Барфу тарма роҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ" - ро баст

© Sputnik / Владимир Иванов / Гузариш ба медиабонкРасчистка снежных завалов
Расчистка снежных завалов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2021
Обуна шудан
Ҳаракати ҳамагуна нақлиёт дар роҳи автомобилгарди "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ" ба сабаби фаромадани тарма манъ карда шудааст
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагон ва мусофирон мерасонад, ки бинобар боришоти барф ва фаромадани тарма дар роҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ" ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт муваққатан манъ карда шудааст.
Зима в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2021
Сардшавии якбораи ҳаво дар ҶТ: аз меғу яхбандӣ то нобудшавии зароати кишоварзӣ
БДА аз ронандагон ва шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки то бартараф намудани камбудиҳо дар ин роҳ аз сафар худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин безарурият ба минтақаҳои кӯҳистон ва мавзеъҳои мушкилгузар сафар нанамоянд.
Манбаъ афзуда, ки айни замон корҳои бартарафсозӣ идома дошта, оид ба оғози ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути роҳи автомобилгарди "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ" иловатан хабар дода мешавад.
Олими тоҷик: сармои рӯзҳои наздик ба гулҳои дарахтони мева таъсири зиёд намерасонад
Ёдрас мешавем, ки бино ба ҳушдори ҳавошиносон рӯзҳои охир дар Тоҷикистон боришоти барфу борон, фаромадани меғ ва тарма пешбинӣ гардид.
Мутахассисон ҳамчунин, нобудшавии зироати кишоварзон ва гулу дарахтонро аз эҳтимол дур намедонанд.
Лентаи хабарҳо
0