Сардшавии якбораи ҳаво дар ҶТ: аз меғу яхбандӣ то нобудшавии зароати кишоварзӣ

© Sputnik / Амир ИсаевЗима в городе Душанбе
Зима в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2021
Обуна шудан
Бо сабаби якбора паст шудани ҳарорати ҳаво дар бештари ноҳияҳои ҷумуҳурӣ эҳтимоли зиён дидан ва қисман нобудшавии зироати кишоварзӣ, гулҳои ороишӣ, муғҷа  ва гулҳои дарахтони мевадиҳанда пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Ҳавошиносони тоҷик аз якбора паст шудани ҳарорати ҳаво дар рӯзҳои истироҳатӣ дар саросари Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд.
Тибқи иттилои ҳавошиносон, рӯзҳои 13-14 март бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сарду намнок дар ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Хатлон, ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои доманакӯҳи вилояти Суғд ба амал омадани бориши бошиддат дар назар аст.
Дождь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Ҳушдори КҲФ аз бориши борони шадид ва барфи тар дар Тоҷикистон
Дар ин бора аз Ожонси ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ду рӯзи иистироҳатӣ, дар ноҳияҳои алоҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон бориши пуршиддат пешгӯӣ шуда, дар бештари ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ 14 март борон ба барф мубаддал мегардад.
Ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ шамол аз самти ғарб бо шиддати то 17-22 ва дар баъзе ҳолатҳо то 20-25 метр дар як сония мевазад. 14 март дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳи ҷумҳурӣ ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 12-15 дараҷа паст шуда, дар баъзе ноҳияҳо меғ мефарояд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.
"Дар ағбаҳо яхбандӣ дар назар аст. 14 март бо сабаби якбора паст шудани ҳарорат дар бештари ноҳияҳои ҷумуҳурӣ эҳтимоли зиён дидан ва қисман нобудшавии зироати кишоварзӣ, гулҳои ороишӣ, муғҷа  ва гулҳои дарахтони мевадиҳанда пешгӯӣ шуда, чаронидани чорво дар чарогоҳҳои зимистона мушкилӣ пеш меорад", - омадааст дар хабарнома.
Инчунин аз 12 то 15 март дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ фаромадани тарма ва дар ноҳияҳои водигӣ ва доманакӯҳи вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаромадани сел дар назар аст.
Манбаъ афзуда, ки дар ин рӯзҳо дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда ва дарёҳои Обихингоб, Қизилсӯ, Ёхсӯ баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.
Ҳушдори КҲФ аз тармафароӣ дар Тоҷикистон: рӯйхати ҷойҳои хатарнок
Дар ин росто, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки бехатарии шахсиро риоя намуда, дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба назди дарёҳо, соҳили рӯд ва сайри кӯҳу дара худдорӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0