Ангуштарӣ дар хоб, издивоҷ дар бедорӣ: таъбири Шӯрои уламо ба Алишеру Абдуллоҳ

CC0 / Pixabay / Свадебная церемония, архивное фото
Свадебная церемония, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, дидани ангуштарин дар хоб аз издивоҷ дар бедорӣ ё гирифтани мақоме далолат мекунад

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Алишер, як корбари сомонаи Шӯрои уламо дар саҳифаи ин ниҳод навиштааст, ки дар хоб ба ӯ ангуштарин додаанд ва таъбири ин хобашро суол кардааст.

Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рӯсиёҳи дунёву охират: посухи Шӯрои уламо ба саволи Сорбон

“Бародари азиз, дидани ангуштарин дар хоб ба издивоҷ кардан ё ноил шудан ба ҷойгоҳе далолат мекунад”, - посух додааст Шӯрои уламо.

Ба хобдидаи дигар, ки худро Абдуллоҳ муаррифӣ кардаасту ангуштарин хоб дидааст,  Шӯрои уламо посух додааст, ки баракотро интизор бошад.

“Ман дар хоб дидам, ки бо номзадам тўй дорем ва ба якдигар ангуштарин гузаронидем. Ин хоб чӣ таъбир дорад”, - суол кардааст Абдуллоҳ.

Шӯрои уламо посух додааст, ки “ин хоби шумо хайру башорат аст, иншоаллоҳ шумо ба орзуи худ мерасед”.

Суоли дигаре, ки унвонии Шӯрои уламо фиристода шудааст, ин аст, ки “Ислом дар бораи ишқ ва ошиқон чӣ мегӯяд?”

Шӯро ҷавоб гуфтааст, ки “дини Ислом муносибати номашруъро бо номаҳрам ҳаром қарор додааст, аммо ишқу муҳаббат байни зану шавҳар сабаби хайру баракату саодати хонадон ва комёбӣ дар тарбияи фарзандон мебошад”.

Лентаи хабарҳо
0