"Дар хоб Президентро дидам": таъбири хобҳо аз Шӯрои уламо

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкПредседатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото
Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
Обуна шудан
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон хобҳоро, ки яке Президентро дидаасту дигаре ҳукми қатл гирифтааст, сеюмӣ ба ғор афтидааст ва чорумӣ падари фавтидаашро дидор кардааст, таъбир намуд
ДУШАНБЕ, 13 мар— Sputnik. Сомон, як корбари сомонаи Шӯрои уламо навиштааст, дар хобаш президентро дид, ки аз пешаш мегузашт ва таъбири ин хобашро аз уламои Шӯро пурсидааст.
Свадебная церемония, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2019
Ангуштарӣ дар хоб, издивоҷ дар бедорӣ: таъбири Шӯрои уламо ба Алишеру Абдуллоҳ
“Бародари азиз, дар хоб дидани султон нишонаи хайру баракат аст, хоби шумо иншоаллоҳ нек аст”, - посух додааст Шӯрои уламо.
Бунёд корбари дигаре навиштааст, “дар хоб дидам, ки маро ҳукми қатл доданд, аммо қатл нашудам”. Таъбираш чист, суол кардааст ӯ.
Шӯрои уламо посух додааст, ки ин хоби шумо хайру башорат аст, иншоаллоҳ тавфиқи тавба ба шумо муяссар мегардад.
Фаррух, муроҷиаткунандаи дигар падарашро хоб дидаст, ки як сол пеш вафот кардаст. Ӯро дар хоб дидам, ки зинда аст ва ман аз хурсандӣ гиря мекунам, таъбираш чӣ бошад, суол кардааст Фаррух.
“Бародари азиз, хоби шумо иншоаллоҳ хайр аст ва ба осудахотир будани рӯҳи падаратон далолат дорад”, - таъкид кардааст Шӯро дар посух.
Сабур навиштааст, ки дар хоб ба ғоре афтида истода буд, ки чанд нафар аз боло нигоҳ доранд, вале кумак намекунанд.
Пул ёфтан дар хоб чӣ маъно дорад? шарҳи Шӯрои уламои Тоҷикистон
“Яке аз онҳо дасташро дароз кард, хостам, ки дасташро бидорам, аммо бедор шудам. Лутфан ҷавобашро гӯед”, - хостааст Сабур.
Шӯрои уламои Тоҷикистон посух додааст, ки бародари азиз, ҳар хобе эҳтимоли рост ё дурӯғро дорад. Бинобар ин, шумо аз ин хоб мушавваш набошед, агар тавонед, ба ягон шахсе садақа диҳед, иншоаллоҳ хайр аст, тавсия додаанд уламо ба Сабур.
Лентаи хабарҳо
0