https://sputnik.tj/20210315/Roh-Dushanbe-Khujand-khatar-1033000894.html
Роҳи Душанбе-Хуҷанд танҳо барои нақлиёти сабукрав боз шуд: КҲФ мегӯяд, хатар боқист
Роҳи Душанбе-Хуҷанд танҳо барои нақлиёти сабукрав боз шуд: КҲФ мегӯяд, хатар боқист
Sputnik Тоҷикистон
Роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд пас аз тармафароиву муваққатан басташавӣ дигарбора боз шуд, аммо на барои ҳама воситаҳои нақлиёт 15.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-15T10:51+0500
2021-03-15T10:51+0500
2021-03-15T16:46+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101464/58/1014645837_0:168:1600:1068_1920x0_80_0_0_c803256eeb8d814814cc0add556f4830.jpg
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Аз намояндагии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Айнӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, дар ҳоли ҳозир роҳ ба ҳарду самт боз аст, аммо танҳо барои нақлиёти сабукрав."Шаби гузашта роҳ аз ду самт кушода шуд, аммо танҳо барои нақлиёти сабукрав. Барои нақлиёти боркаши калонҳаҷм ва ядакдор ҳоло манъ аст, зеро тозакунӣ ва васеъкунии роҳ аз тарма идома дорад".Кумитаи ҳолатҳои фақулодаи Тоҷикистон низ хабар дод, ки барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ, Вазорати нақлиёт ва хадамоти роҳи IRS техникаи махсус ҷудо карданд ва роҳҳо тоза карда шуданд."Ҳама воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сабаби тағйирёбии обу ҳаво, бинобар боришоти шадид ва ҳолатҳои фавқулодда, ба шакли мукаммали хидматрасонӣ гузаштанд. Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода навбатдории шабонарӯзӣ дар хатсайрҳои асосии кӯҳии кишвар - Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Ванҷро идома медиҳанд", - афзудааст манбаъ.Ин ниҳод мегӯяд, ҳамзамон рӯзи гузашта дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон ва Ишкошими ВМКБ тармафароӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа ҳаракати нақлиёт дар қитъаҳои гуногуни шоҳроҳҳои Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Кӯлоб-Душанбе муваққатан баста буд.КҲФ мегӯяд, аз сабаби боришот ва баланд шудани заминаи ҳарорат дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисми ғарбии ВМКБ, инчунин хавфи фаромадани тарма, сангрезӣ ва сел вуҷуд дорад. Ҳамчунин яхбандӣ дар ағбаҳо ва қитъаҳои кӯҳии роҳҳо боқӣ мемонад ва эҳтимоли фаромадани туман дар водиҳо ва доманакӯҳҳо дар назар аст.Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, Кумита қатъиян тавсия медиҳад, ки ронандагон ҳангоми ҳаракат дар ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ чораҳои бехатариро риоя кунанд.
https://sputnik.tj/20210311/halokati-se-nafar-tarma-ayni-1032980719.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101464/58/1014645837_0:0:1424:1068_1920x0_80_0_0_25c292c150c48fd94e4b95d2e571165f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, нақлиёт
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, нақлиёт
Роҳи Душанбе-Хуҷанд танҳо барои нақлиёти сабукрав боз шуд: КҲФ мегӯяд, хатар боқист
10:51 15.03.2021 (Навсозишуда: 16:46 15.03.2021) Роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд пас аз тармафароиву муваққатан басташавӣ дигарбора боз шуд, аммо на барои ҳама воситаҳои нақлиёт
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Аз намояндагии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Айнӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, дар ҳоли ҳозир роҳ ба ҳарду самт боз аст, аммо танҳо барои нақлиёти сабукрав.
"Шаби гузашта роҳ аз ду самт кушода шуд, аммо танҳо барои нақлиёти сабукрав. Барои нақлиёти боркаши калонҳаҷм ва ядакдор ҳоло манъ аст, зеро тозакунӣ ва васеъкунии роҳ аз тарма идома дорад".
Кумитаи ҳолатҳои фақулодаи Тоҷикистон низ хабар дод, ки барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ, Вазорати нақлиёт ва хадамоти роҳи IRS техникаи махсус ҷудо карданд ва роҳҳо тоза карда шуданд.
"Ҳама воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сабаби тағйирёбии обу ҳаво, бинобар боришоти шадид ва ҳолатҳои фавқулодда, ба шакли мукаммали хидматрасонӣ гузаштанд. Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода навбатдории шабонарӯзӣ дар хатсайрҳои асосии кӯҳии кишвар - Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Ванҷро идома медиҳанд", - афзудааст манбаъ.
Ин ниҳод мегӯяд, ҳамзамон рӯзи гузашта дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон ва Ишкошими ВМКБ тармафароӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа ҳаракати нақлиёт дар қитъаҳои гуногуни шоҳроҳҳои Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Кӯлоб-Душанбе муваққатан баста буд.
КҲФ мегӯяд, аз сабаби боришот ва баланд шудани заминаи ҳарорат дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисми ғарбии ВМКБ, инчунин хавфи фаромадани тарма, сангрезӣ ва сел вуҷуд дорад. Ҳамчунин яхбандӣ дар ағбаҳо ва қитъаҳои кӯҳии роҳҳо боқӣ мемонад ва эҳтимоли фаромадани туман дар водиҳо ва доманакӯҳҳо дар назар аст.
"Аз ин лиҳоз, КҲФ такрор ба такрор ба аҳолӣ муроҷиат кард, ки аз сафар ба минтақаҳои хатари тармафароӣ, ҷамъоварии ҳезум ва дигар зироатҳо дар манотиқи доманакӯҳ ва кӯҳистон, чаронидан ва шикор худдорӣ кунанд",-афзудааст манбаъ.
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, Кумита қатъиян тавсия медиҳад, ки ронандагон ҳангоми ҳаракат дар ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ чораҳои бехатариро риоя кунанд.