Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Блогери машҳури рус сабаби интихоб шудани Манижаро гуфт

© Скриншот видео с Yotube-канала Руслана УсачеваРоссийский блогер Руслан Усачев
Российский блогер Руслан Усачев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2021
Обуна шудан
Блогери машҳуи рус Руслан Усачёв шарҳ дод, ки чаро мазҳ Манижа сазовори намоянда шудан аз Русия дар Евровидение аст
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Блогери рус Руслан Усачёв, ки дар шабакаи Youtube миллионҳо бинанда дорад, дар дайджести ҳафтаинаи худ мавзӯи Евровидение ва Манижа Сангинро баррасӣ кард.
Музыкант, актер, солист и лидер группы Несчастный случай Алексей Кортнев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
"Ришу мӯйлаб монад": Кортнев гуфт Манижа бояд дар саҳна "чӣ гуна" бошад
Наворро ӯ аз маҳкуми мунаққидон, оғоз кард, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ далели зодаи Тоҷикистон будану тобиши феминистӣ доштани сурудро танқид мекунанд.
Вай диққатро ба он ҷалб кард, ки ҳама гуна ғавғо дар атрофи сароянда танҳо ба фоидаи Шабакаи якум аст, ки сарояндаҳоро барои озмун интихоб мекунад.
Истиқболи гарми Худоназаров аз Манижа: ҳамчун тоҷик ифтихор дорам ва мухлисияш мекунам
Руслан Усачёв тавзеҳ дод, ки Манижаро тамошобинон барои он интихоб карданд, ки ду иштирокчии дигар умуман бесалиқа буданд.
"Дар пасманзари онҳо, Манижа хеле дурахшон ба назар мерасид. Суруди феминистӣ дар рӯзи 8 март, садои гуворо, суруд, ки забонҳо ва жанрҳои мухталифро омезиш медиҳад ва образи рангоранг", - гуфт блогер.
Ӯ ҳамчунин аз омезиши жанрҳо дар суруд истиқбол карду ба забони русӣ будани бештари қисматҳои онро аз нуқсони он хонд.
"Суруд ҷолиб аст, зеро Манижа садои халқиро бо овози муосири Ғарб ба таври хеле аслӣ омезиш медиҳад. Бароям гӯш кардани чунин суруд дар плеер душвор аст, аммо барои Евровидение кор карда метавонад. Аз тарафи дигар, суруд тақрибан ҳама ба забони русӣ аст, ки барои ин озмун минуси ҷиддӣ хоҳад буд", - иброз дошт Усачёв.
"Ман шарм доштам": Дима Билан Манижаро дастгирӣ кард
Блогер афзуд, ки дар воқеъ мехоҳад версияи худи суруд ва видеоро бубинад, чун дар студияи шабакаи аввал овоз хеле заиф ба гӯш мерасад.
Лентаи хабарҳо
0