Хотираҳои маликаи Бритониё аз мулоқот бо Юрий Гагарин

© AFP 2023 / Heathcliff O'Malley/Pool Королева Великобритании Елизавета II
Королева Великобритании Елизавета II - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2021
Обуна шудан
Гагарин моҳи июли соли 1961 ба Бритониёи Кабир рафта буд. Вай бо ходимони ҷамъиятӣ ва сиёсӣ мулоқот кард ва инчунин меҳмони фахрии зиёфат дар Қасри Букингем буд
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Маликаи Бритониёи Кабир Елизаветаи II хотираҳои худро дар бораи мулоқот бо кайҳоннаварди шӯравӣ Юрий Гагарин, ки 60 сол пеш дар Лондон баргузор шуда буд, нақл кард.
Вай дар ин бора ба иштирокчиёни форуми онлайнии илмӣ, ки сабти он дар канали расмии YouTube-и Қасри Букингем нашр шудааст, нақл кард, менависад "Известия".
"Вай мафтункунанда буд. Ва ман фикр мекунам, далели аввалин кайҳоннавард будани ӯ, ӯро чунин мекард",- гуфт Элизабет.
Малика инчунин гуфт, ки ҳангоми мулоқот Гагарин ба забони англисӣ ҳарф намезад ва зимни посух ба суол ки ӯ чӣ гуна буд, вай бо табассум ҷавоб дод: "Вай рус буд".
Халабон, кайҳоннаварди СССР Юрий Алексеевич гагарин бо як даста гули бобуна - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2019
Ҷозибаи кайҳонӣ: 15 лаҳзаи лабханди Юрий Гагарин
Элизавета дар бораи таассуроти худ аз мулоқот бо кайҳоннавард, зимни посух ба саволи кайҳоншинос ва ходими илмии фахрии коллеҷи донишгоҳи Лондон Мэгги Адерин-Покок, нақл кард. Вай дар навбати худ иқрор шуд, ки Гагарин дар интихоби касби ояндаи ӯ нақши калон дорад, зеро онҳо дар як рӯз, 9 март таваллуд шудаанд.
Сафари Юрий Гагарин ба Бритониёи Кабир рӯзҳои 11-15 июли соли 1961 сурат гирифт. Вай бо ходимони маъруфи ҷамъиятӣ ва сиёсӣ мулоқот кард ва инчунин меҳмони фахрӣ дар зиёфати Қасри Букингем буд.
12 апрели соли 1961 кайҳонаварди шӯравӣ Юрий Гагарин бо киштии кайҳонии Восток-1 аз космодроми Байконур парвоз кард ва дар ҷаҳон аввалин шуда дар атрофи сайёраи Замин парвоз кард. Парвоз 1 соату 48 дақиқа давом кард.
Лентаи хабарҳо
0