https://sputnik.tj/20210314/Kortnev-Manizha-sana-chi-guna-1032998728.html
"Ришу мӯйлаб монад": Кортнев гуфт Манижа бояд дар саҳна "чӣ гуна" бошад
"Ришу мӯйлаб монад": Кортнев гуфт Манижа бояд дар саҳна "чӣ гуна" бошад
Sputnik Тоҷикистон
Дар посух ба изҳороти Кумитаи фарҳанги Думаи давлатӣ дар бораи консервативӣ будани суруди Манижа барои Eurovision-2021, навозандаи маъруф якчанд роҳи муосиртар... 14.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-14T15:06+0500
2021-03-14T15:06+0500
2021-04-12T14:33+0500
ҳамаи хабарҳо
дар русия
манижа сангин
саҳна
риш
евровидение - 2021: зодаи тоҷикистон, намояндаи русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0e/1032998580_0:217:2978:1901_1920x0_80_0_0_c7641da15f4274b04f8f5564901055ab.jpg
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Мусиқачӣ, ҳунарманд, солист ва раҳбари гурӯҳи "Несчатный случаи" (Ҳодисаи нохуш) Алексей Кортнев дар мусоҳиба бо шабакаи НСН, ҳунарнамоии Манижа Сангинро арзёбӣ кард.Сарояндаи русиягӣ аз он щайрон буд, ки раҳбари кумитаи фарҳанги Думаи Давлатии Русия Елена Ямполская, ки худ намояндаи барыастаи консерватизм ҳаст ва бо ҳама гуна навгониҳои муосир мубориза мебарад, суруди Russian woman - ро беҳад консервативӣ хонд.Истиқболи гарми Худоназаров аз Манижа: ҳамчун тоҷик ифтихор дорам ва мухлисияш мекунамКортнев ба таври тамасхуромез гуфт, ки чӣ гуна мешавад ҳунарнамоии Манижаро замонавӣ кард.Ёдовар мешавем, ки нахустнамоиши суруди Манижа Сангин "Зани рус" рӯзи 8 март дар эфири Шабакаи аввал баргузор шуд.Ва рӯзи дигар, он мавзӯи баҳсҳо ва ихтилофҳо шуд: бисёре аз шабакаҳои интернетӣ ва шахсиятҳои маъруф, сароянда, симо ва худи сурудро танқид карданд.Манижа бо болопӯш ва рӯймоле, ки дар сараш баста буд, ба саҳна баромад.Юлия Савичева: Манижа тамоми имкони пирӯз шудан дар Евровидение-2021-ро дорадТарона дар худ щам калимащои русь ва щам суханон ба забони англисиро дорад.Матни таронаро Манижа соли 2020, зимни сафари ҳунарӣ ба Тел-Авив эҷод кардааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0e/1032998580_0:123:2978:1995_1920x0_80_0_0_1838935c117119f4200e2add632d7586.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар русия, манижа сангин, саҳна, риш
ҳамаи хабарҳо, дар русия, манижа сангин, саҳна, риш
"Ришу мӯйлаб монад": Кортнев гуфт Манижа бояд дар саҳна "чӣ гуна" бошад
15:06 14.03.2021 (Навсозишуда: 14:33 12.04.2021) Дар посух ба изҳороти Кумитаи фарҳанги Думаи давлатӣ дар бораи консервативӣ будани суруди Манижа барои Eurovision-2021, навозандаи маъруф якчанд роҳи муосиртар кардани саҳнаро пешниҳод кард
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Мусиқачӣ, ҳунарманд, солист ва раҳбари гурӯҳи "Несчатный случаи" (Ҳодисаи нохуш) Алексей Кортнев дар мусоҳиба бо шабакаи НСН, ҳунарнамоии Манижа Сангинро арзёбӣ кард.
Сарояндаи русиягӣ аз он щайрон буд, ки раҳбари кумитаи фарҳанги Думаи Давлатии Русия Елена Ямполская, ки худ намояндаи барыастаи консерватизм ҳаст ва бо ҳама гуна навгониҳои муосир мубориза мебарад, суруди Russian woman - ро беҳад консервативӣ хонд.
Кортнев ба таври тамасхуромез гуфт, ки чӣ гуна мешавад ҳунарнамоии Манижаро замонавӣ кард.
"Масалан, Манижа метавонад ришу мӯйлаб часпонад, костюмашро рӯшантар бо буриш аз қафо оро диҳад", - шӯхӣ кард раҳбари гурӯҳ.
Ёдовар мешавем, ки нахустнамоиши суруди Манижа Сангин "Зани рус" рӯзи 8 март дар эфири Шабакаи аввал баргузор шуд.
Ва рӯзи дигар, он мавзӯи баҳсҳо ва ихтилофҳо шуд: бисёре аз шабакаҳои интернетӣ ва шахсиятҳои маъруф, сароянда, симо ва худи сурудро танқид карданд.
Манижа бо болопӯш ва рӯймоле, ки дар сараш баста буд, ба саҳна баромад.
Тарона дар худ щам калимащои русь ва щам суханон ба забони англисиро дорад.
Матни таронаро Манижа соли 2020, зимни сафари ҳунарӣ ба Тел-Авив эҷод кардааст.