https://sputnik.tj/20210315/Vakilon-intikhobkunandagon-payom-sharh-mushkil-1033000831.html
Вакилони парлумон ба дидори мардум рафтанд: паёмро шарҳ медиҳанду мушкилашонро мешунаванд
Вакилони парлумон ба дидори мардум рафтанд: паёмро шарҳ медиҳанду мушкилашонро мешунаванд
Sputnik Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 15 март, вохӯрӣ бо интихобкунандагонашонро оғоз карданд 15.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-15T10:25+0500
2021-03-15T10:25+0500
2021-03-15T16:42+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/14/1029251406_0:106:2048:1258_1920x0_80_0_0_4b9fad83836c59e54378f7069cffe348.jpg
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Муҳаммадато Султон, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, вакилон барои мулоқот бо интихобкунандагон ба минтақаҳо рафтанд.Ба иттилои манбаъ, сафари кории вакилон ба вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ВМКБ ва минтақаҳои тобеи ҷумҳурӣ аз имрӯз оғоз ёфта, то 25 март идома хоҳад ёфт. Ҳангоми қарор доштани вакилон дар минтақаҳо онҳо тасмим доранд паёми навбатии президентро шарҳ диҳанд ва аз назари интихобкунандагон доир ба ҷараёни қонунофарӣ огаҳӣ ёфта, бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва мушкилоти аҳолӣ аз наздик шинос шаванд.Бояд гуфт, ки президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 январи соли ҷорӣ паёми худро ба парлумон ироа кард.Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Маҳмадтоир Зокирзода низ аз вакилон дархост намудааст, ки ба вохӯриҳо бо интихобкунандагон ҷиддӣ омодагӣ гирифта, ба мушкилоти онҳо гӯш андозанд ва ҳамаи бандҳои паёми президентро возеҳу равшан ба онҳо шарҳ диҳанд.Ин сафар дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон гилаҳо аз камфаъолиятии вакилон ва шинохта набуданашон дар миёни мардум зиёд садо медиҳанд.Ёдовар мешавем, вакилон аввали сол низ барои мулоқот бо аҳолӣ рафта буданд.
https://sputnik.tj/20200416/Dasturi-Prezident-vakilon-tli-pan-sol-20-darakht-meshinonad-1031077281.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/14/1029251406_0:0:1820:1365_1920x0_80_0_0_aa8fa45a34ed6c20922b76fa797f3b44.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон
Вакилони парлумон ба дидори мардум рафтанд: паёмро шарҳ медиҳанду мушкилашонро мешунаванд
10:25 15.03.2021 (Навсозишуда: 16:42 15.03.2021) Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 15 март, вохӯрӣ бо интихобкунандагонашонро оғоз карданд
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Муҳаммадато Султон, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, вакилон барои мулоқот бо интихобкунандагон ба минтақаҳо рафтанд.
Ба иттилои манбаъ, сафари кории вакилон ба вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ВМКБ ва минтақаҳои тобеи ҷумҳурӣ аз имрӯз оғоз ёфта, то 25 март идома хоҳад ёфт.
Ҳангоми қарор доштани вакилон дар минтақаҳо онҳо тасмим доранд паёми навбатии президентро шарҳ диҳанд ва аз назари интихобкунандагон доир ба ҷараёни қонунофарӣ огаҳӣ ёфта, бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва мушкилоти аҳолӣ аз наздик шинос шаванд.
Бояд гуфт, ки президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 январи соли ҷорӣ паёми худро ба парлумон ироа кард.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Маҳмадтоир Зокирзода низ аз вакилон дархост намудааст, ки ба вохӯриҳо бо интихобкунандагон ҷиддӣ омодагӣ гирифта, ба мушкилоти онҳо гӯш андозанд ва ҳамаи бандҳои паёми президентро возеҳу равшан ба онҳо шарҳ диҳанд.
Ин сафар дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон гилаҳо аз камфаъолиятии вакилон ва шинохта набуданашон дар миёни мардум зиёд садо медиҳанд.
Ёдовар мешавем, вакилон аввали сол низ барои мулоқот бо аҳолӣ рафта буданд.