намуд, аммо эътироф кардааст, ки тоҷикиро намедонад.з
Мишел Тарран ба рӯзноманигорон ваъда дод, ки баъд аз 3- 4 моҳ ҳатман бо забони тоҷикӣ озодона суҳбат хоҳад кард.
Сафири нави Фаронса гуфт, то таъйин гардиданаш ба симмати сафир дар Тоҷикистон тӯли чор сол дар вазорати корҳои хориҷии Фаронса ҳамчун масъули бахши муносибат ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолият доштааст.
Вай афзудааст, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Фаронса қаноатманд нестанд.
“Ин нуқта зимни суҳбати рӯ ба рӯ, моҳи ноябри соли 2019, миёни президентҳои Тоҷикистону Фаронса матраҳ гардида буд. Тарафҳо аз вохӯрӣ изҳори хушҳолӣ карданд ва президенти Фаронса Эмануэл Макрон пешниҳод кард, барои тавсеа ва рушди муносибатҳои иқтисодии ҳарду давлат бояд харитаи роҳ таҳия карда шавад, аммо мутаассифона, вазъи ҳамагирии бемории коронавирус нақшаҳоро ба таъхир гузошт”, -* гуфт сафир.
Вай ҳамчунин илова кард, ки ҳоло вазъият беҳтар гардид ва гуфта метавон, ки кор дар ин самт оғоз ёфтааст.
“Фикр мекунам, ба наздикӣ масъалаи таҳияи харитаи роҳ барои рушди муносибатҳои иқтисодии давлатҳо баррасӣ карда мешавад”,-гуфт сафири Фаронса дар Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран.
Сафир ҳамчунин гуфт, ӯ сафири шашуми Фаронса дар Тоҷикистон аст ва соли оянда аз муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Фаронса 30 сол пур мешавад.
“Шукри Худо, тӯли ин муддат муносибатҳои хеле хубу дӯстона ба роҳ монда шуд”, — гуфт сафир.
Мишел Тарран, ҳамчунин, дар бораи муносибатҳои сиёсии Тоҷикистону Фаронса суҳбат карда, масъалаи ҳамкориҳоро барои рушди сайёҳии ҳарду давлат дар мадди аввал гузошт.
“Бояд шаҳрвандони Фаронса ба Тоҷикистон биёянд, аз зебоиҳои табиати биҳиштосояш ҳаловат баранд ва баръакс, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам дар бораи мавзеъҳои таърихии Фаронса бояд таассуроти бештар дошта бошанд”, афзуд Мишел Тарран.