ДУШАНБЕ, 16 — Sputnik. Дар ноҳияи Балҷувон ҳар як вакил давоми панҷ соли фаъолияташ 20 дарахт шинонида, дар нашъу намои боғи навбунёд саҳм мегузорад. Мақомот мегӯянд, дарахтшинонӣ дар ҳошияи дастури президент аст.
"Дар ҳамоҳангӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Балҷувон дар масоҳати 1,8 гектар боғи намунавӣ бунёд доранд. Он дар деҳаи Хироб ҷойгир буда, бо номи "Боғи вакилон" ёд мешавад", - менависад "Ховар".
Ташаббуси мазкур дар ҳошияи дастуру супоришҳои президент Эмомалӣ Раҳмон бобати бунёди боғоти нав ва сабзазоркунии мавзеи зист, бахусус дар деҳотҷойҳо роҳандозӣ гардидааст, афзудааст манбаъ.
Боғи "Чашмаи нуқра": Президент гуфт, дарахтонро хуб нигоҳубин кунед